logo

муҳоҷират

Муҳоҷиронро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд

8 октябри соли равон дар ҳаёти беш аз 100 оилаи муҳоҷири шаҳри Роғун рӯйдоди хотирмон ба вуқӯъ пайваст. Корвони микроавтобусҳои "Ҳундай-экспресс" онҳоро бо роҳбаладии раиси шаҳри Роғун Шариф Шарифов ба  Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ расонд. Муҳоҷиронро дар ин мавзеъ сокинони деҳаҳои Навбунёду Ишқобод ва роҳбарони як қатор идораю ташкилотҳои ноҳияи Рӯдакӣ бо гулдастаҳо ва нидоҳои "Хуш омадед!"  пешвоз гирифтанд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев муҳоҷиронро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки бо мақсади амалӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмини 100 оилаи  муҳоҷирони дохилии шаҳри Роғун бо заминҳои наздиҳавлӣ дар мавзеи деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Эсанбой чораҳои фаврӣ андешида шуданд. Мувофиқи қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" (аз 11 ноябри соли 2010, №603), "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013 - 2015" (аз 3 декабри соли 2012, №677) ва дигар санадҳои дахлдор Нақшаи генералии  ин мавзеъ, бо назардошти қитъаи замин барои 100 оила, бунёди мактаб, майдони  варзишӣ, кӯдакистон, дорухона, мағозаю роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ тартиб дода шудааст.  Ба ҳар як оилаи муҳоҷир дар асоси қуръакашӣ 0,12 га қитъаи замин ҷудо мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ин қитъаҳоро ройгон дода, ба мерос  гузоштанашонро барои  аъзои оилаҳо муқаррар кардааст.
Муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Темур Табаров таъкид намуд, ки Сарвари давлат роҳбарияти вазоратро муваззаф намудааст, ки ба ҳар як оилаи муҳоҷир  дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда, барои ройгон овардани ҷиҳози хонаҳояшон бо нақлиёт таъмин созад.
- Дар шаҳри Роғун дар хонаи 3-ҳуҷрагӣ се оила зиндагӣ мекардем.  Ба Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён мекунам, ки ба арзи мо расид. Ба шарофати ин марди бузург ва дурандеш имрӯз дар ҳаётам рӯйдоди фаромӯшношуданӣ ба вуқӯъ омада, орзуи хонаводаи мо, дар бораи соҳиби қитъаи замин гардидан, ҷомаи амал пӯшид, - гуфт Фатҳалӣ Зайбуддинов.
- Имрӯз ман барои худаму бародарам Баҳриддин, ки  дар Роғун бо 5 оилаи серфарзанду сернабера ва 4 келин дар хонаи сеҳуҷрагӣ зиндагӣ доштем. Насиб бошад, мо ҳар кадом           соҳиби 12 сотих замин мешавему дар ҳамсоягӣ рӯзгорамонро пеш мебарем. Мефахрем, ки ин рӯзҳои нек таҳти сарварию роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардиданд, - ме-гӯяд нафақахӯр Тасвир Собиров.
 Мувофиқи нақшаи генералии дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №677, аз 12 декабри соли 2012 тартибдодашуда, дар ин мавзеъ барои муҳоҷирони дохилӣ аз шаҳри Роғун ва дигар минтақаҳои кишвар ҷудо кардани 326 қитъаи замин пешбинӣ гардидааст. Бинобар ин, комиссияи ҷамъиятӣ боз ному насаби 10 нафар муҳоҷири шаҳри Роғунро, ки дар рӯйхати қуръакашон набуданд,  ба рӯйхати иловагӣ ворид кард.
Ҳамин тавр, рӯзгори мардум бо саъю талошҳо ва  сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз беҳтар шуда, умеду эътимоди тоҷикону тоҷикистониён ба  Сарвари давлат қавитар мегардад. 

Эмом НАЗАРОВ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.13    №: 134-135    Мутолиа карданд: 25858
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед