logo

илм

Кашфиёти амалинашуда

Кӯшишҳои ангуштшумори аз партовҳои маишӣ ва баргҳои хазон истеҳсол кардани маҳсулоти ниёзи мардум ҳамоно идома дорад. Рӯзнома  соли гузашта матлабҳоеро аз бозёфти олимони соҳаи кишоварзӣ дар бобати истеҳсол кардани нурии минералии биокомпост ба табъ расонида буд. Имрӯз биокомпостро кишоварзони шаш хоҷагии деҳқонии шаҳри Ваҳдат бо маслиҳату тавсияҳои илмӣ аз хазону хасу хошок ва партовҳои маишӣ тайёр намуда, барои афзун кардани ҳосилнокии қитъаҳои замин бомуваффақият истифода мебаранд.

Коргарони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш» дар бобати аз партовҳои сахти маишӣ – баклашка, пасмондаҳои пластмасӣ ва полиэтилению селофанӣ  истеҳсол кардани зарфҳои рӯзгорро  ба роҳ монда, сатилу тағораи  аз лиҳози сифат ва пурдоштӣ нисбат ба чунин маҳсулоти воридотии хориҷӣ даҳҳо бор беҳтар истеҳсол мекунанд.
Директори КВД «Тоҷиктекстилмаш» Саъдулло Талбаков аз бозёфти хеле ҷолиби коргарони корхона дар бораи аз барги чанор истеҳсол кардани лӯлача (брикет) ва ҳаббҳои сӯзишворӣ ҳарф зада, моро ба ҳайрат овард.
- Дар сурати васеъ ба роҳ мондани истеҳсолот ин лӯлачаю ҳаббҳоро метавонем  дар рӯзгор ба ҷойи ангишт ва неруи барқ истифода барем, - кашфиёташонро шарҳ дода гуфт С. Талбаков. – Ин ҳазорҳо бех дарахту буттаро аз нобудшавӣ эмин медорад ва ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд.
Дастгоҳҳои назарногири истеҳсоли лӯлаи сӯзишворӣ аз барги чанор дар сехи васлгарии корхона насб гардидаанд. Сардори сехи васлгарӣ Назрихӯҷа Миралиев  ба  тӯдаи партове ишора карда гуфт:
- Ин тӯдаи дар дастгоҳ резакардаи барги чанор аст.  Коргарон барги чанорро аз миёни партовҳое, ки ба корхона аз шаҳр мошин-мошин меоранд, як-як ҷудо карда, дар дастгоҳ реза мекунанд. Барги резашуда дар дастгоҳи дигар таҳти фишор ва ҳарорати   баланд ба лӯлача табдил меёбад. Маълум шуд, ки дастгоҳҳои лӯлатайёркунӣ истеҳсоли Чин буда, коргарон Мубошир Айёмбеков, М. Алимардонов ва Зебунисо Холова  онҳоро идора менамоянд. Санҷишҳои аввалин бомуваффақият анҷом ёфта, дар сурати харидор пайдо кардан истеҳсоли лӯлачаи сӯзишвориро доимӣ ба роҳ мондан мумкин аст.
- Истеҳсоли лӯлача аз барги чанор барои мо як навъ саргармӣ (хобби) аст. Мо исбот карда истодаем, ки дар сурати дуруст ташкил кардани истеҳсолот ва маблағгузорӣ чунин сӯзишвориҳои арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаро бештар тавлид карда метавонем, - мегӯяд сарвари корхона С. Талбаков.
Воқеан,  ҳар сол дар фасли тирамоҳ бахусус дар пойтахти кишварамон  садҳо тонна барги дарахтон ва хасу хасрӯба сӯзондаву атмосфера заҳролуд карда мешавад. Вале бозёфтҳои олимону мутахассисон дар бобати аз ин партовҳо истеҳсол кардани нурии биокомпост, сӯзишвориҳои биологию лӯлача ва ҳабби сӯзишворӣ дастгирӣ наёфта, ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд.

Эмом НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.13    №: 138-139    Мутолиа карданд: 5438
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед