logo

сафарҳо

Сарвари давлат нақби «Хатлон»-ро ифтитоҳ кард

Субҳи 1 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуд. Аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самти даромад ба нақб ва дар дохили он ва ҳамчунин кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ, ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.
Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад, бо буридани лентаи рамзӣ ва дуою фотиҳаи наку ифтитоҳ ёфт. Нахустин шуда, аз  дохили он қатори мошинҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз шимол ба ҷануб убур намуда, аз оғози мавриди истифодаи умум қарор гирифтани он башорат доданд.
Нақб бо роҳҳои аз шимолу ҷануб ба он пайвастшаванда бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ бо сифати баланди сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфтааст. Дар якҷоягӣ бо роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара, ки қитъае аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-сарҳади Чин мебошад, беш аз 630 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Бояд гуфт, ки то имрӯз бо ин иншооти муҳими нақлиётӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Ғайр аз ин, дар ин муддат зиёда аз 1700 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиву маҳаллӣ бо 200 пули хурду бузург ва даҳҳо километр долонҳои зиддитармавӣ сохта ва навсозӣ шуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии тантанавӣ дар шаҳри Норак, ки дар ҳузури мардуми зиёд, аз ҷумла намояндагони аҳли зиёи кишвар сурат гирифт, ифтитоҳи ин иншооти бузурги нақлиётиро ба кулли сокинони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Акнун масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд.
Бехатарии ҳаракати мошинҳо дар ин қитъаи кӯҳии роҳ хеле беҳтар мегардад ва бояд боиси коҳиш ёфтани шумораи садамаҳои нохуши нақлиётӣ шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин нақби навбунёд ба хотири гиромидошти яке аз қадимтарин воҳидҳои ҷуғрофии сарзамини аҷдодиамон «Хатлон» номгузорӣ шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор бунёдкорони ин нақби мошингардро аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.
Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони сершумори мардуми кишвар маҳфили дилнишини пурсишу посух ва андешаронӣ баргузор гардид. Дар миёни мардум, намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори кишвар, аз ҷумла Гулназар Келдӣ, Бозор Собир, Кароматулло Мирзоев, Камол Насрулло ва Абдулҳамид Самадов ҳузур доштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.13    №: 130    Мутолиа карданд: 1984
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед