logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯйи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин ва Ҳомид Карзай

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзӣ дар интихоботи шаффофу демократӣ табрику муборакбод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия рушду густариш меёбанд ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ба манфиати мардумони ду кишвар хизмат хоҳанд кард.
Владимир Путин зимни гуфтугӯйи телефонӣ аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшону шукуфони давлати соҳибистиқлоли худ асоси воқеӣ гузоштанд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор дошт,  ки  ғалабаи  комил  дар интихобот нишонаи эътимоди қавии  шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди мамлакат, аз ҷумла дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.


***
Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай суҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҳомид Карзай Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз номи мардуми шарифи кишвари Афғонистон ба роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон саломатии бардавом ва барору комёбӣ таманно намуд.
Ҳомид Карзай изҳори эътимоду боварӣ намуд, ки дар ин марҳилаи таърихие, ки дар раёсати давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.13    №: 147    Мутолиа карданд: 2306
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед