logo

илм

Тарғибгари ваҳдат ва ягонагии миллӣ

Сайфиддин Назарзода тарбиягирандаи хонаи бачагони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик мебошад.
Солҳои таҳсилаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тариқи Вазорати саноати нафти ИҶШС ба Афғонистон аз сентябри соли 1978 то сентябри 1979 сафари хидматӣ доштааст. Баъди хатми донишгоҳ солҳои 1980 - 1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС чун тарҷумон адои хидмат намуда, 1984-1985 ба сифати сарлаборанти кафедраи филологияи Эрони факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1985 - 1990 муҳаррири сарредаксияи гуфторҳои хориҷии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ кор кардааст. Як силсила барномаҳои таҳиякардаи ӯ дар бораи ашъори иҷтимоии Абулқосим Лоҳутӣ, Носеҳи Хатлонӣ, Муллоёри Ванҷӣ, гузоришҳои силсилавӣ аз ҳаёти мардуми Афғонистон ба захираи Радиои Тоҷикистон дохил шудаанд.
Баъдтар дар вазифаҳои корманди калони илмӣ ва котиби илмии Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва директори барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, иҷрокунанда, муовин ва раиси Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият дошт. Алҳол декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 1991 дар мавзӯи вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
С. Назарзода дар давоми фаъолияташ дар Кумитаи истилоҳот ва Институти забон ва адабиёт дар амалӣ намудани Қонуни забон кӯшиши зиёде ба харҷ дод ва то кунун ба идомаи ин кор дастовардҳои назаррасро ноил шудааст.
Ӯ дар таҳия, таҳрир ва чопи луғату фарҳангҳо, аз ҷумла  "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (дар ду ҷилд, мураттибон С. Назарзода ва дигарон, Душанбе, чопи аввал 2008 ва чопи дувум 2010) ва "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" (мураттибон Назарзода С. ва дигарон, ҷилди аввал, ҳарфи "А", Душанбе, 2011) ширкат намудааст.
Сайфиддин Назарзода барномаҳои илмиву таҳқиқотиро низ фаъолона анҷом медиҳад. Натиҷаи ин гуна фаъолиятҳо таҳияи асарҳои илмии "Аҷоиб-ул-махлуқот" ва вожашиносии таърихии форсӣ- тоҷикӣ" (1999, 210 с.), маҷмӯаи "Афғонистони имрӯз" (ба забони русӣ, 1988, қисми Қувваҳои Мусаллаҳ), "Забон ва истилоҳот" (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот, Душанбе, 2003, 148 с.), "Лингвистическое изучение классических письменных памятников" (Пажӯҳиши забони осори хаттии классикӣ, 2004, 333 с.), "Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ -  сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи XX" (2004, 303 с.), "Забон ва ваҳдати миллӣ" (2007, 120) ва дигар мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба табъ расида ва ширкат дар симпозиуми конференсияҳои илмӣ мебошад. Тайи ин муддат ӯ бештар аз 170 мақола ва асарҳои илмӣ навиштааст.
Дар Институти забон ва адабиёт ғайр аз роҳбари умумӣ ва фаъолияти созмондиҳии илмии ӯ роҳбари мавзӯи илмии "Фарҳанги русӣ - тоҷикӣ" ва таҳияи "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (дар ду ҷилд) ва аз соли 2009 роҳбари таҳияи "Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар 6 ҷилд) ва "Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ" буд. Таҳияи "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (тартибдиҳанда ва раиси ҳайати таҳририя) бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, моҳи сентябри соли 2008 ба анҷом расид ва ду ҷилди он дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1150 - солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чоп гардид. Мақолаҳову китобҳои илмии ӯ дар матбуоту маҷаллаҳои илмии Эрону Афғонистон ва Русияву Қазоқистон низ чоп шудааст. Ӯ бо мақолаҳову суханрониҳои хеш дар конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ илми тоҷик ва дастовардҳои онро тарғибу ташвиқ менамояд. Дар матбуоту радиову  телевизион доир ба масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ, меъёри забони адабӣ, татбиқи Қонуни забон назари хешро иброз намуда, дар тарғибу ташвиқи ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва маърифатшиносии мардуми тоҷик саҳми босазо мегузорад.
С. Назарзода дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда дошта, 17 нафар аспиранту унвонҷӯй таҳти роҳбарии ӯ машғули таҳияи рисолаҳои номзадӣ буда, 13 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ӯ дар баробари корҳои идориву созмонӣ бо рисолаҳои докториву номзадӣ доир ба забоншиносиву истилоҳотшиносӣ тақризҳо навишта, солҳои 2007-2011 раиси шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Ҳоло узви Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Заҳматҳои С.Назарзода бо нишон ва ифтихорномаҳо қадр шудаанд. Ин олими пуркор барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ мебошад.

А. АБДУҲАМИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.13    №: 130    Мутолиа карданд: 5665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед