logo

президент

Омодагӣ ба ҷашни 3000 - солагии Ҳисор баррасӣ гашт

23 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба омодагӣ ва таҷлили ин ҷашн, аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони бонуфузи ноҳияи Ҳисор машварати корӣ доир намуд.

Ҷашни 3000-солагии Ҳисор моҳи сентябри соли 2015 таҷлил мегардад. Дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузорӣ, буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор садҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.
Доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн муовини раиси Кумитаи тадорукот, муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов ва дигар шахсони масъул ҳисобот доданд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, варзишгоҳи бузурги марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, чанд мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаи нави марказӣ ва якчанд иншооти дигари тиббӣ, китобхонаю осорхона, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ, аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар ин муҳлат мушкили норасоии оби нӯшиданӣ бартараф  ва навсозии шабакаи обу корези маркази ноҳия анҷом меёбад, зеристгоҳи барқии 220 киловолта бунёд мегардад. Беш аз 130 иншооти дигар, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта, ба кор дароварда хоҳанд шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки "ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст". Тавре иттилоъ дода шуд, барои таҳти васояти ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ба ин созмон дархости Ҳукумати кишвар фиристода шудааст.
Роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои масъули ҷумҳуриявӣ қавл доданд, ки барои дар сатҳи матлуб омодагӣ дидану таҷлил намудани ин ҷашнвораи пурифтихор аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода мебаранд. Аз нақшаҳои иштироки худ дар ободонии ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла соҳибкорони бонуфузи ин водии файзбор Ҷамшед Зиёев, Маҳмадӣ Тӯраев, Қурбон Неъматов, Рустам Саидов, Ашӯралӣ Раҳматзода, Мавҷуда Ҳакимова ва Асадулло Абдуллоев изҳори андеша карданд. Танҳо аз ҷониби Рустам Саидов дар маркази Ҳисор як мактаб, ду кӯдакистон, як бинои шашошёнаи истиқоматӣ ва як шаҳраки замонавии иборат аз 187 хонаҳои истиқоматии ду ва сеошёна бунёд меёбанд. Ашӯралӣ Раҳматзода азм дорад, ки як терминали нақлиётӣ, як меҳмонхонаи дорои 200 ҷойи хоб ва як силсила биноҳои нуҳошёна бунёд намояд. Соҳибкори маҳаллӣ Мавҷуда Ҳакимова то имрӯз иншооти зиёд бунёд намуда, то ҷашн боз якчанд корхонаи дигар бунёд карданӣ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорони ташаббускор, хусусан ба бонуи соҳибзавқ, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки дар омодагӣ ба ҷашни пурифтихор тамоми мардуми ноҳия, ба хусус соҳибкорони он бояд саҳмгузор бошанд. "Омодагӣ бояд аз ҳар як хона, кӯча, деҳа, ҷамоати деҳот ва тамоми ҳудуди ноҳия оғоз ёбад", - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.13    №: 142    Мутолиа карданд: 25285
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед