logo

барқияҳо

1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Муҳтарам ҷаноби Раис,
Табрикоти гарму самимии маро ба муносибати 64 - умин солгарди Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.
Дар Тоҷикистон бо фараҳмандии хоса аз дастовардҳои назарраси Чини дӯст, эътибори афзуни он дар сатҳи байналмилалӣ ва имкониятҳои минбаъдаи он дар масири пешрафту рифоҳ ёдоварӣ мекунанд.
Кишварҳои моро анъанаҳои дӯстиву ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз тӯли қарнҳо маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд. Дар давраи муосир миёни Тоҷикистону Чин дар шароити рушди мустақил таҷрибаи қавӣ ва захираҳои мусоиде барои беҳбуди бештари равобити бисёрҷонибаи ду кишвар фароҳам гардидаанд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки равобити миёни ду кишвар, ки дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтааст, пайваста рушду густариш меёбад. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Чин ва ҷараёни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию гуманитарии миёни ду кишвар баҳои баланд медиҳад.
Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои мо муҳим аст, зеро он боиси тавсеаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа мебошад.
Ман аз натоиҷи вохӯриҳои зиёд бо Шумо ниҳоят қаноатмандам. Баҳори имсол сафари давлатии ман ба кишвари Шумо бо муваффақият ба анҷом расида, дар баробари мусоидат дар самти ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни ду кишвар, инчунин дар равобити дуҷонибаи миёни кишварҳоямон сатҳу сифати тоза бахшид. Ба имзо расидани эъломияи муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории стратегӣ далели ин гуфтаҳо аст.
Мо ба роҳбарияти Чин барои дастгирии пайваста, пеш аз ҳама дар татбиқи бузургтарин барномаҳои ҳаётан муҳим дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт арзи сипос менамоем.
Мо аз касби ин таҷрибаи арзишманд ниҳоят шодем ва умедворем, ки он минбаъд низ такомул хоҳад ёфт. Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Чин манфиатдор буда, ҷонибдори равобити амиқи судманд ба нафъи ҳар ду мардуми кишвар мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Раис, сиҳатии бардавом, ба кишвари ҳамшарики мо - Чин дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти он пешрафту рифоҳро таманно намоям".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.13    №: 130    Мутолиа карданд: 3464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед