logo

сафарҳо

Сарвари давлат ба Рашт ташриф овард

25 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ба истифода супурдани як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави хобгоҳи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятимро бо буридани лентаи рамзӣ расман ба истифода супурд.
Бинои хобгоҳ барои 200 нафар пешбинӣ шуда, он бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бунёд шудааст. Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити хобгоҳи мактаб - интернат баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулон дастуру ҳидоят дод.
Дар мактаб-интернати мазкур зиёда аз 250 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора 145 нафар падар ё модар надоранд ва 6 нафар ятими кул мебошад.
Президенти мамлакат ба сарпарасти ин мактаб – интернат дастуру ҳидоят дод, ки то моҳи ноябри соли равон ҳамаи тарбиятгирандагони муассисаи таълимиро бо либосҳои гарми зимистона таъмин намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба 6 нафар ятими кул дар бонк суратҳисоб кушоянд.
Сарвари давлат мураббиёну омӯзгоронро ҳидоят намуд, ки бо тарбиятгирандагон мисли фарзанди хеш муносибат карда, ба таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намоянд.
Президенти мамлакат ба масъулон дастур дод, ки роҳи маҳаллии шаҳраки Навободро мумфарш намоянд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Навобод ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт мавриди истифода қарор гирифт.
Шуъбаи корҳои дохилӣ ду- ошёна буда, дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, толори хурди варзишӣ, ошхона ва хонаҳои махсус мебошад. Минбаъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шароити арзанда фаъолияти босамар хоҳанд намуд.
Сипас Президенти мамлакат дар қисми низомии «Н»-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити хизматии афсарону сарбозон шинос гардид. Сарвари давлат зимни суҳбати озоду самимӣ афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ҳидоят намуд.
Қисми ҳарбии мазкур яке аз воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, лавозимоту муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои махсуси муосир таъмин шудааст. Намунаи бештари ин воситаҳои муосири техникӣ, ки барои воҳидҳои махсус пешбинӣ шудаанд, дар саҳни қисми ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар муддати як сол бо ёриву дастгирии Сарвари давлат бинои асосии қисми ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои маишиву фароғатӣ, хобгоҳу ошхонаи сарбозон ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.13    №: 126    Мутолиа карданд: 1972
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед