logo

маориф

Мақоми омӯзгор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгоронро дар ҳар мулоқоту суханрониҳояшон бо ихлосмандӣ қадршиносӣ намуда, таъкид мекунад, ки: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад. Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст».
Сарвари давлат пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам шуморида, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсонро маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон меҳисобад. Бо назардошти чунин қадршиносӣ ва таъкидҳои пайвастаю таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат, мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 июни соли 2011 бо № 14/44) “Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии  Тоҷикистон”-ро қабул намуд. Ҳадаф аз ба тавсиб расондани ҳуҷҷати мазкур баланд бардоштани шаъну шараф ва эътибори омӯзгорон аст. 
“Мақоми омӯзгор“ низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбиро дар ҳамаи  зинаҳои таҳсилот муайян карда, муносибати байни омӯзгорон ва таълимгирандагон, ҳамчунин дигар аъзои  ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимию тарбиявиро танзим намуда, арзишҳои инсонӣ ва шаъну шарафи онҳоро ҳифз мекунад. Ба сифати фаъолияти касбии омӯзгорон мусоидат карда, касби пуршарафи онҳоро ҳифз мекунад ва барои рушди фарҳангу маърифати омӯзгорон дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат  менамояд.
Савганди мазкур омӯзгорро водор месозад, ки дар фаъолияти омӯзгориаш ба кори таълиму тарбия сидқан машғул шуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз рӯи меъёрҳо ва принсипҳои касбии дар ҳуҷҷати мазкур баёнгардида, амал намояд:
«Ман, ҳамчун омӯзгор Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”-ро асос намуда, бо дарки масъулият уҳдадор мешавам, ки ба кори таълиму тарбия сидқан машғул мешавам, эҳтиром, шаъну шараф ва эътибори ҳамкасбон, таълимгирандагон, падару модарон ва дигаронро ба ҷо оварда, ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб баромад менамоям ва ҳамчун тарафдори таҳаммулпазирӣ дар ҳама гуна ҳолатҳо тавсияҳои «Мақоми омӯзгор» -ро   қабул   ва  иҷро менамоям».
Меъёри асосии фаъолияти омӯзгор ба рушду такомули ҳамаҷонибаи таълимгиранда бо мақсади тарбияи шаҳрванди бошууру боидрок ва кӯмак расонидан доир ба мутобиқ намудани ӯ ба ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст.
Таъкид гардидааст, ки омӯзгор донишҳоеро, ки ба ҳаёти таълимгиранда ё дар маҷмӯъ ба ҷомеа хавфе эҷод мекунанд, пешниҳод намекунад ва ё усулҳоеро истифода менамояд, ки ба вазъи саломатӣ, рӯҳӣ  ва ё ҷисмонии таълимгирандагон таъсири манфӣ  намерасонанд.
Омӯзгор аз рӯи принсипи адолатхоҳӣ нисбат ба ҳамаи таълимгирандагон, сарфи назар аз синну сол, хусусиятҳои фардӣ, лаёқат, ҷинс, нажод, миллат, мазҳаб, аҳволи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маҳалли истиқомат ва амсоли ин хайрхоҳ, боилтифот ва меҳрубон мебошад. Ҳангоми санҷишу имтиҳон ба таълимгирандагон беғаразона ва одилона баҳо мегузорад.
Омӯзгор наметавонад баҳои таълимгирандаро бо ислоҳи ғалатҳо барои нишон додани муваффақияти сохтакорона дар вақти имтиҳонҳои хаттӣ ва ё санҷишҳои назоратӣ  паст ва ё баланд кунад. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия принсипи баробарии таълимгирандагони ҷинси зан ва мардро риоя карда, донишҳои мардон ва занонро, ки рушди ҷомеа ба онҳо вобаста мебошад, дуруст муайян  менамояд.
Омӯзгор дар фаъолияти педагогии худ эҷодкор  ва мустақил буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои касбии хешро риоя менамояд ва ҳангоми иҷрои касби пурифтихори омӯзгорӣ манфиати моддӣ, шахсӣ, инчунин манфиатҳои оила, хешовандон ва рафиқонро ба инобат намегирад.
Омӯзгор дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷрибаи озоди эҷодии педагогӣ ҳуқуқ дошта, тарзу усули муносибат бо таълимгирандагонро, ки ба эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтааст, мустақилона интихоб менамояд. Метавонад бо салоҳдиди худ намуди фаъолияти тарбиявиро интихоб намояд ва усулҳои навоваронаи таълиму тарбияро истифода кунад, агар онҳо аз нуқтаи назари касбӣ шоиста ва қобили истифода бошанд. Омӯзгор дар фаъолияти касбии худ хилофи манфиату мақсадҳои таълим амал намекунад.
Омӯзгор таълимгирандаро ҳамчун шахсият эҳтиром намуда, раванди тарбиявиро бо назардошти хусусиятҳои фардӣ ва синнусолӣ, хислат ва қобилияти ӯ ташкил менамояд. Дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ дар фаъолияти касбии худ манфиатҳои таълимгирандаро нисбат ба  манфиатҳои ҳама шахсони дигар ба таври афзалиятнок дастгирӣ ва эҳтиром мекунад.
Омӯзгор дар ҳама ҳолат  ба таълимгирандагон ғамхорона ва эҳтиёткорона кӯмак расонида, таълимгирандагонро ба эҷодкорӣ ҳидоят менамояд, раванди педагогиро бе маҷбурсозӣ идора мекунад, ба таълимгирандагон  хушнудӣ, некхоҳӣ, боварӣ, некбинию зиндадилӣ бахшида, муҳаббати онҳоро барои зиндагии некбинона бештар мегардонад.
Омӯзгор дар фаъолияти касбии худ бояд иштибоҳ накунад ва таълимгирандагону падару модарони онҳоро низ нодуруст ҳидоят нанамояд. Аз обрӯю эътибор ва мақоми касбии худ суиистифода накарда, нисбат ба ақидаҳои динию мазҳабӣ ва сиёсии таълимгирандагони худ бо эҳтиром  муносибат кунад. Ӯ ҳақ надорад, ки фикру ақидаҳои шахсии худро дар бораи ақоиди динию мазҳабӣ ва сиёсии худро  ба таълимгирандагон таҳмил намояд.
Омӯзгор маданияти баланд дошта, ботамкинона ва боодобона сухан мекунад, намуди зоҳирии худро назорат менамояд, сабурӣ ва таҳаммулпазириро пеша мекунад ва  аз амалҳои эҳсосотии манфие, ки шаъну эътибори инсонии ӯро паст мезананд, худдорӣ менамояд. Шогирдонро бо рафтори намунавии худ тарбия менамояд. Ӯ аз пандомӯзии номатлуб худдорӣ мекунад, ба шитобкорӣ роҳ намедиҳад ва аз дигарон он чизеро, ки худ барои  риоя ва иҷрои он қодир нест, талаб намекунад.
Дар баробари ин, таълимгирандагон бо тартибе, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, барои озодона интихоб намудани омӯзгор дар муассисаи таълимӣ ҳуқуқ доранд. Ҳамчунин, таълимгирандагон ҳуқуқи гирифтани таълиму тарбияи иловагиро, ки бояд омӯзгорон ва падару модарон барои гирифтани ин навъ таълим монеъ нашаванд, доранд.
Омӯзгор дар ҳама соҳаҳои фаъолияти худ принсипи эҳтиром ба касбро риоя карда, бо фаъолияту амалҳои худ бояд ба баланд бардоштани нуфузу эътибори касбе, ки ба он машғул мебошад, мусоидат менамояд. Омӯзгор набояд дар вақти корӣ ба таблиғу ташвиқи сиёсӣ, динию мазҳабӣ машғул шавад. Ӯ ҳуқуқ дорад, ки мавқеъ ва принсипҳои маънавию ахлоқии худро ҳимоя кунад, шаъну эътибори шахсии хешро баланд бардорад ва  барои анҷомдиҳии фаъолияти касбии худ муҳайё намудани шароити лозимаро талаб намояд.
Омӯзгор аз ихтилофоти беасос ва моҷароҷӯёна худдорӣ мекунад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани ихтилофи назар кӯшиш мекунад, ки роҳи қобили қабули ҳалли онҳоро пайдо кунад. Омӯзгор бояд ҳам камбудию ғалатҳои худ ва ҳам камбудиҳои ҳамкасбони худро беғаразона  таҳлил кунад, ғалату камбудиҳои якдигарро пинҳон насозад. Танқиде, ки ба манфиати кор, ҳалли мушкилот, ислоҳи нуқтаи назар ва рафтори ҳамкасбон ё маъмурият нигаронида шудааст, набояд ба иззати нафси шахсе, ки таҳти танқид қарор мегирад, расад. Он бояд асоснок, манфиатбахш, боодобона, беозор ва  хайрхоҳона бошад. Таъқиб намудани омӯзгор барои танқид манъ аст. Қарзи ахлоқии омӯзгор фаъолона муқобила кардан ба зуҳури амалҳои номатлуб ва бесалоҳиятии  ҳамкасбон мебошад.

Раҷабалӣ САНГОВ,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маорифи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.10.13    №: 132    Мутолиа карданд: 9922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед