logo

энергетика

«Помир Энерҷӣ» ғами худро мехӯрад ё мардумро?

Ба рӯзномаи «Ҷумҳурият»  аз номи Давлатёр Азизов, сокини деҳаи Қалъаи Ҳусайни ноҳияи Дарвоз, зери унвони «Фиребу найрангҳои зиёда аз 10-солаи «Помир Энерҷӣ» мактуби шикоятӣ расид.
Муаллифи нома зикр намудааст, ки онҳо барқро кам, сарфакорона истифода баранд ҳам, ба ҳар сокини деҳа ҳар моҳ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ», ҳисобварақа фиристода, аз 99 сомонӣ то 105 сомонӣ маблағи пардохтшаванда талаб менамояд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки оила калон бошад ҳам, 99 сомонӣ менависанд, хурд бошад ҳам. Масалан, дар ҳисобварақи моҳи май ба Ҳиммат Икромов, Эмомхӯҷа Шохӯҷаев, Шомурод Саидмуродов ҳаққи истифодаи барқ ба ҳар яке 99 сомонӣ таъин шудааст. Ҳисобварақи дигар аҳолии деҳа низ чунин аст. Яъне хоҳ зиёд, хоҳ бо сарфа сӯзӣ як хел маблағ мепардозӣ.
Нозири барқи Ҷамоати деҳоти Сағирдашт боре ҳам ба ҳисобкунакҳои барқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва рақамҳоро дар ҳисобварақ тахминӣ менависад ва боз дӯғу даранг мекунад, ки маблағро дар тӯли 5 рӯз напардозем, барқро «мебурад».
Мактуби шикоятиро барои баррасӣ ба ҶСК «Помир Энержӣ» фиристодем. Менеҷери оид ба робита бо ҷомеаи ҷамъияти мазкур Абдулло Амонбеков бо муҳтавои нома шинос гашта, чунин посух дод:
-Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққати роҳбарият ва мутахассисони «Помир Энерҷӣ» қарор дорад, таъмин намудани муштариён, аз ҷумла сокинони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо ҳисобкунакҳои замонавии барқӣ мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 626 хоҷагӣ иқомат дошта, аз тарафи «Помир Энерҷӣ» ҳанӯз моҳи сентябри соли 2009 барои 432 муштарӣ ҳисобкунакҳои электронии навъи «Сайман»-и аз стандарти давлатӣ гузашта насб карда шуданд. Вале ҷиҳати набудани маблағи зарурӣ барои дастрас кардани сими (кабели) мувофиқ, қуттиҳои махсус, қатъкунакҳои худкор ва дигар лавозимоти зарурӣ ва хеле зиёд будани қарздории муштариён аз ҳисоби истифодабарии қувваи барқ истифодабарии онҳо мавқуф афтод. Ниҳоят дар соли 2011 маҳз дурӣ ва душворгузарии водии Сағирдаштро ба инобат гирифта, дар деҳаҳои калонтарин - Сайдон ва маркази водӣ 110 дона ҳисобкунакҳои электронӣ насб гашта, тамоми ҳисобу китоби сарфиёти барқ мувофиқи нишондоди онҳо амалӣ гардид. Вале дар деҳаҳои дигар, аз ҷумла дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн ҷиҳати ба талабот ҷавобгӯ набудани лавозимоти зарурӣ барои ҳисобкунакҳо (сими кабелии мувофиқ, қуттиҳои махсус барои нигоҳдории ҳисобкунакҳо, қатъкунакҳои худкор ва хеле зиёд будани қарздории муштариён) истифодабарии онҳо ба роҳ монда нашуд.
Аз ин лиҳоз ҳаҷми барқи ҳар моҳ истифодашуда аз рӯи ҳисобкунаки умумӣ гирифта шуда, аз он талафот ба андозаи 12,8% тарҳ карда, дар байни муштариён аз рӯи ҳаҷми истифодабарӣ тақсим карда мешавад. Бояд гуфт, ки ҳаҷми истифодабарии қувваи барқ дар ҳар як трансформатор ҳар хел аст ва ҳангоми тақсимот ҳаҷми барқи истифодашуда ва маблағи пардохтшаванда низ ҳар хел аст. Масалан, се нафар муштарӣ Ҳиммат Икромов, Шомурод Саидмуродов ва Эмомхӯҷа Шоҳхӯҷаев аз як трансформатор қувваи барқ гирифта, ба онҳо дар моҳи майи соли 2013 ба андозаи 757,00 кВт-с ба маблағи 99,02 сомонӣ ва ба Давлатёр Азизов (муаллифи мактуб), ки тавассути трансформатори дигар аз барқ таъмин мегардад, дар моҳи майи соли 2013 барои истифодабарии 807кВт-с қувваи барқ ҳисобварақ ба маблағи 105,56 сомонӣ пешниҳод гаштаанд.
Вале дар моҳи январи соли 2013 ҳар яке аз муштариёни номбурда ҳамагӣ 305 кВт-с қувваи барқро истифода карданд, аз ин рӯ, ба онҳо ҳисобварақ барои пардохтани 16,14 сомонӣ пешниҳод шуда буд.
Чунин тарзи ҳисоббаробаркунӣ ба талаботи сархати 3 ва 4 - и банди 5.5.6-и “Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 1998, таҳти рақами 84 тасдиқ шудааст, мувофиқ аст. Дар ин банд, аз ҷумла омадааст, ки «Назорати кори дурусти ҳисобкунакҳои барқии назоратӣ, сабти нишондиҳандаҳои онҳо ва барои истифодаи қувваи барқ байни якдигар баробар кардани ҳисоб вазифаи худи истиқоматкунандагон мебошад.
Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар байни муштариёне, ки қувваи барқро ба воситаи ҳисобкунаки умумӣ истифода мебаранд, ҳеҷ гуна ҳисобу китоб намегузаронад... ” Яъне ширкат метавонад дар тақсимоти барқи истифодашуда тамоман иштирок накунад ва ин корро худи сокинон, ки андозаи истифодабарии барқ аз ҷониби ҳар як хоҷагӣ барои худашон беҳтар маълум аст, дар байни худашон ҳаллу фасл намоянд.
Чанд рӯз қабл ба анбори ширкат 5 ҳазор адад ҳисобкунакҳои электронӣ ва тамоми анҷоми барои васлкунии онҳо лозимӣ, яъне кабел, қуттиҳои нигоҳдории ҳисобкунакҳо, қатъкунакҳои худкор ва ғайра ворид гаштанд. Дар навбати аввал барои муштариёни водии Сағирдашт теъдоди зарурии ҳисобкунакҳои барқии электрониро ҷудо намуда, ба водӣ расонд. Бригадаи махсус барои васл кардани ҳисобкунакҳои электронӣ ба Сағирдашт сафарбар гардид. Аллакай беш аз 110 адад ҳисобкунакҳои замонавӣ насб шуданд. То охири моҳи ноябри соли равон ҳамаи муштариёни водии баландкӯҳи Сағирдашт соҳиби асбобҳои дақиқи замонавии ченкунии ҳаҷми қувваи барқ гардида, ҳисобу китоби истифодабарии қувваи барқ пурра тавассути ҳисобкунакҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.13    №: 143    Мутолиа карданд: 3794
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед