logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Боми Ҷаҳон

Ифтитоҳи неругоҳи хурд дар Ванҷ

8 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.
Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як неругоҳи хурди барқи обии дорои иқтидори 900 киловатт/соат, ки бо харҷи 7 миллиону 126 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Бо фаъол шудани ин неругоҳ мушкили норасоии барқ дар маркази ноҳияи Ванҷ дар фасли зимистон пура бартараф мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз як моҳи дигар боз як неругоҳ бо иқтидори 300 киловатт/соат фаъол мешавад.
То ин вақт дар ноҳияи Ванҷ ҳамагӣ 1000 киловатт/соат неруи барқ истеҳсол мешуд. Бо фаъол гардидани ду неругоҳи нав ин иқтидор ба 2200 киловатт/соат  расида, тавлиди нерӯи барқ дар ноҳия беш аз ду баробар афзун мегардад.


Толори варзишӣ мавриди
баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Толор дар муддати 3 моҳ бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Нуралӣ Шарифов сохта шуд.
Пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тоҷикистон то имрӯз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ноҳияи Ванҷ, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш, хусусан дар намудҳои гуногуни гӯштин дар дохил ва хориҷи кишвар дастовардҳои намоён доранд, суҳбат ороста, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ва кулли ҷавонону наврасонро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд.


Мулоқот бо фаъолон

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Ванҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолӣ мулоқот намуд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияро дар солҳои гузашта, хусусан дар 9 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои рушди ояндаи он дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама санги мармар ва ҳам коркарди саноатии меваҷоти шаҳдбори Ванҷи ганҷрез тадбирҳои мушаххасро амалӣ созанд.
Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин зимни маҳфили пурсишу посух, аз ҷумла барои иҷрои талабу дархостҳои мардум дода шуданд. Тибқи яке аз дастурҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Калон Дамдоров ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ, асосан барои дӯхти либоси мактабӣ, то Наврӯзи 2014 бунёд карда мешавад. Дастур шуд, ки барои соҳибкорзани маҳаллӣ Ҷамила Усмонова, ки то имрӯз корҳои намоён анҷом додааст, бо ҷудо намудани маблағҳои ҷумҳуриявии грантӣ як коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ барои духтарон аз оилаҳои ниёзманд сохта, туҳфа карда шавад.


Шиносоӣ бо бозмондаҳои
шаҳри бостонии Карон

8 октябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, нахуст бо бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон бевосита шинос шуд.
Ба иттилои олими бостоншиноси тоҷик Юсуфшо Ёқубов, ки ин мавзеъро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд, ин шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни орёиёни бостонӣ рост меояд. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳанд.
Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.
Ба ақидаи олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 га доман густурда будааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шоири шаҳири тоҷик Муъмин Қаноат рамзи таърихии шаҳри Карон, ки нишонаи бостонӣ будани оини шаҳрсозӣ ва давлатдории миллати тоҷик аст, тақдим гардид. Ҳамчунин аз ҷониби олими шинохтаи тоҷик Нодир Одилов дастхати панҷсадсолаи Қуръони Карим ва аз ҷониби собиқадори кор Одил Бердиев ҷома ҳадя шуд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нусхаҳои нодири китобҳои пурарзиши таърихию фарҳангӣ дар маъраз буданд, ки қисме аз онҳо бо оби тилло навишта шудаанд.

Бинои чорошёна маркази
Дарвозро шукӯҳ бахшид


Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои чорошёна мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 8 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Се ошёнаи дигари бино дорои 28 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ  мебошанд, ки барои фурӯш бунёд ёфтаанд. Нархи як метри мураббаи ин хонаҳо 550 доллари амрикоӣ аст. 8 хона ба 8 оилае, ки ин бино дар ҷойи хонаҳои онҳо бунёд ёфтааст, дода шуд. Калиди хонаҳо ба онҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Аҳли ин хонаводаҳо аз хонаҳои нави худ басо хушҳоланд, зеро ба гуфти онҳо, ин хонаҳо аз манзилҳои пешинаи аз сангу лой бунёдёфтаашон хеле беҳ аст.

Арзи сипоси ятимон

Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 21 нафар наврасону ҷавонони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, ёрии моддӣ расонд.
Ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо зиёда аз якуним ҳазор сомонӣ пасандоз, маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ин наврасону ҷавонон, ки воқеан ба дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хушҳол гардида, ба ӯ арзи сипос карданд.
Дар мавзеи Даштак
Дар мавзеи Даштаки ноҳияи Дарвоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишии  сохтмон бевосита шинос шуд.
Ноҳияи Дарвоз дорои конҳои зиёд ва захираи фаровони мармар ва дигар сангҳои ороишии сохтмонӣ буда, бунёди ин корхона яке аз қадамҳои нахустин барои ба роҳ мондани коркарди онҳо бо технологияи пешрафтаи муосир мебошад. Коркарди сангҳои ороишӣ дар ин корхона бо технологияи навтарини италиявӣ ва олмонӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин корхона мармари сафед, мармари сурх ва дигар сангҳои ороишӣ коркард шуда, беш аз 15 намуд маҳсулот тавлид меёбад.
Бунёди ин корхона моҳи июли соли равон оғоз ёфта, беш аз 12 миллион сомонӣ масраф шуда, то 160 нафар бинокорон  ба кор ҷалб шудаанд. Тибқи нақша, навбати аввали он бо 150 ҷойи корӣ ва иқтидори коркарди 700 метри мураббаъ санг дар як шабонарӯз то Наврӯзи соли 2014 бояд ба кор дарояд. Оянда иқтидори корхона афзун гардида, шумораи коргарон то 250 нафар расонда хоҳад шуд.

Варзишгоҳ дар маркази
ноҳияи Дарвоз


Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи Авесто Аренаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар майдони ним га доман зада, дорои шароити хуби сатҳи байналмилалӣ барои футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш мебошад.
Майдони асосии он барои футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 800 ҷойи нишаст мебошад. Бинои дуошёнаи варзишгоҳ дорои толорҳои муҷаҳҳаз барои бокс, намудҳои гуногуни гӯштин, тенниси рӯйи миз, меҳмонхона, 11 ҳуҷраи корӣ ва дигарҳо мебошад. Оянда дар назди он, ҳамчунин бунёди майдончаҳои тенниси калон ва  волейболу баскетбол дар назар аст.
Дар рафти сохтмон аз 80 то 120 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло дар ин ҷо 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Варзишгоҳ дар мувофиқа бо федератсияи футболи Тоҷикистон, метавонад чун пойгоҳи мавсимии машқу тамрини футболбозони касбӣ истифода шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони асосии варзишгоҳ бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми Дарвоз мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод. Зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки бо ҷаҳду талоши пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бунёди як силсила неругоҳҳои хурди барқи обӣ имрӯз норасоии нерӯи барқ дар ноҳияи Дарвоз куллан бартараф гардидааст.
Пешравиҳои намоён дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар самтҳои афзалият низ ба назар мерасанд.
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иҷтисодӣ ва фарҳангии ноҳия ва барои бартараф намудани мушкилоти мардуми ниёзманд супоришҳои мушаххас дод.

Ташриф ба шаҳри Хоруғ

9 октябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома ёфт.
Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ омад. Дар фурудгоҳ меҳмони олимақомро бо самимияти олӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии густурдаи ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони азиз истиқбол гирифтанд.

Сайри боғи Бадахшон

Дар боғи наздикии фурудгоҳи Хоруғ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоиши бошукӯҳи кишоварзию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар маърази ин намоишгоҳи бузург намунаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла меваю сабзавоти гуногун, аз қабили себ, нок, чормағз, тут, картошка, каду, помидор, гиёҳҳои сершумори шифобахш ва дорувории аз он омодашуда, анвои гуногуни нону кулча ва шириниҳои маҳаллӣ ба назар мерасиданд. Беш аз ҳама Кӯҳистони Бадахшон, албатта, бо себҳои хушлаззаташ, ки 67 намуди он дар ин вилоят парвариш меёбад, картошкаи бенуқсон ва гиёҳҳои шифобахши худ шуҳрат дорад.
Қисмати муҳим ва ҷолиби ин намоишҳо, албатта бахши фарҳангии он буд, зеро Бадахшон бо санъати волои мусиқӣ ва рақсу сурудҳои дилнавозаш шуҳрати зиёд дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин ҳама маҳсулоти хушлаззату бенуқсони кишоварзӣ ва намоишҳои фарҳангии мардуми хушсалиқаи Бадахшон руҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзи ин ҳама зебоию сарватҳо ва афзоиши бештари онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.13    №: 133    Мутолиа карданд: 2215
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед