суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ ва мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара, 12 октябри соли 2013
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Имрӯз шаҳри бостонии Исфара намуди идона гирифтааст ва бо ҳузури мардуми сарбаланду меҳнатқарини ин диёри зебоманзари Тоҷикистони азиз, тантанаи мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказӣ, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ин рӯйдоди муҳимро ба тамоми мардуми шарафманди шаҳри Исфара, махсусан ҷавонону варзишгарон, табрик гуфта, итминон дорам, ки ин варзишгоҳ ба макони баргузории на танҳо мусобиқоти варзишӣ, балки маркази чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар маъракаҳои оммавӣ тадбил хоҳад ёфт.
Моҳи июни соли гузашта дар охири сафари корӣ ба шаҳри Исфара дар ҳамин варзишгоҳ бо аксарияти шумо мулоқот доштам ва дар ҳузури чандин ҳазор нафар варзишгарони касбӣ ва ҷавонону наврасон, ки барои гусели мо канори ҳамдигар ҷамъ омада буданд, супориш дода будам, ки ин варзишгоҳ дар фурсати кӯтоҳтарин пурра азнавсозӣ гардида, бо 20 ҳазор ҷойи нишаст ба истифодаи умум супурда шавад.
Ниёгони шарафманди мо дуруст фармудаанд, ки дуои халқ ҳамеша мустаҷоб мешавад. Хушбахтона, аз баракати дуои неки мардум ва натиҷаи амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат имрӯз варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара пурра азнавсозӣ гардида, ба як иншооти бисёр зебои варзишӣ табдил ёфтааст, ки минбаъд дар он баргузории тантанаҳои бузурги мардумӣ, ҷашну чорабиниҳои гуногун ва инчунин мусобиқоти варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ имконпазир хоҳад шуд.
Ин варзишгоҳи муҳташами замонавӣ дар як муддати кӯтоҳ бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ бунёд гардида, ба симои зебоманзари Исфараи бостонӣ ҳусни тоза зам карда истодааст. Бояд махсус таъкид намуд, ки дар вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Исфара намунаи ибратбахши ҳамкориву шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷабҳаи созандагиву ободкориҳо васеъ ба роҳ монда шудааст, ки боиси ҳалли саривақтии бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтарсозии шароити иҷтимоии аҳолӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, ба ҳамаи онҳое, ки иқдомҳои наҷиби созандаро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи азизи Ватанамон дастгирӣ намудаанд ва дар ин кори хайр саҳмгузоранд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро изҳор менамоям.
Бовар дорам, ки мардуми саодатёру заҳматпешаи Исфараи бостонӣ минбаъд низ ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим беш аз пеш саъю талош намуда, бахусус дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Варзиш яке аз машғулиятҳои мақбул ва писандидаи ниёгонамон буда, зарур аст, ки барои ба камол расонидани насли солиму пурқувват, чобуку ҷасур аз варзиш ва тадбирҳои варзишӣ босамар истифода карда шавад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз эҳтиёҷи ҳимояи давлат ва марзу буми он, тайёр намудани қувваҳои қобили меҳнат нақши муҳими варзишро дар ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мекард.
Дар айёми таҷлили бузургтарин ҷашнвораҳои миллии ниёгони мо, чун Наврӯзу Меҳргон ва Сада баргузор шудани бозӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ гувоҳи он аст, ки фарҳанг ва варзиши миллии ниёгони мо тавъам ба ҳамдигар рушд намуда, барои таъмини зиндагии шоиставу оростаи мардуми тоҷик хизмат кардаанд.
Маҳз ҳамин суннати олии посдории пайванду ягонагии фарҳанг ва варзиши миллӣ дар андешаи ниёгон буд, ки имрӯз низ варзиш дар фазои истиқлолият ва соҳибдавлатии мо чун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти фарҳанги навини халқамон дар пешбурди сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон таъсири пурфайзе мегузорад.
Рушду инкишофи варзиш ва дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани он яке аз омилҳои муҳими таъмини саломатии ҷомеа ва мусоидат ба тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар баробари ин, варзиш василаи тавоною самараноки ташкил ва баргузории истироҳату фароғат, омили муҳими ба ҳам овардани инсонҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмиву эътимод ва дӯстиву рафоқат миёни одамон эътироф шудааст.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки бо дастгирии давлат ва дар сатҳи меъёрҳои замонавӣ бунёд гардидани варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара, ба истифодаи умум супурда шудани ду варзишгоҳи нави замонавӣ дар ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ, ки яке 4 ҳазор ва дигаре 5 ҳазор ҷойи нишаст доранд, инчунин чандин толорҳои варзишии муҷаҳҳаз ва муосир дар шафати ин иншооти бузурги варзишӣ ба пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мусоидат намуда, ба насли наврас ва ҷавонон ҳамчун идомадиҳандагони беҳтарин анъанаҳои неки варзишгарони номии кишвар дар ташаккули ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш хизмат хоҳанд кард.
Муҳимтар аз ҳама, тавассути варзиш насли ҷавони солими дорои руҳияи баланди ватандӯстӣ ва фарзандони далеру шуҷоъ ба камол мерасанд. Дар ин ҷода, сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама падару модарон, фаъолону зиёиён, кормандони соҳаи маориф ва созмонҳои наврасону ҷавонон вазифадоранд, ки ҷиҳати таълиму тарбияи ҷавонон, рушду камолоти ҷисмониву зеҳнӣ ва ташаккули эҳсоси гарми садоқат ба Ватан-модар дар замири ҷавонон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Шаҳри Исфара яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки дар рушди тамаддуни умумимиллиамон саҳми арзанда гузошта, теъдоди зиёди шоирону нависандагон, олимону фозилони номвар ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятиро ба камол расонидааст.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ мардуми фарҳангсолори Исфара бо нексириштиву меҳнатдӯстӣ, меҳанпарастиву бунёдкорӣ ва созандагиву ободкорӣ ном баровардаанд.
Исфара аз ҷумлаи он шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба шумор меравад, ки дар муносибат бо ҳамсоягони худ таҳаммулпазирӣ, равобити неку таҳкими муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ монда, дар заминаи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон фарҳанги ҳамсоядорӣ ва ҳусни тафоҳумро таҳким мебахшад.
Ҳангоми сафарҳои кориам ба ин диёри куҳанбунёд эҳсос менамоям, ки мардуми сарбаланд ва фарҳангпарвари Исфараи бостонӣ дар ободонии Ватани азизамон саҳми шоиста мегузоранд. Боздиди имрӯза низ собит менамояд, ки ҳамаи табақаҳои аҳолии шаҳр, аз ҷумла кишоварзону саноатчиён, кормандони соҳаҳои иҷтимоиву варзишгарон ва тоҷирону соҳибкорон ҳама аз пайи ободикориву созандагии кишвар ҳастанд.
Махсусан, афзудани шумораи коргоҳҳои истеҳсолӣ ва бунёди иншооти муҳими иҷтимоиву хизматрасонӣ дар фурсати кутоҳ худ беҳтарин тафсиргари ин фарҳанги ташаббускории мардуми сарбаланди шаҳр буда, дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии мардум ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки сокинони заҳматпешаи шаҳри Исфара мисли ҳар як шаҳрванди худогоҳу миллатдӯст ва ватанпарвар бо тамоми ҳастӣ дарк намудаанд, ки бузургтарин неъмат барои миллат истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ мебошад ва аз ин рӯ, ҷиҳати амалисозии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат пайваста азму талош доранд.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ ва тадриҷан зиёдшавии аҳолии кураи замин масъалаҳои аз худ кардани сарватҳои табиӣ, бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамзамон бо ин, рақобати иқтисодиву тиҷоратии байни кишварҳои олам шиддати бесобиқа гирифтааст. Чунин вазъият моро водор месозад, ки ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, густариши эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии мардум, бахусус наврасону ҷавонон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоем.
Дӯстони азиз!
Шаҳри Исфара яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат ба шумор рафта, дар ин ҷо истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ, инчунин ангишт ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон бо ин, солҳои охир дар шаҳр раванди ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва банду басти он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва дар ин замина афзудани иқтидори содиротии кишвар ба мушоҳида мерасад, ки ин падида воқеан шоистаи таҳсину дастгирӣ мебошад.
Ҳоло дар шаҳри Исфара 40 корхона, аз ҷумла 21 корхонаи калон ва 19 корхонаи хурд фаъолияти худро дар рушди бахшҳои мухталифи саноати кишвар ба роҳ мондаанд. Дар баробари ин, дар шаҳри Исфара имкониятҳои рушди саноат ҳанӯз хеле зиёданд.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазир, инчунин рушди саноати кимиёву металлургияи ранга мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Танҳо дар ҷараёни сафари имрӯза ба шаҳри Исфара мо шоҳиди ба фаъолият оғоз кардани боз 4 корхонаи нави хурди истеҳсолӣ, чандин марказҳои хизматрасонӣ ва меҳмонхона шудем, ки маҷмӯан дар онҳо қариб 1000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст ва ин дастоварди воқеан хуб баёнгари он аст, ки ташаббуси ватандӯстонаи сокинони шаҳри Исфараи бостонӣ метавонад дар оянда низ барои пешрафти ҳамаҷонибаи зиндагии мардум мусоидат намояд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқиро фароҳам оварда, инчунин тамоми тадбирҳои заруриро ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ амалӣ менамояд. Имрӯз дар шаҳри Исфара мо шоҳиди он гардидем, ки пуштибонии давлатӣ аз рушди соҳибкорӣ натиҷаҳои бисёр хуб додааст. Маҳз бо ташаббуси ҷавонмардони баландҳиммат ва соҳибкорони бонангу номус варзишгоҳҳои замонавӣ, корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк, нигоҳдории меваи тару тоза ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Бояд зикр кард, ки маҳз соҳибкорон дар сохтори маҳсулоти саноатии шаҳри Исфара дар чанд соли охир таҳаввулоти ҷиддиро ворид намуданд. Дар давоми 7-8 соли охир дар шаҳри Исфара 12 корхонаи коркарди мева ва банду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло иқтидори умумии корхонаҳои коркарди мева беш аз 20 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин дар ноҳия дар давоми солҳои охир майдони боғу токзор густариш ёфта, ба масоҳати қариб 1500 гектар зиёд шудааст. Дар натиҷа истеҳсол ва содироти бефосилаи меваи хушк ба хориҷи кишвар таъмин шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар зардолу ва дигар меваҳое, ки дар вилоят истеҳсол мешаванд, коркард ва бастубанд карда шаванд, пас даромад аз ин ҳисоб чанд баробар зиёд мегардад.
Боиси қаноатмандист, ки дар шаҳри Исфара сафи соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша, ки бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар шудани имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагии ҳамдиёрони худ саҳми арзанда мегузоранд, афзоиш меёбад.
Ман бо истифода аз ин фурсати муносиб ба тамоми соҳибкорони ин шаҳри бостонӣ барои чунин иқдомҳои ватандӯстонаашон сипоси самимии худро изҳор менамоям. Бовар дорам, ки ин натиҷаҳои назарраси фаъолияти шумо на танҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ меёбад, балки аз тарафи тамоми мардуми шарафманди шаҳри Исфара низ бо дуои нек қадрдонӣ мегардад.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар давоми солҳои истиқлолият дар шаҳри Исфара ва деҳоти он даҳҳо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ қомат афрохтанд, ки ин ҳама бешак ба пешрафти маънавиёт ва сатҳи донишу маърифати мардум мусоидат менамояд. Дар ин давра дар ноҳия бештар аз 70 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои наву синфхонаҳои иловагӣ барои 12 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас чораҷӯӣ менамояд, зеро маориф ҳамчун соҳаи ояндасоз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади эҳёву рушд, беҳтар кардани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал ду барномаи махсус, аз ҷумла «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 - 2017» ва “Нақшаи барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳраки Шӯроб барои солҳои 2011 - 2015”-ро қабул кардааст, ки амалишавии онҳо ба рушди босуботи ноҳия, ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Татбиқи амалии «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» 338 лоиҳаро фаро гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо қариб якуним миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар оғози татбиқи барнома, яъне аз аввали ҳамин сол татбиқи 177 лоиҳа шурӯъ гардида, барои ин кор аз ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ 105 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки дар ин самт, яъне иҷрои саривақтиву босифати барнома чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара вазифадоранд, ки ҷиҳати дар муҳлатҳои пешбинишуда амалӣ намудани «Нақшаи барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд барои солҳои 2011-2015» чораҳои судманд ва мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Бори дигар таъкид менамоям, ки Исфара яке аз қадимтарин шаҳрҳои кишвари мо маҳсуб мешавад, ки бар асоси тадқиқоти олимон ва бостоншиносон таърихи ин сарзамини бостонӣ ба зиёда аз се ҳазор сол қабл тӯл мекашад.
Дар аксари сарчашмаҳои таърихии асри даҳум - замони кишвардории Сомониёни бузург номи Исфара ва ҳатто чанде аз рустоҳои он тазаккур ёфтаанд, ки ин амр шоистаи ифтихор мебошад.
Бо ишорат ба мақому манзалат ва ҷойгоҳи таърихии ин шаҳри бузург дар фарҳанги миллии мо ба поён бурдани сухан бесабаб нест. Зеро ёдоварӣ аз арзиш ва мақоми Исфара дар қаламрави таърих, ки ҳамаи шумо чун фарзандони ин диёри соҳибфарҳанг аз он огоҳии бештар доред, ба хотири он аст, ки имрӯз ҳар яки шумо сокинони баору номуси ин сарзамин бояд, пеш аз ҳама, барои ҳифзи шуҳрати ин қаламрави таърихӣ талош варзед.
Шаҳре, ки дар масири таърих беш аз се ҳазор сол ба миллат хизматҳои бузургеро ба иҷро расонида омадааст, имрӯз низ дар марҳалаи навини таърихи соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамон рисолати хешро ба анҷом расонад. Итминон дорам, ки ҳар яки шумо - шаҳрвандони баору номуси ин сарзамини бостонӣ ҷиҳати ба натиҷаҳои баланди рушд расидани шаҳри Исфара минбаъд низ садоқатмандона хизмат хоҳед кард.
Дар охир ҳамаи сокинони шаҳри бостонии Исфараро ба ифтихори иди саиди Қурбон, ки ду рӯз баъд фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори ободу пурфайз ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагиҳо ва эҷоди зиндагии шоиставу пурбаракат барору комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.13 №: 136 Мутолиа карданд: 4020