logo

илм

Бехабарӣ ё нотавонбинӣ?

Дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" матлабе мунташир гардида буд таҳти унвони "Карон: кашфиёти илмӣ ё ҳазёни навбатӣ" (21.09.13, №№ 123-124), ки андешаҳои подарҳаво ва муғризона дошт.  Албатта, чунин матлаби заифе куллан дархури ҳеҷ гуна таваҷҷуҳе нест  ва он хеле шигифтангез ба назар мерасад.
Аввал ин  ки муаллифи он доктори илмҳои таърих С. Бобомуллоев  бо як исрор ва якравии аҷибе мавҷудияти маркази тамаддунеро бо номи Карон зери шубҳа мебарад ва бо далоили аз мантиқу инсоф дур мехоҳад собит созад, ки Юсуфшо Ёқубов дар хулосаҳои хеш роҷеъ ба қидмати Қалъаи Каррон ҳатман иштибоҳ кардааст. Ҳоло хуб аст, ки ин  донишманд   наметавонад ҳадди ақал вуҷуди худи он қалъа ва тамаддуни қадимиеро бо номи Карон  инкор кунад,   он чи аён аст,  ниёз ба баён  надорад. Ва ӯ эътироф менамояд, ки  бори аввал дар замони ҳукумати Тоҳириён аз Карон ёд шудааст ва матолиби парокандаеро аз муаллифони чинӣ ва русӣ меорад, ки аслан бо хулосаи ӯ роҷеъ ба мавҷудияти тамаддуни Карон дар таноқузи ошкоро қарор доранд. Зеро муллифони чинию русӣ аз мавҷудияти чунин як тамаддуне ёд мекунанд, ки дар замони таълифи сарчашмаҳои марбута вуҷуд доштааст, на аз қидмати он.
Дигар ин ки муаллиф бо зикри тарҳи ёдгорӣ ва чаҳор манор дар чаҳор гӯшаи он ки бинои гунбадпӯши марказиро иҳота кардаанд, мегӯяд, ки "ин намуди меъморӣ  хоси замони исломӣ аст". Ва маҳз ҳамин далел нишони бехабарии муаллиф аз таърихи меъмории Эронитаборон аст. Зеро комилан равшан аст, ки ҳанӯз дар замони Сосониён дар маҷмӯаи маъбади зартуштиён сабки меъморие бо номи "чаҳортоқ" ("чаҳор манор") вуҷуд дошт. Ва ингуна биноҳои мураббаи дорои чаҳор манор дар бахши марказӣ бо гунбад пӯшонда мешуданд ва асосан на дар дохили шаҳрҳо ва деҳот, балки бар фарози кӯҳҳо эъмор мегардиданд. Ингуна биноҳо на танҳо барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти мазҳабӣ, балки барои дақиқ намудани тақвим, муайян намудани замони баргузории ҷашнҳои Наврӯзу Сада ва дигар маросимҳои маъмулӣ, ки ниёз ба ҳисоби дақиқи нуҷумӣ ҷиҳати гоҳшуморӣ доштанд, мавриди истифода қарор мегирифтанд.
Имрӯз бостоншиносони иронӣ ва урупоӣ дар саросари эрони кунунӣ теъдоди зиёди чунин "чаҳорманорҳо"- и марбут ба даврони Сосониёнро кашф кардаанд, ки аз диди меъморӣ ба якдигар хеле шабеҳанд. Яъне донишманди муҳтарамро мебоист, ки қабл аз қазоват дар мавриди чунин масъала аввал бо тарҳи ин сабки қадимии меъморӣ бо истифода аз гунбадҳо, ки пас аз интишори ислом дар шакли навин  аз Андалус то Ҳинд ва марзи Чин густариш ёфт, ошно шавад. Воқеан, тарҳи он "чаҳортоқҳо"-и иронӣ ва Қалъаи КУҲНАИ Карон аз диди меъморӣ шабоҳати зиёде доранд.
Гузашта аз он ғайри қобили инкор аст, ки Сосониён худро дар ҷодаи фарҳанг ворисон ва идомадиҳандагони тамаддуни Ҳахоманишӣ медонистанд ва аҷаб нест, ки тарзи сохту сози "чортоқҳо"-ро низ аз онҳо фаро гирифта бошанд. Ба ҳар ҳол то кунун касе адами чунин тарзи меъмориро дар замони Ҳахоманишиҳо бо далоили муътамади илмӣ собит накардааст. Ва бо таваҷҷуҳ ба фарзияи донишманди шаҳири иронӣ, марҳум Саиди Нафисӣ, ки баромади ориёиҳоро аз кӯҳдомани Помир медонад ва дар ҷодаи илми таърих тарафдорони зиёде дорад, метавон ҳадс зад, ки истифода аз унсури меъмории гунбад қабл аз даврони Ҳахоманишиён низ роиҷ буда ва онро ақвоми ориёӣ баъдан дар саросари эрон густариш додаанд.
Исботи мансубияти унсури гунбад ба меъмории қаблазисломии ақвоми эронитаборро метавон на танҳо дар пажӯҳишҳои ҷадиди бостоншиносӣ, балки дар адабиёти классикиамон низ пайдо кард. Масалан, Дақиқӣ, ки худ пайрави оини Зартушт буд ва мутаносибан бо расму русуми қадимӣ ва суннатии он ошноӣ дошт, вуҷуди биноҳои гунбаддорро яке аз шартҳои асосии эҳтиром гузоштан ба оташ ("озар") медонад:
Пароканда гирди ҷаҳон  мӯбадон,
Ниҳод аз бари озарон гунбадон.
Дигар ин ки муаллиф аз Александр Борисович Никитин, ки корманди илмии Эрмитажи давлатии Русия аст ва дар ҳафриётҳои марбут ба Қалъаи Карон ширкат дорад,  бо истеҳзо ба унвони "мутахассис" ёд мекунад  ва эрод мегирад, ки ӯ гӯё таърихи сиккаи мисини аз ин мавзеъ пайдошударо натавонистааст дақиқан эълом намояд ва салоҳияти илмии ӯро зери шубҳа мебарад, бехабар аз он ки чунин амре эҳтиёҷ ба пажӯҳишҳои вижаи озмоишгоҳӣ ва истифода аз васоили муосири илмӣ дорад. Дар асл Никитин А. Б. яке аз мардони сарсупурдаи илм буда, дар Русия ба унвони мутахассиси баландпоя шуҳрат дорад. Ӯ ҳамзамон раёсати Иттиҳодияи байниминтақавии бостоншиносон  ва роҳбарии илмии Иттиҳодияи бостоншиносони шимолу ғарби Русияро бар уҳда дошта, узви Шӯрои коршиносӣ ва машваратии Думаи давлатии Русия роҷеъ ба масоили ҳифозат, тарғиб ва истифодаи мероси фарҳангӣ  мебошад ва дар Русия ба унвони яке аз донандагони хеле хуби забони паҳлавӣ ва таърихи ақвоми эронитабор маъруф аст. Комилан равшан аст, ки чунин шахсе дар бахши илм наметавонад фарди тасодуфӣ бошад. Александр Борисович ба таври мудовим дар арзёбии арзишҳои таърихии бозёфтҳои бостоншиносӣ дар манотиқи мухталифи Русия низ ширкати фаъол дорад. Хеле хуб мебуд, агар муаллифи мақола бо Александр Борисович суҳбати илмие аз тариқи яке аз шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ анҷом диҳад, то бубинем кӣ  "мутахассис" аст ва кӣ мутахассис. Мутмаинан натиҷаи чунин баҳси илмие ба нафъи  доктори илмҳои таърихи мо нахоҳад буд.    
Ин андеша дар мавриди Муъмин Қаноат низ сидқ дорад, зеро тамоми равшанфикрони ҷумҳурӣ аз сатҳи васеи донишу биниш ва огоҳии илмии ӯ хабар доранд. Достони ӯ "Сурӯши Сталинград" ба адабиёти тоҷик бори дигар шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. "Мавҷҳои Днепр"-и ӯро дар макотиб ва маҳофили адабии Украина ва дигар кишварҳо бо завқи хосае мехонанд. Вақте  ки ӯ ҳанӯз дар овони ҷавонӣ аз забони воҳид будани тоҷикӣ, форсӣ  ва дарӣ сухан мегуфт, бисёриҳо, ки ҳоло ҳама "шуҷоат" пайдо намудаанд, аз бими он  ки "бегонапараст" хонда нашаванд, сар дар гиребон фурӯ бурда,  муҳри хомӯшӣ бар лаб ниҳода буданд. Ҳангоме ки ӯ дар заминаи масоили таърихӣ ва фарҳангӣ ибрози назар менамояд, ҳар фарди огоҳ дониши амиқ ва биниши васеи ӯро дар  ин ҷода  зуд пай мебарад.
 Шояд муллифи матлаби зикршуда ҳеҷ гоҳ бо Муъмин  Қаноат ҳамсуҳбат нашуда ва аз сатҳи баланди дониши ӯ, махсусан дар илми таърих  хабар надорад, вагарна ба чунин иштибоҳу беэҳтиромӣ нисбат ба ин фарди дилогоҳу варзидаи қавм роҳ намедод. Хосатан "Ёддоштҳо ва бардоштҳо"- и ӯро китоби "иғвоангез ва пурғараз" хондан хуб нест. Зеро саросари ин ёддоштҳо (ки албатта орӣ аз  бархе  иштибоҳоти чопӣ нест!) оганда пур аз меҳри миллату ватан буда, ҳадаф аз он ба намоиш гузоштани ваҳдат ва ҳамбастагии қавми тоҷик аст.
Дар ҳақиқат, Дарвоз беш аз ҳар маҳалли дигари Тоҷикистон падидаи ба истилоҳ умумитоҷикист. Ва қабл аз ҳама аз он лиҳоз, ки аксарияти кулли сокинони он (ки ҳама аз аслу насаби хеш огоҳанд) асолатан (аҷдодан) бухороӣ, самарқандӣ, истаравшанӣ, хуҷандӣ, кӯлобӣ, балхӣ ва ҳатто хоразмию нишопурианд. Ва аз ҷумла Муъмин Қаноат низ аҷдодан самарақандист. Зимнан бояд зикр кард, ки яке аз иллатҳои асосии муҳоҷирати тоҷикон ба ин макон ҳамоно сатҳи амният ва вижагии ҷуғрофиёии он буд. Бо далоили зиёде метавон собит кард, ки муҳоҷирати тоҷикон ба ин макон қабл аз вуруди қабоили кӯчии турк ба сарзамини Вароруд низ ҷараён доштааст. Ва, албатта, афроде, ки аз шаҳрҳои мухталафи тоҷикнишин, аз марокизи маъруфи илмию фарҳангӣ ба ин ҷо муҳоҷират менамуданд, ҳомилони фарҳанги волое низ буданд. Аз ин рӯ даъвои С. Бобомуллоев  дар он хусус, ки "тамаддунро дар болои санг ва пайраҳаи танге ба вуҷуд овардан имкон надорад",  беасос ва  гузашта аз он хеле  муғризона аст. Магар маркази тамаддуни инкҳо шаҳри Куско (дар иртифои 3400 метр аз сатҳи баҳр) дар Амрикои Ҷанубӣ ва ё тамаддунҳои Непал ва Тибет дар заминҳои ҳамвор ташаккул ёфтанд? Ва ё тамаддуни сирф эроние бо номи давлати Аламут (ки муддати мадиде алайҳи туркони Салҷукӣ муқовимат кард) иборат аз қалъаҳои кӯҳӣ набуд? Акнун биёед мавқеияти ин тамаддунҳоро бо тамаддуни Карон, ки ҳамеша бо ақвоми тамаддунсози ориёӣ муҷовират дошт ва аз сарчашмаи шодоби фарҳанги ҷаҳонгири ориёӣ об мехӯрд, муқоиса кунед. Бале, назири чунин тамаддунҳоеро, ки тамаддуни тоҷикии Карон аз лиҳози имконият ва шодобӣ бамаротиб аз онҳо болотар аст, таърих зиёд дар хотир дорад.
Новобаста ба ин Юсуфшо Ёқубов ба унвони олими бостоншинос ҳақ дорад фарзия пешниҳод намояд ва ҷиҳати исботи он бикӯшад. Бубинед, фарзияи ӯро дар мавриди 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб касе натавонист аз ҷиҳати илмӣ инкор кунад, зеро ин фарзия бо далоили муътамаде ба исбот расид. Мутмаинем, ки сарнавишти қазияи тамаддуни Карон низ чунин хоҳад буд. Қабл аз он ки кӯшишҳои илмии ин донишмандро ба унвони "ҳазёни навбатӣ" арзёбӣ намояд, муаллифи матлаб ақаллан як бор бояд аз он макон мустақиман дидан мекард. Он гоҳ дармеёфт, ки масоҳати шаҳри бостонии Карон, ки бо девор иҳота шудааст, воқеан на камтар аз 100 га буда, аммо Қалъаи Кӯҳна, ки шабоҳати боризе бо "чаҳораманорҳо" ("чаҳортоқҳо") - и Эрон, дорад, ҳамроҳ бо майдони бозии назди он наздик ба 32 га масоҳатро ташкил  медиҳад. Дар ин сурат ӯ  (агар салоҳияти илмии заруриро низ доро мебуд) метавонист мустақиман зарфҳо ва лӯлаҳои гилини аз он макон пайдошударо низ арзёбӣ намояд. Магар аз дур, надидаю насанҷида қазоват кардан аз рӯи ҷавонмардист ва ё ба шаъни касе ки худро донишманд мепиндорад ва мадраки докторӣ ҳам дорад, зебанда аст?   
Офтобро бо доман наметавон пӯшид! Ва бо гузашти замоне чанд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мавҷудияти чунин тамаддуни бостонӣ дар сарзамини тоҷикон огоҳ хоҳад шуд ва азамати онро эътироф хоҳад кард.
 
Муҳаммадсалом МАХШУЛОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.13    №: 134-135    Мутолиа карданд: 6032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед