logo

маориф

Минтақаи Кӯлоб: муассисаҳои томактабӣ намерасанд

Дар шаҳри Кӯлоб муассисаҳои томактабӣ, ки солҳо боз дар мувозинати бархе аз корхонаҳои давлатӣ буданд, дубора ба ҳолати аввала баргардонда мешаванд.
Фаъолияти муассисаи томактабии №10, ки аз соли 1999 ҳамчун дармонгоҳ-беморхонаи тиббӣ дар мувозинати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, қатъ шуда, ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Феълан дар шаҳри Кӯлоб 9 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 995 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Бино ба иттилои раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ соли 2013 - 110 нафар зиёд гардида, ба тарбияи кӯдакон 27 мураббӣ  машғуланд.
Анварбӣ Шарифова, мушовири муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" иброз дошт, ки бо вуҷуди фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабии мавҷуда талабот ба муассисаҳои нав зиёд аст.
"Дар муассисаи томактабии №10, ҳамакнун 200 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. Кӯдакистони № 6, ки солҳои дароз ба таъмир ва таҷҳизондан ниёз дошту фаъолият намекард, ба фаъолият оғоз бахшид. Алҳол 50 кӯдак дар ин ҷо парвариш меёбад",-афзуд Анварбӣ Шарифова.
Тавваҷуҳ ба кӯдакони маъюб аз мадди назари раёсати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дур намондааст. Соли ҷорӣ дар шафати кӯдакистонҳои № 3 ва 7 барои  кӯдакони маъюб ду бинои нав сохта, мавриди истифода қарор доданд. Бинои кӯдакистон барои маъюбон дуошёна буда, шароит ва талаботи нигоҳубини онҳо фарқ дорад. Барои тарбияи онҳо мутахассисони махсус омода карда шуданд.
Дар шафати мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ва 32 биноҳои иловагӣ - синфхонаҳо барои ҷалби кӯдакони синни томактабӣ таъсис ёфтанд.
Ба гуфти муррабиён ва мутахассисони соҳа сарфи назар аз фаъолияти 9 муассисаи томактабӣ барои қонеъ гардондани талаботи ҷомеа ва фарогирии кӯдакон ба тарбия зарурати кушодани ингуна муассисаҳои томактабӣ вуҷуд дорад. Агарчӣ дар ҳар як маҳаллаи шаҳри Кӯлоб як кӯдакистон фаъолият мекунад.
Дар 21 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб гурӯҳи  омодагӣ ба мактаб - инкишофи нутқ ташкил шуд, ки ба онҳо кӯдакони синни 5 ва 6 - сола ҷалб шудаанд. Дар наздикии онҳо кӯдакистонҳо фаъолият надоранд. Лоиҳаи мазкур аз соли 2010 бо ташабусси Вазорати маориф ва ЮНИСЕФ (барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кӯдакон) роҳандозӣ шудааст, ки айни ҳол 377 кӯдакро ба таълим фаро гирифтааст.
Кӯдакони ин гурӯҳҳо ҳам бо барномаи рушди томактабии аз тарафи Вазорати маориф тасдиқ ва пешниҳодгардида, ки дар ҳамаи муассисаҳои томактабӣ омӯзонда мешавад, фаро гирифта шудаанд. Аммо вақти машғулияти онҳо то нимрӯзӣ пешбинӣ гардидааст. Ба кӯдакон забонҳои англисӣ ва русиро ҳам меомӯзонанд.
Вазъи муассисаҳои томактабӣ дар деҳоти шаҳри Кӯлоб дигар аст. Дар ин ҷо кӯдакистонҳо фаъолият намекунанд, ки ин ҳолат то андозае дар тарбияи то синни мактабии кӯдакон бе таъсир нест.  Аммо дар ноҳияи Восеъ ҳамагӣ як кӯдакистон фаъолият мекунад ва он ҳам дар маркази ноҳия мебошад. Дар он 120 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои кӯдакистон надошта, гурӯҳҳои тайёрии инкишофи нутқ барои синни томактабӣ дар назди мактабҳои таҳсилоти миёна кушодаанд. Дар ноҳияи Восеъ то ба ҳол аз ин таҷриба истифода нашудааст. Дар назди ягон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин гурӯҳҳои тайёрӣ вуҷуд надоранд. Дар ҳоле ки кӯдакистон зинаи аввалини тарбияи инсон ба ҳисоб рафта, дар рушди зеҳнии онҳо нақши муассир дорад.

Ҳ САНГОВА,
"Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.13    №: 141    Мутолиа карданд: 6032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед