суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, 12 октябри соли 2013
Ҳамватанони гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Чанд лаҳза пеш мо дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар маросими ба истифода додани варзишгоҳи нави замонавӣ ширкат доштем ва инак боз як варзишгоҳи дорои шароити хубу муҷаҳҳазро дар Ҷамоати деҳоти Сурх ба истифода супурдем.
Ин иқдом, пеш аз ҳама, натиҷаи неки раванди ободкориву созандагии Ватанамон, гувоҳи рушди деҳоти кишвар ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар самти инкишофи варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошанд.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро ба муносибати чунин рӯйдоди фараҳбахш, яъне ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ дар ин гӯшаи зебоманзари диёрамон табрик гуфта, ба кулли сокинони Ҷамоати деҳоти Сурх ва шаҳри Исфара сиҳатмандӣ, файзу баракати рӯзгор ва хонаи обод орзу менамоям.
Сохта ба истифода додани чунин иншооти дорои шароити хуби варзишӣ дар як деҳаи дурдасти кишварамон далели равшани боз ҳам ободу зебо шудани як гӯшаи диёрамон буда, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, инчунин ҷиҳати гузаронидани дигар чорабиниҳои оммавӣ имконияти беҳтарин фароҳам меорад.
Дар “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017», ки соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардид, дар баробари сохтмони дигар иншооту биноҳои замонавӣ бунёди якчанд майдонҳои варзишӣ дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Сурх, Навгилем, Чилгазӣ ва Шаҳрак пешбинӣ гардидааст, ки мо аз ҷумлаи онҳо имрӯз ду варзишгоҳро дар деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх ба истифода супурдем ва сохтмони варзишгоҳҳои дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Маҷмааи варзишии Ҷамоати деҳоти Сурх барои чор ҳазор ҷойи нишаст сохта шуда, дорои толорҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гӯштин, бокс, вазнбардорӣ ва дигар навъҳои варзиш мебошад. Бунёди варзишгоҳи имрӯза бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла соҳибкори баландҳиммат Мухтор Ҳомидов аз аввали соли ҷорӣ оғоз шуда, дар як муддати кӯтоҳ омодаи баҳрабардорӣ гардид, ки иқдоми неки чунин фарзандони Ватан, албатта, шоистаи таҳсин мебошад.
Азми қавии фарзандони Исфараи овозадор на танҳо боиси ободии диёр гардидааст, балки чеҳраҳои нуронии мардуми меҳмоннавози онро тасхир намудааст, ки иштироки хурду калони деҳот дар рӯйдоди имрӯза шоҳиди ҳол мебошад. Воқеан, дар давоми солҳои охир сохтмони иншооти истеҳсолӣ ва биноҳои таъиноти иҷтимоиро вусъат бахшидани соҳибкорони ватанӣ нишонаи рушди соҳибкории хурду миёна на танҳо дар шаҳри Исфара, балки дар деҳоти он низ мебошад.
Давлату Ҳукумати мамлакат дар навбати худ иқдоми созандаи соҳибкоронро дар рушди деҳот ҳамеша дастгирӣ мекунад. Мо вобаста ба рушди деҳоти дурдасти кишвар як силсила нақшаву барномаҳои давлатӣ қабул намудаем, ки дар онҳо рушди ҳамаи бахшҳои ҳаёти сокинони деҳот пешбинӣ шудааст.
Имрӯз зимни боздид мо мушоҳида кардем, ки дар ҳудуди ҷамоат иншооти зиёди иҷтимоӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки аксари онҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо тарҳу намуди замонавӣ бунёд карда шудаанд.
Тибқи маълумот масоҳати умумии Ҷамоати деҳоти Сурх 1700 гектар буда, 1400 гектари ҳудуди онро заминҳои таъиноти кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Сурх бо истифода аз маданияти баланди заминдорӣ боғдориву сабзавоткориро дар ин мавзеъ хеле тараққӣ додаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷамоат дар давоми як сол зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил дода, ҳар сол қариб ҳазор тонна меваҷоти тару тоза ва хушк истеҳсол карда мешавад.
Шубҳае нест, ки боғдорони номдори Ҷамоати деҳоти Сурх ва умуман шаҳри Исфара минбаъд низ намунаи маданияти баланди заминдорӣ нишон дода, бо истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замин барои зиёд кардани истеҳсоли мева ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он саъю кӯшиш хоҳанд кард.
Дар баробари соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард дар деҳоти Сурх ба рушди соҳаи маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Ба аҳолии ҷамоат маркази саломатӣ, хонаи маданият, китобхона, инчунин маҷмааи истироҳатӣ, меҳмонхона, нуқтаҳои бонкӣ ва дигар марказҳои муосир хизмат мерасонанд.
То имрӯз дар натиҷаи ғамхории Ҳукумати мамлакат мушкилоти асосии сокинони ҷамоати мазкур, яъне эҳтиёҷот ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳалли худро пайдо намуда, барои сохтмони манзил ба 530 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст, яъне қариб чор ҳазор нафар сокинон шароити манзили худро беҳтар намудаанд. Танҳо соли гузашта тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз мавзеи Моҳпарӣ ба 80 оилаи ҷавон қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.
Дар давоми солҳои охир дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурх се пули нав бунёд ва чор пули мавҷуда азнавсозӣ шуда, бо иқдоми соҳибкорони диёр хати оби нӯшидании деҳаи Найман бо арзиши зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Инчунин, соли гузашта бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳи Исфара-Ворух, ки аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурх мегузарад, 10 километр роҳ бо маблағузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва хоҷагиҳои кишоварзиву соҳибкорони маҳаллӣ таъмир гардидааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки дар боло зикр намудам, тӯли солҳои охир татбиқи стратегияву барнома, нақша ва дигар ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи Ҳукумат оид ба рушди шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо босуръат таъмин шуда истодааст. Бо вуҷуди ин, барои рушди босуръати минтақаҳо зарур аст, ки ҳар як шаҳру ноҳия нақша ва барномаи рушди худро дошта бошад. Зеро қабули барномаи рушд як навъ роҳнамои сохтору мақомоти маҳаллӣ буда, ҷиҳати давра ба давра амалӣ гардидани тадбирҳои нақшавӣ низоми муайянро муқаррар месозад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки тадбирҳои ба нақша гирифташуда воқеӣ ва иҷрошаванда бошанд. Гузашта аз ин, барномаи рушди шаҳру ноҳияҳо василаи асосии сари вақт гузаронидани таҳлил ва омӯзиши раванди рушди соҳаҳо буда, дар муайян намудани иқтидори иқтисодии маҳалҳо ва рафъи мушкилоти онҳо мусоидат мекунад.
Дар ин ҷода Ҳукумати мамлакат барои амалӣ гардидани барномаи рушди маҳалҳои кишвар корҳои банақшагирӣ ва иҷрои тадбирҳоеро ба роҳ мондааст, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва паст кардани сатҳи бекорӣ дар сатҳи маҳалҳо, хусусан деҳоти дурдаст мебошад.
Дар панҷ соли охир ҷиҳати иҷрои ин мақсад лоиҳаи «Иқтидори маҳалливу минтақавӣ оид ба таҳия ва мониторинги барномаи рушд ва тартибдиҳии буҷет» амалӣ карда шуд, ки дар доираи он дар 15 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Исфара як силсила барномаҳои рушд татбиқ гардиданд.
Аз шумораи умумии нақшаҳои барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тарҳрезишуда 13 фоиз ё 8 адади он ба шаҳри Исфара тааллуқ дорад. Ҳоло дар ҷамоатҳои Сурх, Ворух, Кӯлканд, Лаккон, Навгилем, Сомониён, Шӯроб ва Чоркӯҳ нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ тарҳрезӣ гардида, мавриди амал қарор доранд. Барои татбиқи самараноки нақшаҳои зикршуда ҷалби беш аз 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Сурх ва ҳалли мушкилоти он амалӣ шудани 10 лоиҳа бо маблағи умумии қариб 76 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур сохтмони бунгоҳи тиббӣ, бинои мактаби нав барои 960 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Ҳазорчашма, сохтмони шабакаи обтаъминкунии деҳот, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Тахтапул, инчунин таъмиру азнавсозии пул дар деҳаи Сурх бояд амалӣ карда шавад. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ сохтмони иншоот ва шабакаи обтаъминкунии деҳаи Найман анҷом дода мешавад.
Дӯстони гиромӣ!
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шоҳроҳи рушди устувори иқтисодӣ ворид гардида, сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст.
Албатта, дар зиндагии ҳамарӯзаи мо ҳанӯз мушкилот ва камбудиҳои зиёд вуҷуд доранд, вале ҳамаи онҳо ҳалшаванда буда, танҳо аз мову шумо завқу хоҳиш ва ҳисси масъулиятро тақозо дорад.
Эъмори ҷомеаи сифатан нав ва ба давлати тараққикарда табдил додани Тоҷикистон мақсаду мароми давлат ва Ҳукумат ва тамоми сокинони мамлакат буда, меҳвари асосии ин ҳадафро тарбияи насли худогоҳ, ватандӯст ва дорои тафаккури солим ташкил медиҳад.
Бо ин мақсад тайи чанд соли охир мо ба масъалаи ташкили инфрасохтори муосири мактабу маориф ва дар заминаи он баланд бардоштани донишу маърифати ҷавонону наврасон ва таҳкими маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода истодаем.
Дар ин самт ду сол пеш ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи боз ҳам бештари волидайн нисбат ба ояндаи неки фарзандон Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд. Қонуни мазкур, инчунин Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ҳамчун қонунҳои миллӣ ба ташаккули ҷомеаи солим нигаронида шудаанд.
Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи ташаккули ҷомеаи муосир аз ҳар як падару модар тақозо мегардад, ки бо мақсади таъмини ояндаи неки фарзандон ва зиндагии осудаи онҳо ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ зоҳир намоянд. Зеро дар оянда танҳо тавассути ба воя расонидани насли босаводу хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар, худшиносу бонангу номус ва забондону дорои ҷаҳонбинии нав мо метавонем ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳон бошем.
Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили яке аз рӯзҳои муҳим ва муқаддаси дини мубини ислом - иди Қурбон қарор дорем, ки онро ҳамасола дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии устувор ва саъю талошҳои созандаву бунёдкорона истиқбол мегирем.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро ба муносибати ин иди саид табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, камолоти неки фарзандон ва баракати рӯзгорро орзу менамоям. Инчунин бовар дорам, ки дар арафаи ин иди суннатӣ шахсони дорову тавонманд иҷрои яке аз фазилатҳои неки иди Қурбон - дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳоро ба ҷо оварда, соҳиби савоби зиёд хоҳанд шуд.
Ман ба азму иродаи қавии мардуми баору номуси шаҳри Исфара итминони комил дорам, ки онҳо минбаъд низ таҳти парчами ваҳдату ягонагӣ аҳлонаву сарҷамъона заҳмат кашида, ин гӯшаи номдори кишварамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд. Бовар дорам, ки сокинони ин гӯшаи зебои диёрамон саҳми арзандаи худро дар татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат гузошта, бо вусъати корҳои созандагӣ ва бо ҷавонмардии худ фарзанди асили Ватан буданашонро исбот менамоянд.
Бори дигар барои истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос намуда, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳату рӯзгори обод ва барори кор орзумандам.
Доимо сарбаланду хонаобод бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.13 №: 137 Мутолиа карданд: 3955