муҳоҷират
Нома ба Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Мо, як гурӯҳ тоҷикистониён, ки дар вилоятҳои Свердлов, Тюмен ва Челябински Федератсияи Русия бо ҳукми тақдир кор ва умр ба сар мебарем, ҳамеша аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварамон бохабарем. Ҳарчанд дур аз кишвари азизамон бошем ҳам, бо ҳисси баланди миллӣ мисли модар ватанамонро дӯст медорем.
Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯз Ватани азизамон аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашад. Мавриди ёдоварист, ки соли гузашта аз норасоии барқ қисме аз беморхонаҳо, мактабҳо фаъолияти дилхоҳ надоштанд, баъзе кӯдакон ва пиронсолон дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд.
Мо медонем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол менамояд, аммо ҳамагӣ 5 фоизи ин иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ (520 млрд. Квт/с) истифода мешавад. Бо сабабҳои нарасидани сармоя сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тӯл кашида истодаанд.
Мо сиёсати хирадмандонаи Шуморо ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар роҳи раҳонидани Ватани азизамон аз вартаи бӯҳрони энергетикӣ ва иҷрои нақшаҳои бузурги соҳа комёбиҳо таманно дорем.
Мо дарк намудаем, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имкониятҳои бузург доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Федератсияи Русия 300 ҷамъияти тоҷикон, соҳибкорони инфиродӣ, роҳбарони ширкатҳои гуногун кор ва фаъолият менамоянд. Шукронаи Яздони Пок, ки ҳамаи мо шароити хуби зиндагӣ дорем. Бинобар ин, ҳамчун шаҳрванди Ватан омода ҳастем, ки дар иҷрои сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ иштирок намуда, саҳми шахсии худро аз сидқи дил ба иқтисодиёти Тоҷикистон гузорем.
Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, миллӣ, маданӣ, соҳибкорон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ доранд, бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ муроҷиат менамоем, ки лоиҳаи «Энергетикаи муҳоҷирони Тоҷикистон»-ро дастгирӣ карда, ҷиҳати дар амал тадбиқ шудани он саҳми шахсии худро гузоранд.
Бо арзи эҳтиром ба Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки ба дастгирии пешниҳоди мо барои муайян сохтани механизми сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи тоҷикони муқими Федератсияи Русия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур диҳед.
Мо боварии комил дорем, ки баъди муайян шудани механизми мушаххаси сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳар як фарзанди баору номуси тоҷик, ки дар Федератсияи Русия истиқомат менамояд, қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оварда, мувофиқи имконият ихтиёран барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии ватанамон ҳиссаи шахсии худро мегузорад.
Ба Шумо - Ҷаноби Олӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаатон миннатдории худро баён намуда, умри дарози бобаракат, саломатии бардавом ва комёбиҳои беназирро орзу мекунем.
Бо камоли эҳтиром Ф. МИРЗОЕВ- раиси ҷамъияти «Сомон», ш. Екатеринбург, Х. ҲАЙДАРОВ - раиси ҷамъияти «Дидор», ш. Екатеринбург, А. КАРИМОВ – раиси ҷамъияти тоҷикони муқими ш. Тюмен, И. РАҶАБОВ – раиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик -«Сомониён», ш. Челябинск, С. ИДИЕВ - директори ҶММ «Ориён-Урад», ш. Екатеринбург, Ш. ДАВЛАТОВ - директори ҶММ «Уралский центр занятости мигрантов», ш. Екатеринбург, С. РАҲИМҶОНОВ - менеҷери агентии муҳоҷирати Нелегатов ист», ш. Екатеринбург, И. НЕЪМАТОВ - соҳибкори инфиродӣ, ш. Екатеринбург, Ш. НУРИДДИНОВ – директори ҶММ «Юристконсулт», ш. Екатеринбург.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3736