суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб,
29 октябри соли 2013
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Бисёр хушҳолу сарфарозам, ки дар ин лаҳзаҳои хотирмон якҷо бо сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ва ҷавонони ғаюру далери ин шаҳри бостонӣ дар варзишгоҳи ободу таърихии шаҳр қарор дорам. Чунонки аксари шумо дар хотир доред, соли 2006 мову шумо дар ҳамин варзишгоҳ ба ифтихори таҷлили ҷашни 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада, доир ба таърихи яке аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон, фарҳангу суннатҳои қадимаи ин диёри зебо ва дастоварду пешравиҳои дар давраи соҳибистиқлолӣ ноилшудаи мардуми сарбаланди он сухан гуфта будем.
Дирӯз ва имрӯз мо бо корҳои созандагиву ободкории дар шаҳр амалигардида ошно шуда, дар маросими ифтитоҳи як силсила иншооту биноҳои нави замонавӣ ширкат кардем ва умуман аз ободиву тараққиёти ин мулки қадима хеле қаноатманду хушҳол гардидем. Аз ин лиҳоз, бори дигар ба ҳар яки шумо барои дастгириву пуштибонии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаву шабонарӯзиатон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилоят бо мақсади идома бахшидан ба раванди корҳои ободонӣ ва рушду тараққиёти минбаъдаи вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Бояд гуфт, ки маҳз бо азму талоши созандаи сокинони қавииродаву заҳматписанди шаҳри Кӯлоб дар муддати начандон тӯлонӣ як қатор иншооту корхонаҳои нав ба маблағи умумии қариб 107 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кор ва маоши муносиб гардиданд. Инчунин дар ҷараёни сафар мо санги асоси бунёди нахустин ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ, меҳмонхонаи замонавии 16 - ошёна ва мактаби типи нави таҳсилоти умумӣ барои 624 хонандаро гузоштем. Итминони комил дорам, ки иншооти мазкур бо ҳиммати соҳибкорони маҳаллӣ бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир дар муҳлати кӯтоҳтарин сохта, ба истифодаи мардум дода мешаванд.
Дӯстони арҷманд!
Мехоҳам як нуктаро махсус хотиррасон намоям, ки сокинони шаҳри Кӯлоб дар айёми ниҳоят душвори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқобили нооромӣ ва нобасомониҳо буданд ва дар он лаҳзаҳои сангини зиндагӣ, бо вуҷуди дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштанашон, дари хона ва дастурхони хешро ба рӯи ҳамдигар боз намуда, табиатан хайрхоҳу саховатпеша ва ҷонибдори сулҳу субот ва оромиву ваҳдат будани худро собит намуданд. Ҳамчунин мехоҳам далериву шуҷоат ва ватандӯстиву меҳанпарастии сокинони шаҳри Кӯлобро дар айёми мухолифати мусаллаҳона ва дар ҷараёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ махсус зикр намоям.
Рӯзҳои ба ҳайси Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб фаъолият доштанам, яъне дар шабу рӯзҳои ҳалли масъалаҳои муҳиму тақдирсози он айём борҳо шоҳиди шуҷоату далерии мардуми ватандӯсти ин гӯшаи диёрамон гардидам. Ва бо машварату дуои неки пирони рӯзгордидаи шаҳри Кӯлоб барои таъмини суботу оромии вилоят ва шаҳри Кӯлоб саъю талоши якҷоя варзидем.
Мо дар марҳалаҳои минбаъда низ наҷот додани халқи соҳибтамаддуни тоҷикро аз вартаи парокандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи худ қарор дода, ҷиҳати таъмин кардани сулҳу субот, сарҷамъ намудани мардуми парешонгашта, фароҳам овардани шароити муътадил барои кору зиндагии сокинон ва минбаъд ба кишвари ободу зебо табдил додани Тоҷикистони азизамон ҷаҳду талош намудем. Таъкидан иброз медорам, ки ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаи халқи мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва албатта, бо дастгириву пуштибонии самимии сокинони хирадманду солори Ватани азизамон буда, аз баракати ҳамин арзишҳои бебаҳо ҳоло дар хонадони ҳар яки мо фазои орому осуда ҳукмфармост.
Ин аст, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоидро барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, барои амалӣ гардидани он аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.
Мардуми Кӯлоби бостонӣ шоҳиданд, ки Ҳукумати мамлакат корҳои ободониву созандагиро дар ин гӯшаи таърихии диёрамон ҳамасола вусъат дода, дар доираи барномаҳои давлатӣ ва таҷлили ҷашну чорабиниҳои милливу давлатӣ бунёди даҳҳо иншооти навро ҷиҳати ба маркази саноативу тиҷоратӣ ва сайёҳии кишвар табдил додани шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ карда истодааст. Албатта, ҳамаи иқдомоти то имрӯз амалигардида оғози марҳалаи созандагӣ маҳсуб шуда, мо бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди шаҳри Кӯлоб ва боз ҳам ободу зебо гардонидани он ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ месозем. Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2015 -ум 700 - солагии мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мегардад, ки дар доираи чорабинии мазкур низ корҳои ободонӣ дар шаҳри Кӯлоб вусъати тоза пайдо мекунанд.
Шубҳае нест, ки мардуми ободгари шаҳри Кӯлоб ба истиқболи ин ҷашни бузург ҳамаи саъю талоши худро ба хотири тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо ва майдону гулгаштҳои шаҳр, инчунин анҷом додани дигар амалҳои хайр равона месозанд. Дар баробари ин, дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб шумораи соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони олиҳиммат хеле зиёданд ва бовар дорам, ки онҳо низ бо бунёд намудани корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ раванди ободониву созандагиро тақвият бахшида, барои ободу пешрафта гардидани ин шаҳри бостонӣ саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Хатлони бостонӣ бо таърихи пурасрору деринаи худ дар ҳамаи давру замон дар маркази таваҷҷуҳи таърихнигорон қарор доштааст.
Дар сарчашмаҳои зиёди таърихӣ доир ба Хатлон ва шуғли сокинони он маълумоти фаровон зикр шудааст. Аз ҷумла дар яке аз манбаъҳои муътамад – «Ҳудуд-ул-олам» омадааст, ки “Хуталон мавзеъест андар миёни кӯҳҳои бузургу ободон ва дорои заминҳои бисёркишту бисёрмардум бо неъматҳои фарох”.
Яъне ҳанӯз дар замонҳои пешин ин сарзамин бо хуррамию ободӣ ва мардуми ганҷофараш машҳур будааст. Ҳамчунин сарчашмаҳои таърихӣ доир ба паҳлавониву далерӣ ва шуҷоату мардонагии мардуми Хатлон, ки дар муқобили аҷнабиён борҳо парчами пирӯзиву истиқлолиятро афрохтаанд, маълумот додаанд. Ҳамзамон бо ин, таҳқиқоти илмӣ собит намудаанд, ки сарзамини Хатлон, аз ҷумла мулки Кӯлоб дар саргаҳи пайдоиши расму ойин ва ҳунарҳои мардумӣ қарор дошта, дар асрҳои миёна ин минтақа бо ҳунарҳои заргариву оҳангарӣ, кандакориву наққошӣ, чармгарӣ ва аспҳои хушзоти худ машҳури олам гардида буд. Гузашта аз ин, ба ақидаи фарҳангшиносон пайдоиши аввалин сурудҳои мардумӣ ва фалаксароӣ мансуби ин гӯшаи кишварамон мебошад.
Ба шарофати соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ аксари ҳунарҳои мардумие, ки дар ин минтақаи диёрамон маъмул буданд, имрӯз дубора эҳё гардида, дар хизмати аҳолии кишварамон ва меҳмонони сершумори он қарор доранд. Вале то ҳол таърихи пурасрору ибратомӯзи Хатлонзамин ба таҳқиқу омӯзиши амиқтар ниёз дошта, дар ин сарзамини муқаддас ҳанӯз розҳои ниҳон хеле зиёданд. Аз зиндагинома ва ёддоштҳои мутафаккирони бузурги Машриқзамин бармеояд, ки аксари онҳо орзуи дидани сарзамини Хатлон ва дар навбати аввал дидани шаҳри Кӯлобро доштаанд.
Боиси хушнудист, ки ин анъана тайи солҳои соҳибистиқлолӣ вусъати бесобиқа гирифта, шумораи сайёҳон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб рӯз то рӯз меафзояд. Дар иртибот ба ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки ин хоки муқаддас минбаъд низ ободу зебо бошад, мавзеи зиёрату саёҳати мардуми сайёра гардад ва шукӯҳу шаҳомати Кӯлоб дар ёди аҳли башар ҳамчун диёри фарҳангӣ ва макони шахсони ҳунарманду шуҷоъ абадан боқӣ монад.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон мардонагиву ҷасорати ватанпарастонаи шумо – фарзандони вафодори миллати куҳанбунёди тоҷикро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард, зеро дар он замони душвору пурфоҷиа ва бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар, ки бадхоҳони миллати тоҷик ба сари мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро ва маърифатпарвару тамаддунсози мо ҷанги бародаркушро таҳмил карда буданд, шумо нақши назарраси таърихӣ бозида будед.
Дар оянда низ аз мову шумо - ворисони ин сарзамини муқаддас тақозо мегардад, ки шукронаи давлату давлатдории миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва Ватани зебоманзару биҳиштосои худро ба ҷо оварда, ҳар як гӯшаи куҳандиёрамонро ободу зебо гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободу пешрафта ба мерос гузорем.
Дар ин ҷода ман минбаъд низ ба ғайрату ҳиммат ва нангу номуси ҷавонмардони ватандӯсти Кӯлоб умеди зиёд дорам ва итминон дорам, ки онҳо дар оянда низ сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро самимона дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани ормонҳои миллиамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо - сокинони далеру шуҷоъ, бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари шаҳри бостонии Кӯлоб сулҳу суботи ҷовидонӣ, хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва дар роҳи обод гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол барори кор орзумандам.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.11.13 №: 145 Мутолиа карданд: 3768