logo

маориф

Меъмори дарс омӯзгор аст

Дар таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба масъалаи муаллим, мақому мартаба ва рӯзгори он дар ҷомеа диққати махсус дода шудааст, ки ин бесабаб нест. Ба қавли Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, "муаллимону омӯзгорон машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану азбар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни илми муосири ҷаҳониро меафрӯзанд. Ба ибораи дигар, онҳо шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия мебошанд". Омӯзгоре шаҳсутуни таълиму тарбия мешавад, ки муаллимӣ дар қалбаш ҳамчун ишқ фаввора мезанад, касби худ, шогирдон ва Ватани маҳбубамонро дӯст медорад; дар фаъолияти худ умдатан вазифаҳои тарбия, таълим  ва рушди шахсу фардро шиори ҳамешагӣ қарор медиҳад.
Эътирофи вазифаҳои муҳим - тарбия, таълим ва рушд як тарафи масъала аст. Паҳлуи дигари масъала донистан ва истифодаи моҳиронаи шакл, усул, тарзу воситаҳоест, ки ягонагӣ, ё ба ибораи имрӯза, ҳамгироии ин вазифаҳоро таъмин мекунанд. Азбаски дар замони муосир дар натиҷаи  таъсири омилҳои айнию зеҳнӣ баъзе шаклу воситаҳо (машғулиятҳои фориғ аз синфу мактаб, худомӯзӣ, кори маҳфилҳо, корҳои мустақилона дар синфу хона…) то андозае заиф шудаанд, ё рӯйи коғаз мондаанд, ҷараёни таҳсил ва дарс пеш мебароянд.
Аммо як худи эътирофи таҳсилу дарс кам аст. Бале, замоне буд, ки мо дархост ба дарс мегузоштем. Муҳтавои ин дархост аз ҷониби олимону методистони педагог кор карда шуда буданд. Имрӯз дархост на ба дарсу ҷараёни таҳсил, балки ба сифат ва самаранокии он гузошта мешавад, ки барои амалӣ гаштани се мақсади умда равона карда шудаанд:
1.  Фарогирии бачаҳо ба мактаб ва дастрасии таҳсилот;
2.  Сифати таҳсил ва дониш;
3. Самаранокии таҳсилот.
Ҳамаи ин се мақсад дар зинаҳои
1. Тарбияи томактабӣ;
2. Таҳсилоти миёнаи умумӣ;
3. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
4. Таҳсилоти олӣ;
5. Мактабҳои ёрирасон;
6. Сиёсати ҷавонон;
7. Соҳаи аттестатсия ва тарбияи кадрҳои илмӣ;
8. Таҳсилоти иловагӣ ва муттасила татбиқ мегарданд;
Дастрасии таълим ва таҳсилотро ба ду маъно бояд фаҳмид.
1. Ҳамаи бачагони синну соли мактабӣ ба мактаби таҳсилоти умумӣ, махсусан мактаби асосӣ (синфҳои 1-9) фаро гирифта шаванд, яъне мактаб ва раванди таълим барои ин табақаи бачаҳо дастрас бошад ва бо ҳар роҳу восита ҳар рӯз ба мактаб, ба дарсҳо ҳозир бошанд (ба ҷуз сабабҳои узрнок ва рӯзҳои истироҳат).
2. Мазмуни таҳсилот (маълумот) бо тамоми рукнҳояш ба талабаҳо дастрас бошад. Ин марбут аст ба:
- Барномаҳои таълим;
- Китобҳои дарсӣ ва забони онҳо;
- Тарзи фаҳмондан, яъне усул ва тарзҳое, ки омӯзгор истифода мебарад,
- Муносибати талабагон ба раванди донишандӯзӣ.
Сифати таҳсилот ва донишро ба се маъно бояд фаҳмид:
1. Сифати худи таҳсилот ба маънои маълумот.
2. Сифати ҷараёни таълим.
3. Сифати дониши талабаҳо.
Ҳар сеи ин маънои сифат аз поён то боло бо якдигар робитаи ногусастанӣ доранд: сифати дониши талабаҳо ба сифати раванди таълим ва сифати раванд ба сифати мазмуни таҳсилот (маълумот) вобаста аст. Агар сифат бо тамоми маънояш риоя шавад, онгоҳ талабагон ба арзишҳои зерин соҳиб мешаванд: дониш, маҳорат ва малака.
Дониши бесифат талабаро дар нимароҳ мемонад, дониши сифатнок худ сифатофарин аст ва дар шогирдон сифатҳои зеринро тарбия мекунад: мустақилият, кордонӣ, қобилияти фикр кардан ва фикри худро асоснок намудан, хулоса баровардан, худинкишофдиҳӣ, худтарбия, таҳаммул, андеша ва ифтихори миллӣ, худшиносӣ, ватандорӣ, зебоишиносӣ, интихоб карда тавонистан ва ба қадри арзишҳои миллию умумибашарӣ расидан.
Ба маънӣ сифати дониш на дар маҷмӯи муайяни дониш, ки замоне басо роиҷ буд, балки дар низоми (системанокӣ) робита ва ҳамгироии онҳо ифода меёбад. Масалан, агар шогирдон дар мавзӯи "Тоҷикистон-Ватани мо" маълумоти умумӣ дошта бошанду байни ин маълумотҳо як низоми муайян (система) дида нашавад, ба дарди касе намехӯрад. Вале чун онҳо донишҳои андӯхтаашонро оид ба таърихи мухтасари халқи тоҷик, табиию ҷуғрофӣ, аҳолӣ, сохтори давлатдории муосир, забон, илму маориф, фарҳангу дин ва ғайра ба як ришта мекашанд, ҳам худ қаноатманд мегарданд ва ҳам дигарон.
Бисёриҳо сифат ё самаранокии таҳсилоту донишро як чиз мефаҳманд ё бо ҳамдигар омехта мекунанд. Ҳол он ки сифат дараҷаи дониш аст, самаранокӣ натиҷаи он. Вале на ҳар гуна натиҷа, балки натиҷае, ки дар амал татбиқ мешавад. Ин ҳамон самаранокиест, ё татбиқи амалиест, ки бузургони мо  гаштаю баргашта таъкид кардаанд.
Ин се мақсад ва вазифаи кулл яку якбора ва ё ройгон ба даст намеоянд. Барои амалӣ шудани ин мақсадҳо моро лозим аст, ки дар се самти асосӣ заҳмат кашем:
1. Такмил ва таҷдиди назари мазмуни таҳсилот (маълумот).
2. Тағйири ҷиддии асосҳои иқтисодии маблағгузории мактаб ва шарту шароитҳои маош, яъне ҳаққи заҳмати омӯзгорон;
3. Коркарди механизм ё тарзҳои идораи давлатию ҷамъиятии мактаб.
Олмони соҳаи илми педагогика ва мутахассисон дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир дар бобати мазмуни таҳсилот (маълумот) корҳои бисёреро анҷом доданд. Натиҷаи ин корҳо дар нақшаҳои таълим, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва аз ҳама муҳим дар стандартҳои таълимии силсилаи фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст карда шудаанд.
Вале стандарт ҳуҷҷати шахшуда нест. Аз ин хотир дар Вазорати маорифи кишварамон бо сарварии вазир Нуриддин Саидов комиссияи бонуфузе ташкил ёфтааст, ки мақсадаш таҷдиди назари стандартҳои давлатии таҳсилот ва таҳияи стандартҳои фаннӣ мебошад.
Дар стандартҳо на танҳо мазмуни таҳсилоти фанҳои алоҳида, инчунин роҳҳои расидаи ба ҳадафи асосӣ оварда шудаанд, ки баъзеи онҳоро меорем.
1. Бо роҳи ҷорӣ намудани таълими ҳамгиро, ки талабагон ба кам шудани сарбории аз ҳад зиёди ҳафтаина ноил мегарданд.
2. Баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ бо роҳи ҷорӣ намудани синфҳои равия (тафриқа) дар зинаи асосӣ ва умумӣ.
3. Ба шахсу шахсият нигаронидани мазмуни таҳсилот.
4. Тарҳи (характери) фаъолиятнокии таҳсилот, ки бештар барои ташаккули маҳорату малакаҳо хизмат мекунад: маҳорати муошират, маҳорати робита, маҳорати амалӣ, фаъолияти эҷодӣ.
5. Мустаҳкам намудани самти тарбиявӣ ва иҷтимоию инсонгароии мазмуни таҳсилот, ки ба арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нигаронида мешавад.
6. Таъмини интихоби озод ва вариантнокии таҳсилот аз ҷониби субъектҳои раванди маълумот (талабаҳо ва падару модарони онҳо, омӯзгорон, тарбиятгирандагон, донишҷӯён, муассисаҳои хадамоти таҳсилот).
7. Мустаҳкам намудани нақши фанҳои дақиқ ва силсилаи фанҳое, ки ба манфиати ҳаёти иҷтимоии талабагон бештар хизмат менамоянд: иқтисодиёт, таърих, ҳуқуқ, адабиёт, забонҳои модарӣ ва хориҷӣ.
8. Таъмини саводи умумии имлоӣ ва компютерӣ.
9. Фарогирии бештари хонандагон ба варзиш ва дигар машғулиятҳои фориғ аз дарсу берун аз мактаб.
Бори дигар таъкид менамоем: қисми асосии вазифаҳои таълимию тарбиявӣ ва рушди минбаъдаи  шогирдон дар дарс ҳалли мусбати худро меёбанд. Барои ҳамин ҳам муаллимро лозим аст, ки дар ҷараёни таълим ба масъалаҳои зерин бештар эътибор диҳад:
- Рушди мустақилияти талабаҳо, ва донишҷӯён, яъне озодона ва мустақилона амал намудан, таҳлилу таркиб кардан, хулоса баровардан, баён намудан;
- Рушди тафаккури таҳлилию миллӣ ва интиқодӣ;
- Рушди хирад ва зеҳни мунаввар, зеҳне, ки дар ҳама маврид, хусусан мавриди зарурӣ баҳри илоҷи кор, наҷоти инсон ба ёрии соҳибаш бишитобад, роҳи рост ва дурустро нишон диҳад, не роҳи осон, муфт ва ройгонро;
- Зимни рушди фикр инкишофи нутқи шифоҳию таҳрирӣ, одоби гуфтор, маданияти нутқ, забони беолоиши адабию умумихалқӣ;
- Иродаи матин, на сусту заиф;
- Хотираи устувор, нияти соф, дили пок;
- Дар мавриди зарурӣ ба эҳсосот дода нашудан, худро идора ва назорат кардан, шикастанафс будан ва ғайра.
Омӯзгор ҳамин вазифаҳоро шоҳбайт (эпиграф) қарор дода, баҳри амалӣ шудани онҳо дар синф ҳамчун актёр нақш мебозад. Агар ӯ (муаллим) ҳамин тавр муносибат кунад, раванди дарс фаъол мегардад. Вале агар миз ё тахтаи синфро иҷора гирад, дарс фаъолиятнокии худро аз даст медиҳад, бачаҳо ба корҳои беҳуда машғул мешаванд.
Ба ин маънӣ, фаъол гардондани раванди дарс, пеш аз ҳама ба худи шахси муаллим ва маҳорати касбии ӯ вобаста аст. Маҳз ӯст, ки зимни истифодаи ҳар гуна усул (шифоҳӣ, амалӣ, намоишӣ, проблемавӣ…) ва воситаю мавод шогирдонашро дар раванди дарс фаъол мегардонад. Аз ин ҷост, ки мегӯем: "Меъмори дарс омӯзгор аст", вале ин чунин маъно надорад, ки дарс кори худсарии ҳар яки мо бошад. Аз оғоз то анҷом дар дарс супориши ҷомеа, супориши давлат, супориши падару модарон нуҳуфта аст. Ин супориш дар тақдири имрӯза ва ояндаи насли наврас ифода меёбад, ки бо тақдири худи мо робитаи ногусастанӣ дорад, балки тақдири мову тақдири шогирдони мо як аст.

М.ЛУТФУЛЛОЕВ, академики
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.13    №: 142    Мутолиа карданд: 7095
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед