logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ, 8 октябри соли 2013

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!
Ҳар сол мо ба диёри зебоманзари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз аҳди бостон то имрӯз ба оламиён ҳамчун макони меҳру садоқат, махзани нодири сангҳои қиматбаҳо, мавзеи пиряхҳои куҳан ва обу растаниҳои ҳаётбахш, инчунин сарзамини мардуми ҳимматбаланду меҳмоннавоз маъруфу машҳур гаридааст, бо қалбу нияти поку самимӣ азми сафари ин гӯшаи диёрамон мекунем.
Хусусан солҳои охир дар баробари рушду инкишофи дигар манотиқи кишвар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят тавассути заҳмати созандаи сокинони он рушд ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешрафти минбаъдаи шаҳру ноҳияҳои вилоят,аз ҷумла ноҳияи Ванҷ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, сохтмони силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ, шифохонаву муассисаҳои таълимӣ ва толору майдонҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ва ба фаъолият оғоз кардани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин гӯшаи Ватанамон аз амалҳои неки Ҳукумати мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Мо сафари навбатии худро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи хушманзараи Ванҷ оғоз намуда, субҳи имрӯз дар идомаи иқдомҳои ободкориву созандаи Ҳукумати кишвар бо иштироки сокинони ноҳия дар расми ифтитоҳи ду иншооти муҳим - нерӯгоҳи барқи обӣ ва толори варзишӣ ширкат намудем, ки туҳфаи сазовор ба мардуми ноҳияи Ванҷ ба ифтихори 80 - солагии ноҳия мебошад. Ба ифтихори ин рӯйдодҳои муҳим ҳамаи сокинони ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Ванҷро табрик гуфта, ба ҳар яки шумо иқболи баланд, саломативу сарбаландӣ ва хонаи обод орзу менамоям.
Воқеан, ин минтақаи диёрамон хусусияти хоси худро дошта, бо заҳмати бобаракату шабонарӯзии сокинонаш раванди ободкорӣ торафт вусъати тоза мегирад ва сатҳи зиндагии мардум сол аз сол беҳтар мегардад. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ барои сохтмони неругоҳҳои хурду бузург дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда истодааст.
Неругоҳи хурди барқи обии «Ванҷ-2», ки имрӯз мо ба фаъолияти он ҳусни ифтитоҳ бахшидем, аз ҷониби Ҷамъияти «Ориён-ГЭС» бо харҷи беш аз шаш миллион сомонӣ ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шуд. Рӯйдоди мазкур боз як қадами устувор дар самти таъмини беҳтари аҳолии ноҳия бо неруи барқ маҳсуб мешавад.
Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳи имрӯза норасоии неруи барқро дар ноҳияи Ванҷ бартараф намуда, ҳамчунин ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар деҳоти Техарв, Андарбак ва Пойимазори ноҳия неругоҳҳои хурди барқӣ бо иқтидори аз 100 то 360 киловатт - соат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, неругоҳи куҳантарини ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳоло дар Ҷамоати деҳоти Язгулом сохтмони неругоҳи барқи обии 300 - киловатта идома дорад ва тибқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар ҳудуди ноҳия бунёди боз шаш нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии қариб 12 ҳазор киловатт - соат, аз ҷумла ду неругоҳи 1900 - киловаттаи «Язгулом – 1» ва «Язгулом-2» ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз мо ҳамчунин толори варзиширо, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи беш аз дуюним миллион сомонӣ бунёд гардида, барои 300 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ба истифода додем. Аз чеҳраҳои пиру барно, бахусус ҷавонони ватандӯсти ноҳия ҳувайдост, ки бунёди толори замонавии варзиш барояшон хеле писанд омадааст. Зеро мардуми Ванҷ дар паҳлавониву далерӣ, махсусан дар намуди гӯштин номдор буда, варзишгарони ин мавзеъ дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бо ҳунару маҳорати хосаи худ номбардору парчамбардори миллату давлати худ мебошанд.
Итминон дорам, ки толори варзишии имрӯза барои таҳкими неруи ҷисмонӣ, ба воя расидани варзишгарони номдори оянда, болоравии обрӯи кишвар дар арсаи олам, густариши руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллии сокинони ноҳия, бахусус наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Зеро ҷавонон неруи созандаи кишвар буда, ояндаи халқу миллат аз бисёр ҷиҳат ба ҷавонони донишманду кордон, забондону ватанпарвар ва далеру шуҷоъ вобаста мебошад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои тарбияву ба камол расидани наврасону ҷавонон ҳамаи шароити заруриро муҳайё сохта истодааст ва дар навбати худ аз ҷавонон тақозо мешавад, ки донишҳои замонавиро ҳарчи амиқтар аз худ намуда, соҳиби ҷаҳонбинии васеъ гарданд ва дар пешрафти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд.
Ҳозирини арҷманд!
Ноҳияи Ванҷ дар замони истиқлолият хеле тараққӣ карда, имрӯз ба як мулки ободу зебо табдил ёфтааст. Дар ноҳия корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, тайи солҳои охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 74 миллион сомонӣ иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия мунтазам афзоиш ёфта, соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи се миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,6 миллион сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд гардидааст. Дар ноҳия захираҳои фаровони табиӣ, аз қабили никел, мармари сафед, гаҷ, ашёи хом барои истеҳсоли семент ва хокаи хиштбарорӣ хеле зиёд мебошанд. Айни замон аз сарватҳои зикршуда танҳо коркарди мармари сафед ва хокаи хиштбарорӣ дар Ҷамъияти «Хрустал» ва корхонаи хишти Ҷамоати деҳоти Водхуд ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар сурати коркарди васеи захираҳои табиии ноҳия имконияти афзоиши маҳсулоти содиротӣ ва муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меояд, зеро тибқи маълумоти мутахассисон дар ҳудуди ноҳия панҷ намуди санги мармар мавҷуд буда, чунонки зикр кардам, то ҳол танҳо як намуди он коркард мешавад. Ҳоло дар ноҳия ҷиҳати коркарди растаниҳои шифобахш корхонаи хурди коркарди гиёҳҳои шифобахш фаъолият мекунад, ки ба истеҳсоли равғани ангату чормағз ва дигар дорувориҳои табиӣ машғул мебошад. Ҳарчанд ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар муқоиса бо солҳои пеш афзоиш ёфтааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло қонеъкунанда нестанд, зеро захираҳои фаровони ашёи хоми ноҳия то ҳанӯз ба таври пурра мавриди коркард қарор нагирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ванҷ кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор рафта, солҳои охир мунтазам тараққӣ мекунад. Тибқи Қарори Ҳукумат «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» то имрӯз дар ноҳия бист гектар боғи нав бунёд гардида, корҳо дар самти барқарор кардани боғҳои кӯҳна бомаром идома доранд. Ноҳияи Ванҷ дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва захираи меваҳои хуштамъ буда, қариб 60 фоизи меваи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди ноҳия истеҳсол мешавад.
Меваҳои хуштаъми Ванҷ дар саросари кишвар ва берун аз он харидор дошта, баъди бунёд гардидани роҳҳои мошингарди байналмилалӣ равобити тиҷоратии мардуми ноҳия бо тамоми манотиқи кишвар ва берун аз он торафт ривоҷ меёбад. Тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир таваҷҷуҳи соҳибкорону тоҷирони шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ба меваҳои хушсифати ноҳияи Ванҷ бештар гардида, содироти онро сол ба сол зиёд карда истодаанд.
Дар иртибот ба ин, як масъаларо хотирнишон кардан мехоҳам. Тибқи маълумот то ҳанӯз дар ҳудуди ноҳия корхонаи коркарди мева ва басту банди он бунёд карда нашудааст. Ҳарчанд ки дар давраи шӯравӣ нақшаи бунёди корхонаи коркарди меваҷот дар маркази ноҳия тарҳрезӣ гардида, бештари таҷҳизоти он васл шуда буд, аммо корхонаи зикршуда то ҳанӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст.
Аз ин лиҳоз, бинобар сари вақт ҷамъоварӣ нагардидани меваҳои хуштаъм қисми зиёди он ҳамасола талаф меёбад, ки чунин вазъ ба зарари аҳолӣ ва хоҷагиҳои боғпарвар мебошад. Дар сурати ба кор даровардани корхонаи мазкур имконияти коркарди мева зиёд гардида, ҳамзамон неруи содиротии ноҳия афзоиш меёбад, ки ин дар навбати худ боиси бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани шумораи зиёди сокинони ноҳия, аз ҷумла занону духтарон мегардад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати барқарор намудан ва бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи коркарди меваи ноҳия тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Дар шароити торафт мураккаб гардидани проблемаҳои башарият, аз ҷумла афзоиши бемайлони аҳолии сайёра ва дар ин замина зиёд шудани талабот ба маводи ғизоӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки аз захираву имкониятҳои дохилӣ ва сарватҳои табиии диёрамон оқилонаву самарнок истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро зиёд намоем.
Дӯстони азиз!
Ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ ва ободу пешрафта гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, дар навбати аввал минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мебошад.
Мо дар ин самт нияту нақшаҳои неку созанда дорем ва барои амалисозии онҳо, пеш аз ҳама, ба дастгирӣ, неруи ақлонӣ ва дастони ганҷофари сокинони сарбаланду мушкилнописанди кишварамон такя намуда, ҳамаи саъю талоши худро ба он равона сохтаем, ки Ватани муқаддасамонро ободу пешрафта гардонем.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек зарур аст, ки хурду бузурги мамлакат ба хотири таъмини сулҳу суботи кишвар, оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ҳамеша омода бошанд.
Ноҳияи Ванҷ бо шахсиятҳои маъруфу номбардори худ, аз ҷумла Маҳмадулло Абдуллоев, Аҳтам Ятимов, Неъматулло Раҳматуллоев, Сайфиддин Раҷабов, Ғафлат Мирзоев ва Басир Расо, ки солҳои гуногун барои рушди соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон хизматҳои шоистаро анҷом додаанд, ифтихор дорад.
Имрӯз низ барои ободиву пешрафти кишвар ва ҳифзи дастовардҳои Ватани маҳбубамон Нодир Одилов, Раҳим Масов, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Ҳикмат Ҳисориев, Ҳайдаршо Пирумшоев, Бурҳон Раҳмонов, Комил Бекзода ва садҳо нафари дигар дар соҳаҳои гуногун бо ифтихори баланди ватандорӣ кору фаъолият менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили таҳаммулгароиву ватандӯстӣ ва ваҳдатгароиву башардӯстӣ аз ҷумлаи хислатҳои хоси миллати соҳибтамаддуни мо буда, тайи садсолаҳо тавассути осори гаронбаҳои гузаштагони некномамон ҳамчун ғояи асосии тарбияи маънавии ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон хизмат мекунанд.
Бо дарназардошти ин, дилпурона изҳор менамоям, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонмардони ватандӯст, падару модарони хирадманду рӯзгордида ва умуман тамоми сокинони баору номус ва меҳанпарасту меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ минбаъд низ сиёсати давлату Ҳукумати кишварро самимона пуштибонӣ карда, комёбиҳои то ба имрӯз бадастовардаашонро даҳчанд мегардонанд.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо - сокинони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ тансиҳатӣ, файзу баракати рӯзгор ва дар иҷрои нақшаҳои созандаатон барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.13    №: 133    Мутолиа карданд: 3807
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед