logo

сафарҳо

Сафари кории Сарвари давлат ба Исфара

Боздид аз деҳоти
Чоркӯҳ ва Сурх

12 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.
Зимни боздид аз ин ҷамоатҳо, аз ҷумла як мактаб барои 720 хонанда дар 2 баст, 2 варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва 2 коргоҳи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия бевосита шинос шуд.
 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи  марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, 2 маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯхти либос ва пойафзол  ва филиали «Тоҷиксодиротбонк»-ро ифтитоҳ намуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

Ифтитоҳи мактаби нав
дар деҳаи Лангар

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.
Нахуст дар деҳаи Лангар, ки беш аз 7 ҳазор аҳолӣ дорад, мактаби нави сеошёна барои 720 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт.
Деҳаи Лангар яке аз маҳаллаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буда, аз замони шӯравӣ то имрӯз дар он мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 нафар хонандагон 2-3 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари бозор мерафтанд.
Мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то ки наздики 1,5 ҳазор хонанда дар 2 баст фаро гирифта шавад.

Бо Беларусу Полша
шартнома бастаанд 
 
Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии «Қадр» ифтитоҳ ёфт.
Бинои ин марказ аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он коргоҳи хурди коркард ва бастубанди меваи хушк ҷойгир шудааст.   Дар як шабонарӯз беш аз 3 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад, 30 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Абдурофеъ Қосимов, ки ин маркази истеҳсолию хизматрасониро бунёд намудааст, аллакай барои содироти меваи хушк бо давлатҳои Беларус, Полша ва ҷумҳуриҳои назди Балтика шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
То охири сол дар Исфара 10- то чунин корхонаи нав мавриди истифода қарор мегирад ва шумораи умумии онҳо ба 22 мерасад. Иқтидори миёнаи солонаи ҳар яки онҳо 1,5 ҳазор тонна буда, ба ҳисоби миёна 50 нафарӣ дар онҳо кор мекунанд.
Дар ду ошёнаи дигар ду коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар ҳар яке 25-нафарӣ бо кор таъмин гардидаанд. Бо маслиҳати Сарвари давлат  соҳибкор Абдурофеъ Қосимов изҳор дошт, ки дар ин ду толор боз 20 ҷойи нави корӣ муҳайё сохта, пеш аз ҳама дӯхти либоси мактабиро барои хонандагони Чоркӯҳ ба роҳ мемонад.

Варзишгоҳи дорои 5 ҳазор
ҷойи нишаст бунёд шуд

Дар маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Варзишгоҳ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов дар давоми 9 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз шудааст. Соҳибкор моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ барои сохтмони варзишгоҳ замин хоҳиш карда буд. Дархосташ он рӯз қабул шуд. Дар натиҷа чунин варзишгоҳи бошукӯҳ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Толорҳои варзишгоҳ яке барои гӯштин, каратею таэквандо, дигар навъҳои задухурдҳои шарқӣ буда, толори дуюм барои обутоби бадан бо дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми деҳоти Чоркӯҳ, ки дар варзишгоҳ гирд омада буданд,  суханронӣ намуда, пеш аз ҳама ба соҳибкори ин иншоотро бунёднамуда арзи сипос кард. Пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, то имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст. 316-тоаш дар вилояти Суғд сохта шудааст.
Дар майдони калони варзишгоҳ аҳли фарҳанги ҷамоат барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш доданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти
кишоварзон

Дар хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.
Деҳқонони хоҷагӣ ҳар ваҷаб замини корамро пурсамар истифода мебаранд. Дар миёни қаторҳои боғи навбунёд ғаллаи тирамоҳӣ кишт намудаанд ва умед доранд, ки аз ҳар гектараш 82- сентнерӣ гандум бардоранд.
Аз шиносоӣ бо боғи навбунёди себи тирамоҳии хубонӣ аён гардид, ки ин намудҳои себ низ дар Чоркӯҳ хуб парвариш меёбад. Дар миёни қаторҳои боғ  ғалладона кишт намудаанд, ки ҳосилаш фаровон аст.
Дар ин ҷо кишоварзон маҳсули заҳмати худро ба маъраз гузоштанд. Аҳли заҳмат дар парвариши меваю сабзавот, коркарди саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар таҷрибаю маҳорати ибратомӯз доранд.

Ҷамоати деҳоти Сурх соҳиби варзишгоҳ гашт
Дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи бошукӯҳ ифтитоҳ ёфт.
Варзишгоҳ  дорои майдони калони варзишӣ бо 4 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон ва толори зебои обутоби бадан ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ аст.
Иншооти варзишӣ, ки боиси шодию нишоти наврасону ҷавонон ва ҳама дӯстдорони тарзи ҳаёти солим гардид, бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Мухтор Ҳомидов ва Сахиюлло Азизов бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи зеборо ба мардум табрику таҳният гуфта, ба соҳибкорон барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар тарбияи варзишгарони номбардори давлату миллат арзи сипос кард.

3 корхонаи истеҳсолӣ
фаъол шуд

12 октябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, 3 корхонаи истеҳсолиро ифтитоҳ намуд.
Дар оғози боздид аз шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии «Ҷаҳони нав» расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои сеошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат  Деҳқонов бунёд ёфта, дар он ҳоло 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаҳои якум ва сеюми бино толору хонаҳои махсус барои ташкили курсҳои омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Аз донишу малакаи баланди забондонӣ ва кори толибилмон бо технологияҳои муосири иттилоотӣ аён аст, ки таълиму тарбия дар курсҳои омӯзишии ин марказ бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 35 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Аз ҷониби дӯзандагони коргоҳ танҳо ҳамин сол 4000 маҷмӯъ либоси мактабӣ дӯхта шудааст. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки шумораи ҷойҳои корӣ дар ин толор ба 100 расонда шавад, зеро масоҳати он хеле калон аст. Дар ин сурат шумораи ҷойҳои корӣ дар ин бино ба 265 хоҳад расид.
Соҳибкорзани маҳаллӣ Салима Исматова, ки ин толорро ба иҷора гирифта, ин коргоҳи дӯзандагиро ташкил додааст, ҳамчунин тасмим дорад корхонаи шахсии худро тармиму навсозӣ карда, боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи дигари корӣ таъсис диҳад.
Сипас дар маркази шаҳри Исфара боз як маркази истеҳсолию хизматрасонӣ бо номи «Ҳабиб» ифтитоҳ ёфт.
Ин бино ҳам сеошёна буда, дар зарфи 2 сол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мухтор Аъзамов бунёд ёфтааст. Дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаи якуми ин бино аз ҷониби соҳибкори иҷорашин Садриддин Сироҷов коргоҳи дӯхти пойафзоли пашмин ба роҳ монда шудааст, ки ба минтақаҳои шимоли Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои зимистонаш сарду хушк содирот карда мешавад.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино коргоҳҳои дӯзандагии соҳибкорзан Раъно Маҳмудова ҷой гирифтаанд, ки дар онҳо 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маоши дӯзандаҳо аз 700 то 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Иншооти сеюми истеҳсолӣ, ки дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, корхонаи коркарди меваи хушки соҳибкор Фахриддин Қурбонов буд.
Корхона ҳар моҳ то 300 тонна ва дар як сол беш аз 3600 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мекунад.
Дар паҳлӯи ин корхона соҳибкори маҳаллӣ Анвар Шералиев се сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавоти тару тоза бунёд намудааст, ки дар ҳар яке 100- тоннагӣ маҳсулот нигоҳдорӣ мешавад. Соҳибкор бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифт, ки то соли оянда барои 2 ҳазор тонна меваю сабзавот сардхонаи муосир бунёд менамояд. Зеро талабот ба сардхонаҳо дар шаҳри Исфара хеле зиёд аст.

Филиали 86-уми
«Тоҷиксодиротбонк»
дар шаҳри Исфара

Дар маркази шаҳри Исфара аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали 86-уми «Тоҷиксодиротбонк» ифтитоҳ ёфт.
Дар бинои нави боҳашамат бо назардошти ошхонаю меҳмонхонааш 40 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд. Аз ҷониби ин бонк дар шаҳри Исфара бо назардошти ду маркази хизматрасонӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворух 64 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Беш аз 50% кормандони бонкро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Сандуқи қарзии «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Исфара аз 16 миллион сомонӣ иборат аст.

Ҷашни 100 кӯдак ва
15 ҷуфти ҷавон дар гулгашти
Исмоили Сомонӣ

Дар гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи 100 писарча  ва 15 ҷуфти ҷавони навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ба роҳ монда шуд.
Гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо пайкараи боҳашамати  асосгузори нахустин давлати бузурги тоҷикон – Сомониён ба як макони зебою дилнишини сайру тамошои сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ табдил ёфтааст. Дар ин макони зебо ва хусусан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани тӯй дар хотири ин кӯдакону навхонадорон ва наздикону пайвандонашон нақш баста, боиси ифтихору сарфарозиашон хоҳад гашт.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кӯдак яктоӣ телевизору дучарха ва ба ҳар ҷуфти ҷавон яхдону телевизор ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Ба ҳамаи онҳо ёрии  яквақтаи молиявӣ низ расонда шуд.

Варзишгоҳ бо
20 ҳазор ҷойи нишаст

Дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ин шаҳри бостонӣ ифтитоҳ ёфт. Варзишгоҳи дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст бо зебоии худ дар Тоҷикистон назир надорад.
Ба иттилои масъулин, ин иншооти муҳташами варзишӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ барои тарғиби васеи тарзи ҳаёти солим дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба тарбияи ҷисмонию  варзиш ва фатҳи қуллаҳои баланд дар олами варзишии минтақа ва ҷаҳон бунёд ёфтааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари варзишгоҳи боҳашамат суханронӣ намуда, мардуми шаҳри Исфараро бо ифтитоҳи ин иншооти бузурги варзишӣ, ду варзишгоҳи дигар дар деҳоти Чоркӯҳу Сурх ва бо ободонии бесобиқаи ин диёри дурдасти Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба пайравӣ ба корҳои бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “имрӯз дар таърихи шаҳри Исфара бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд”.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.13    №: 136    Мутолиа карданд: 2308
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед