logo

мулоқотҳо

Шиносоии Президент бо рафти сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии пойтахт

2 октябр, бегоҳии рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки бо ангишт кор хоҳад кард, ташриф оварда, бо рафти корҳо бевосита шинос шуд.
Кор барои сохтмону таҷҳизи ин корхонаи азими саноатӣ шабу рӯз ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулин, навбати якуми он бо иқтидори 50 мегаватт неруи барқ то охири ҳамин моҳ ба кор дароварда мешавад.
Навбати дуюмаш низ то моҳҳои феврал - марти соли 2014 бояд ба кор омода гардида, иқтидори барқтавлидкунии он ба 100 мегаватт мерасад. Оянда иқтидори ин марказ бо 4 агрегат ба 200 мегаватт хоҳад расид.
Навбати якуми маркази барқу гармидиҳии мазкур зимистони пешомад пурра кор карда, ғайр аз истеҳсоли неруи барқ метавонад то 1,3 миллион метри мураббаъро бо гармӣ таъмин намояд.
Ҳоло дар сохтмони ин марказ 1550 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Намояндаи роҳбарияти ширкати чинии "ТВЕА" изҳор дошт, ки онҳо "ба ҷалби ҳарчи бештари коргарон аз Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд, вале хоҳишмандон аз сокинони маҳаллӣ зиёд нестанд". Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳаҷми маоши бинокори оддӣ, ки 2500 сомониро ташкил медодааст, мутахассисону коргарони соҳаи сохтмони Тоҷикистонро ба кор даъват намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмон изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки марказ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд ба кор дароварда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.10.13    №: 131    Мутолиа карданд: 2350
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед