logo

сафарҳо

Анҷоми сафар дар минтақаи Рашт

Оғози сохтмони Коллеҷи
муҳандисӣ – техникии Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт субҳи 27 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, шаҳраки Дарбанд, нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Коллеҷи муҳандисӣ – техникӣ оғози расмӣ бахшид.
Масоҳати ин муассисаи таълимӣ 3,7 гектар мебошад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи Колеҷи муҳандисӣ – техникӣ Президенти мамлакат ба масъулин супориш дод, ки шумораи ҷойҳои нишастро дар биноҳои таълимӣ ба 640 расонанд ва бунёди хобгоҳро барои 500 нафар ба роҳ монанд.
Дар заминаи ин муассисаи касбомӯзӣ иморатҳои иловагӣ, аз ҷумла ошхонаву маҷлисгоҳ, толори варзиш  ва таълимӣ сохта шуда, дар он бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурӣ, китобхона бо ҳуҷраҳои корӣ ва хазинаи китоб, синфхонаҳои таълими забонҳои хориҷӣ ва 3 синфхона ва озмоишгоҳҳои илмию техникӣ низ бунёд мегарданд.
Бинои ҷамъиятӣ аз 2 ошёна, ошхона барои 400 ҷой, 2 толори маҷлисӣ, ҳуҷраҳои алоҳидаи санитарӣ, ҳаммом, хонаҳои либоспӯшии мардона ва занона, толори фитнес бо 3 даромадгоҳи алоҳида сохта  мешавад.
Сарвари давлат бунёди Коллеҷи муҳандисӣ техникиро идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод маънидод кард.

Бинои нави Раёсати молия қомат афрохт
Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияи ноҳияи Нуробод мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои раёсат дорои 11 ҳуҷраи замонавии кории муҷаҳҳаз бо техникаву дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.
Дар саҳни он аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар кӯдакони яктим ва аз оилаҳои ниёзманд ёрӣ расонида шуд. Сарвари давлат бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба аз худ кардани донишҳои замонавӣ ҳидоят кард.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
Дар ноҳияи Нуробод Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд ва бо хоҷагидорон суҳбат карда, онҳоро барои фаъолияти бо самар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд.
Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази савдои Сиёвуш, ки аз ҷониби соҳибкори шаҳраки Дарбанд Сайфиддин Убайдов бунёд шудааст, ба истифода супурда шуд.
Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағозаи хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор ва як дорухона бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи дувум толори барҳавои дӯзандагӣ ҷой гирифтааст, ки дар он беш аз 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани маркази савдо 25 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Чеварон дар навбати аввал ба духтани либосҳои мактабӣ машғул хоҳанд шуд.

Мулоқот бо фаъолон
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони Нуробод мулоқот намуда, дастовардҳои ноҳия ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод
Аз ҷумла таъкид намуд, ки бо мақсади таъмин кардани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 356 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Инчунин дар доираи амалисозии чор лоиҳаи сармоягузории баанҷомрасида дар соҳаи маориф ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, се лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву роҳсозӣ ва рушди кишоварзӣ, ки татбиқи онҳо идома дорад, беш аз 124 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Зикр гашт, ки барои суръат бахшидан ба корҳои ободонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017» қабул гардида, тибқи он анҷом додани як силсила чорабиниҳои созандаи навбатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, дар доираи татбиқи амалии барномаи мазкур сохтмони 18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, мактаб-интернат ва коллеҷи муҳандисиву техникӣ, иншооти обу корези ноҳия, толори маҷлисгоҳ, боғ ва кохи фарҳанг, китобхона, инчунин толору майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои мардум посухҳои мушаххас дод.

Шуъбаи корҳои дохилии Тавилдара соҳиби бинои нав шуд
Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин 27 сентябр ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Бинои мазкур аз 2 ошёна ва таҳҳона иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сол ба сол шароити моддию техникии шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтар гардида, амалӣ кардани ин тадбир барои фаъолияти пурсамари кормандони соҳа мусоидат мекунад.
Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ ва 1 маҷлисгоҳ буда, бо тарҳи муосири санъати меъморӣ бунёд ёфтааст.
Президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастур дод, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандӣ ва масъулияти баланд нишон диҳанд.

Варзишгоҳе дар канори рӯди Хингоб
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ифтитоҳи расмӣ бахшид. Ин варзишгоҳ дар канори руди Хингоб дар масоҳати 2 ҳазору 584 метри муррабаъ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз ин иншоот ва суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки дастовардҳои варзишии ҷавонони ноҳия бояд беҳтар шавад.
Варзишгоҳ бо маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои қариб 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангию маърифатӣ мувофиқ аст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Умед» ба анҷом расонида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ба тарбияи варзишгарони касбӣ диққати махсус диҳанд.
Ҳоло дар ноҳияи Тавилдара 258 варзишгари касбӣ ба машқ машғул аст, бо бунёд ёфтани варзишгоҳи нав шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд.

Оилаи занбӯри асал ба 11800 адад расид
Дар маркази ноҳияи Тавилдара аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳангоми шиносоӣ аз ин намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварди меҳнатии кишоварзон дар самти истеҳсоли картошка баҳои баланд дод.
Деҳқонони ноҳия дар майдони 667 гектар навъҳои беҳтарини картошка кишт намуданд, ки ҳосилнокӣ аз 1 гектар 500 сентнерро ташкил кард.
Сарвари давлат бо кишоварзони ноҳия суҳбат намуда, доир ба афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани боғҳои мевадиҳанда, инчунин рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ ҳидоятҳо дод.
Алҳол дар ноҳия 11 ҳазору 800 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.

Кохи фарҳанг оғӯш кушод
Дар маркази ноҳияи Тавилдара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Кохи фарҳангро ба истифода супурд. Пас аз буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои муҳайёгашта дар иншооти мазкур шинос шуд.
Кохи фарҳанг аз ду ошёна ва таҳхонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст мебошад, ки ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатӣ пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Наҷҷор» дар давоми 2 сол бо харҷи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар ошёнаи якуми он китобхонаи марказии ноҳия низ ҷой гирифтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди Кохи фарҳангро барои пешрафти фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанги  ноҳияи дурдаст муҳим арзёбӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Кохи фарҳанг бо фаъолони ноҳияи Тавилдара мулоқот анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ин гӯшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинон кӯчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.
Дар солҳои истиқлолият, махсусан аз соли 1995 инҷониб аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия 118 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб 107 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сокинон суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, барои фаъолияти минбаъда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.13    №: 127-128.    Мутолиа карданд: 2067
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед