logo

ҳукумат

Маҷлиси навбатии Ҳукумат

31 октябр таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014, Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014 - 2016 тасдиқ карда шуд.

Вобаста  ба  корҳои оморӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҳисоботҳо, хусусан доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, новобаста ба шакли моликияти истеҳсолкунандагон, бояд дақиқ бошанд, то ки нақшаю барномаҳои давлатӣ низ дар асоси онҳо дақиқу самарабахш таҳия, қабул ва амалӣ карда шаванд”.
Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолоти хатарнок” ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо “Дар бораи иҷора” ва “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тасдиқ  шуд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Панҷ барои тақсим ба аҳолии ба манзили зист ниёздошта қитъаҳои замин ҷудо гардид. Ба шаҳри Ваҳдат 6,41 гектар замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба футболбозони дастаи «Хайр» ва ба ноҳияи Панҷ 62,72 гектар барои аҳолии ниёзманд ҷудо карда шуд.
Дар охир масъулон вазифадор гаштанд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дода шудаанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.11.13    №: 145    Мутолиа карданд: 4953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед