logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Минск

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Минск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Белорус мулоқот намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои як гӯшаи шаҳри Минск қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Садо додани Суруди миллӣ ва бардошта шудани Парчами Тоҷикистон аз ифтитоҳи бинои нави сафорат дар Ҷумҳурии Белорус башорат дод.
Бинои нави сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бино дорои толори барҳавои маҷлисӣ, ҳуҷраҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ роҳбарият ва кормандони сафоратро бо ифтитоҳи бинои нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд самараи кори онҳо дар роҳи рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Белорус бештару беҳтар мегардад.
Табрикоту таманниёти наку ба онҳо, ҳамчунин аз ҷониби муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин баён гардид.
Дар боғи зебои Сафорати Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин яктоӣ ниҳоли себ шинонда шуд.
Дар толори маҷлиси бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Белорус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо наздики 100 нафар тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус мулоқот намуд, қисмате аз онҳо донишҷӯён мебошанд. Умуман дар Ҷумҳурии Белорус ҳоло беш аз 200 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ таҳсили илм доранд.
Сипас миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус маҳфили пурсишу посух баргузор гардид.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск, дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳайси меҳмон иштирок дошт  ва андешаронӣ кард.
Ба ҳайси меҳмон дар ин ҳамоиш низ сарони давлатҳои Арманистону Украина ва намояндаи Қирғизистон иштирок доштанд.
Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамгироии иқтисодӣ, муттаҳидсозии имконоти муштарак, дурнамои тавсеаи Иттиҳоди гумрукӣ ва  ташкили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шуданд.
Ба Иттиҳоди гумрукӣ давлатҳои Белорус, Русия ва Қазоқистон шомиланд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.13    №: 142    Мутолиа карданд: 2104
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед