logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг

29 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон додан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф овард.
Иштирок дар оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, мавриди истифода қарор додани Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 120 нафар, ифтитоҳи мактаб-интернат барои 320 хонанда ва як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин мулоқоту суҳбатҳо бо мардуми касбу кори гуногун аз бандҳои асосии барномаи сафари корӣ ба ин ноҳияи кӯҳистон мебошад.

Ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд
Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг бо иштирок дар ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд оғоз ёфт.
Марказ дар заминаи собиқ мактаб бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ барои таълиму тарбияи кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ омода гардидааст.
Дар ин ҷо барои таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии кӯдакон тамоми шароити барои онҳо махсус омода гардидааст. Дар ин ҷо асосан кӯдакони синни томактабӣ барои шомил шудан ба мактабҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ омода карда мешаванд.
Муассиса бо мадади молиявии созмони ҷамъиятии «Миссияи Шарқ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсис шудааст, омода гардида, барои 120 нафар кӯдакони дорои имконоти маҳдуд пешбинӣ шудааст.
Созмони «Миссияи Шарқ» чунин корҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Муъминобод, Шӯрообод низ бо харҷи беш аз 350 ҳазор евро амалӣ менамояд.
Зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои наздик ба ҳар яки онҳо либоси зимистона, бозичаҳо, шириниҳо ва ҳар гуна хӯроки иловагӣ дастрас намоянд.

Бинои нави «Агроинвестбонк» фаъол шуд
Дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали бонки са-ҳомии «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт ва 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон ба роҳбарияти бонк дастур дод, ки маоши кормандон аз 1200 сомонӣ кам набошад.
Филиали «Агроинвестбонк» то имрӯз ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба мизоҷон қарз додааст ва беш аз 76%-и қарзҳо ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Ҳоло сандуқи қарзии филиал қариб 5 миллион сомонӣ маблағ дорад. Шумораи умумии мизоҷони он1135 нафар будааст.

Ҷашни дастаҷамъона дар оилаҳои ниёзманд
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашни арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Ховалинг иштирок намуд.
Маросим дар пайравӣ ба даъватҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои башардӯстонаю хайрхоҳона аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи ноҳия барои 20 ҷуфти ҷавони навхонадорон ва 70 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд барпо шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозони ин маросими хайрия арзи сипос карда, наздикону пайвандони навхонадорон ва писарчаҳои хатнашавандаро бо ин рӯйдоди пурфараҳи рӯзгорашон табрику таҳният гуфт.
Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти навхонадорон ва писарчаҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ҳамчунин ба 23 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонони донишҷӯй, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, ёрии моддӣ расонда шуд. Аз ҷумла, ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва яктоӣ планшет барои аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ  ва кор бурдани он дар рӯзгорашон тақдим шуд.

Навсозии роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг оғоз меёбад
Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ховалинг иштирок дар маросими тантанавии оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг мебошад.
Зимни шиносоӣ бо нақшаи навсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи  беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа роҳи Восеъ - Ховалинг, бояд ҳамчунин бо сифати баланд ба шоҳроҳи Кӯлоб ва роҳи Ховалинг-Балҷувон пайваст карда шавад.
Зимни суханронӣ дар назди мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози навсозии ин роҳ табрику таҳният гуфта, ба роҳсозон дастур дод, ки корҳои навсозиро бо сифати баланди байналмилалӣ анҷом диҳанд.

Корхонаи заргарӣ дар деҳоти Шугноб
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз маркази ноҳияи Ховалинг ба Ҷамоати деҳоти Шугноб ташриф оварда, нахуст дар маросими ифтитоҳи як корхонаи заргарӣ иштирок намуд.
Корхона бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он 30 нафар ба кори заргарӣ ҷалб шудаанд. Ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 60 нафар расонда мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хайрхоҳона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки акнун як ҳисса аз тиллою нуқраи аълосифати Шугнов дар худи ҳамин маҳал коркард шуда, чун маҳсулоти тайёри ниҳоӣ ба бозор пешниҳод мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки коркарди тиллою нуқра ва дигар маъданҳою сангҳои гаронарзиши Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар васеъ ба роҳ монда шавад. “Ин кор имкон медиҳад, ки боз садҳо ва ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар афзун шавад”, таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки коркарди тиллою нуқра бо навтарин технологияи муосир ба роҳ монда шавад, то маҳсулоти тайёри заргарии мо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

Хонандагон соҳиби мактаб-интернат гардиданд
Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳаш ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мактаб-интернат бо 15 синфхона барои 320 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. 4 синфхонаи он барои фанҳои дақиқ ва дарсҳои компютерӣ махсус гардонда шуда, 6 синфхона дорои тахтаи электронӣ мебошад.
Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон ба ин ҷо омӯзгорони кордону соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд. Омӯзгорон бо моҳонаи 2 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва хӯроки бепул таъмин мебошанд. Маоши роҳбари мактаб 2,5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
Хобгоҳи мактаб-интернат дорои 320 ҷойи хоб ва шароити хуби зисту дарстайёркунӣ мебошад. Аз ин хотир дар ин мактаб як гурӯҳ хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ таҳсил мекунанд.
Мактаб дорои толорҳои барҳавои маҷлисӣ, варзишӣ, майдони варзишӣ ва ошхонаи зебою муҷаҳҳаз мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва таҷҳизоти мактаб баҳои баланд дода, ба роҳбарияти корхонаи заршӯии  «Одина»  арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, ҳам лоиҳакашӣ ва ҳам сохтмони биноҳои мактаб аз ҷониби мутахассисони худи ҳамин корхона анҷом дода шудаанд.
Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки расо ду сол пеш ба субъектҳои хоҷагидори ин ҷамоат, аз ҷумла ба корхонаҳои заршӯии «Одина», «Союз-Зар»  ва «Ганҷ» барои бунёди мактаб-интернат ва ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Шугноб, Сангдара ва Зелолак супориши мушаххас дода шуда буд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи иҷрои ин супоришҳо дар Ҷамоати деҳоти Шугноб аз ҷониби корхонаи заршӯии «Одина» сохтмони мактаб - интернат, коргоҳҳои нонпазию заргарӣ бо 30 ҷойи корӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти кишоварзӣ, дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ пурра ба анҷом расонда шуд. Инчунин сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Зелолак аз ҷониби корхонаи заршӯии  «Помир» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, бунёди мактаб барои синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Сурхо бо маблағгузории корхонаи  «Ганҷ» пурра ба анҷом расидааст. Ба Вазорати энергетика ва саноат ва корхонаи «Союз-Зар» дастур дода шуд, ки сохтмони кашолёфтаи мактаби деҳаи Сангдараро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.

Корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар Шугноб
Дар Ҷамоати деҳоти Шугноб як нонпазхона, корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дӯзандагӣ ба истифода дода шуданд.
Дар коргоҳи нонпазӣ дар як шабонарӯз аз 150 кг орд маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда мешавад. Ин коргоҳ барои қонеъ гардондани талаботи мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ин мавзеъ, аз ҷумла заршӯён пешбинӣ шудааст.
Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш аз 25-30 намуд гиёҳҳои ин мавзеи биҳиштосо навъҳои гуногуни доруворӣ истеҳсол мешаванд. Дастгоҳи бастубанди доруворӣ бо арзиши 250 ҳазор доллари амрикоӣ дастрас гардидааст.
Дар ин ҷо 30 нафар мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ машғуланд.
Зимни ифтитоҳи корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, аз ҷумла аён гардид, ки дар он 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Дар ин корхона дӯхти либоси мактабӣ, коргарӣ, тиббӣ, арӯсӣ ва дигар либосвории мардонаю занона ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки як корхонаи алоҳидаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва ҳамаи шароити зарурӣ бунёд намоянд, то ки талаботи ин маҳалро пурра қонеъ гардонанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги созандагии корхонаи заршӯии «Одина»-ро, ки дар зарфи 2 соли охир бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ мактаб-интернати муосир ва коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ бо зиёда аз 100 ҷойи корӣ бунёд намудааст, намунаи олии ватандорию ватандӯстӣ ва савобҷӯӣ номида, фаъолияти пурсамари ин соҳибкорони баору номусро ҳамчунин намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони кишвар маънӣ дод.

Зиёрати оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ
29 сентябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қараниро зиёрат намуд.
Бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои пойдории оромию осоиши Тоҷикистони азиз ва рифоҳи мардуми шарифи кишвар дуою фотиҳаи наку карданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ду бинои якошёнаи сеҳуҷрагӣ, ки чун меҳмонхона барои қабули зиёраткунандагон бунёд ёфтааст, шинос шуда, барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани ин мавзеъ супоришҳои судманд дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири будубоши шабонарӯзӣ ва истироҳату фароғат бунёд намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.13    №: 127-128    Мутолиа карданд: 2192
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед