суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи "Тоҷиксемент", шаҳри Душанбе, 2 октябри соли 2013
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло мову шумо шоҳиди боз як дастоварди назаррас дар соҳаи саноати кишварамон, яъне баъди таҷдиду азнавсозӣ ба фаъолият оғоз кардани яке аз корхонаҳои стратегии кишварамон - корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе гардидем.
Корхонаи мазкур бо супориши Роҳбари давлат дар муҳлати кӯтоҳ бо технологияи муосир таҷҳизонида шуд ва тавре ки мебинед, имрӯз фаъолияти он бо истифода аз ангишти ватанӣ аз нав эҳё гардид.
Бинобар ин бо истифода аз фурсат ба коргарону мутахассисони ватаниву хориҷӣ, ки ҷиҳати азнавсозии технологӣ ва бо таҷҳизоти навтарини технологӣ муҷаҳҳаз гардонидани корхона саҳмгузорӣ намудаанд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.
Дар замони шӯравӣ фаъолияти аксари корхонаҳои истеҳсоли семент бо истифода аз гази табиӣ ба роҳ монда шуда буд. Вале солҳои охир бо сабаби норасоӣ ва баъдан қатъ гардидани воридоти газ аз хориҷи кишвар мо зарур донистем, ки доир ба дарёфти роҳҳои алтернативии таъмини корхонаҳои саноатӣ бо сӯзишворӣ чораҷӯӣ намуда, дар ин раванд фаъолияти як қатор корхонаҳои хурду бузурги кишварро бо истифода аз ангишт ба роҳ монем.
Корхонаи "Тоҷиксемент", ки иқтидори лоиҳавии он беш аз як миллион тоннаро ташкил медиҳад, аз ҷумлаи корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент ба шумор рафта, то қатъ шудани интиқоли гази табиӣ дар он зиёда аз ҳазор нафар коргарон фаъолият мекарданд.
Таърихи фаъолияти корхона нишон медиҳад, ки он соли 1942 бо иқтидори истеҳсоли 150 ҳазор тонна семент мавриди истифода қарор гирифта, дар охири солҳои 80-уми асри гузашта бо дарназардошти афзоиш ёфтани эҳтиёҷоти кишвар ба семент иқтидори корхона ба истеҳсоли як миллиону 130 ҳазор тонна семент расонида шуда буд. Ҳамзамон бо ин, Ҷамъияти "Тоҷиксемент" ягона корхонае мебошад, ки дар он сементи ба сулфат тобовар истеҳсол мешавад.
Бо истифода аз чунин намуди маҳсулот неругоҳҳои барқи обии Нораку Бойғозӣ, Варзоб, нақби обгузари Данғара - Ёвон, инчунин ҳазорон биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёд шудаанд. Ин анъана то ба ҳол идома дорад ва солҳои охир дар бунёди иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла дар корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", инчунин сохтмони роҳу нақбҳо маҳсулоти ин корхона васеъ истифода мешавад.
Бинобар саҳми бузурги корхона барои рушди кишвар ва бо дарназардошти ҳарчи зудтар ба фаъолият даровардани он моҳи феврали соли ҷорӣ дар байни Ҷамъияти "Тоҷиксемент" ва Ширкати саноатии кишвари бо мо дӯст - Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба гузаронидани корхона ба ангиштсанг қарордод баста шуд ва дар муддати шаш моҳ хати якуми истеҳсоли корхона азнавсозӣ гардид.
Маблағи умумии лоиҳа қариб 37 миллион сомониро ташкил дода, пардохти он дар давоми ду соли баъди ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии хумдони ба ангишт гузаронидашуда дар як шабонарӯз 600 тонна ва дар як сол 180 ҳазор тонна буда, имкон медиҳад, ки истеҳсоли сементи баландсифат ба роҳ монда шавад.
Хароҷоти шабонарӯзии ангишт дар корхонаи мазкур 200 тонна ва дар як сол 72 ҳазор тоннаро ташкил дода, маҳсулоти истеҳсолшаванда ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Корхона пурра бо таҷҳизоти компютерӣ фаъолият намуда, аз ҷониби танзимгар тавассути дастгоҳҳои компютерӣ идора карда мешавад.
Яке аз натиҷаҳои асосии эҳё гардидани корхона таъсису барқарорсозии беш аз 880 ҷойи корӣ буда, кормандон бо маоши хуб таъмин шудаанд. Минбаъд баробари таҷдиду азнавсозии оташдони дуюми корхона иловатан боз садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Рӯзҳои наздик доир ба таҷдиди хатҳои сеюму чоруми корхона ва бо таҷҳизоти технологӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва мошину механизмҳо таъмин намудани он созишнома ба имзо мерасад, ки тибқи он корҳои зикршуда дар давоми 70 рӯзи баъди имзои созишнома бо харҷи қариб 25 миллион сомонӣ ба анҷом расонида мешавад.
Хати нави технологӣ имкон медиҳад, ки илова ба иқтидори истеҳсолии хати якум дар як шабонарӯз боз 500 тонна ва дар як сол 180 ҳазор тонна сементи баландсифат истеҳсол гардад. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки таҷҳизоти нави технологӣ барои риояи тамоми меъёрҳои экологӣ, яъне ба ҳадди ақал расонидани партови чангу газ ба ҳаво имкон медиҳад ва ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат мекунад.
Дар иртибот ба ин, Вазорати энергетика ва саноатро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарияти корхона ва ҷалби шарикони рушд масъалаи ҳарчи зудтар ба ангишт гузаронидани оташдонҳои боқимондаи корхона ва дар ин замина афзоиш додани иқтидори истеҳсолии онро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли ангишт ва таъмини саривақтии талаботи ташкилоту корхонаҳо ба ин намуди маҳсулот чораҷӯӣ карда шавад.
Наздик ҷойгир будани конҳои оҳаксангу гилхок, реги кварс ва гаҷсангу магнетит барои садсолаҳо фаъолият намудани корхона кофӣ буда, ҳамзамон омили муҳими рушди корхона мебошад. Бояд гуфт, ки гузариш ба ангишт нисбат ба гази табиӣ арзиши аслии маҳсулотро 30-35 фоиз арзон карда, ин ҳолат ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Дӯстони азиз!
Соли ҷорӣ барои соҳаҳои саноату сохтмон ва умуман иқтисоди миллӣ соли оғози рушди дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Зеро имсол чандин корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла охири моҳи август дар ноҳияи Ёвон корхонаи нави сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсоли як миллион тонна семент ба истифода дода шуд, ки фаъолияти он низ бо истифода аз ангишт ба роҳ монда шудааст.
Чунонки ҳангоми ифтитоҳи корхонаи сементбарории ноҳияи Ёвон таъкид намудам, баъди пурра ба фаъолият шурӯъ кардани корхона ҳаҷми истеҳсоли сементи ватанӣ афзуда, нархи як килограмми он дар бозори дохилӣ аз 1,2 сомонӣ то ба 80 дирам паст фаромадааст.
Бояд гуфт, ки дар давоми ду соли охир Ҳукумати мамлакат барномаи гузариш ба ангиштсангро дар истеҳсолот тарҳрезиву татбиқ карда истодааст. Дар натиҷа корхонаҳои сементбарориву хиштбарорӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишти ватанӣ васеъ ба роҳ мондаанд, ки ин иқдом боиси паст шудани нархи маҳсулот гардидааст.
Ҳоло дар мамлакат 11 корхонаи хурду калони сементбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии 2,5 миллион тонна маҳсулот дар як сол фаъолият дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ба кор оғоз кардани корхонаҳои зикршуда дар кишвар шиддати талабот ба семент мушоҳида мегардид. Бинобар ин, аз хориҷи кишвар ҳамасола то як миллион тонна семент ворид карда мешуд. Масалан, соли 2012 аз хориҷи мамлакат қариб 950 ҳазор тонна семент ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ ва дар ҳашт моҳи соли равон зиёда аз 820 ҳазор тонна семент ба маблағи беш аз 370 миллион сомонӣ ворид шудааст.
То имрӯз бинобар норасоии сементи худӣ ва гарон будани нархи сементи воридотӣ корхонаҳои истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ, шифербарорӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ фаъолияти номунтазам доштанд. Баъди бо нархи арзон дастрас шудани семент аз корхонаҳои дохилӣ имконияти ба таври доимӣ кор кардану бо арзиши аслии нисбатан пасттар истеҳсол кардани масолеҳ муҳайё гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки корхонаи сементбарории ноҳияи Ёвон моҳи августи соли равон ба кор оғоз карда, Ҷамъияти "Тоҷиксемент" акнун ба фаъолият оғоз менамояд. Дар корхонаҳои сементбарории кишвар то ба кор даромадани корхонаи ноҳияи Ёвон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 8-9 ҳазор тонна семент истеҳсол мешуд. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи мазкур аз моҳи сентябр ҳаҷми истеҳсоли ҳармоҳаи семент дар мамлакат ба 75-80 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин, албатта, талаботи иншооти сохтмониро бо сементи ватанӣ асосан таъмин менамояд.
Ғайр аз ин, дар ҳолати бо иқтидори пурра фаъолият кардани корхонаҳои сементбарории мамлакат ва минбаъд ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои муосир талаботи бозори дохилӣ пурра қонеъ гардида, ҳамзамон бо ин, имконият фароҳам меояд, ки содироти он ба роҳ монда шавад.
Бовар дорам, ки баробари пурра ба кор даромадани корхонаҳои сементбарорӣ, аз ҷумла ба шарофати хати истеҳсолии имрӯза фаъолияти корхонаҳои дигар аз нав барқарор мешавад ва муҳимтар аз ҳама, ба вусъат гирифтани бунёди садҳо иншооти хурду бузург такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар охир бори дигар ба муносибати эҳёи Ҷамъияти "Тоҷиксемент" ҳамаи саноатчиёни кишвар, кормандони корхона, аз ҷумла шумо, ҳозирини арҷмандро табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.10.13 №: 131 Мутолиа карданд: 3725