logo

маориф

Зимистон дар мекӯбад! Чӣ омодагӣ дорем?

Моҳи марти соли ҷорӣ Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013 - 2014"  қабул гардид.
 Иҷрои он омодагии махсусро тақозо мекунад. Чун солҳои гузашта дар ин мавсим соҳаи маориф ба мушкилоти норасоии маводи сӯхт ва гарм набудани синфхонаҳо набояд дучор гардад, ки он ба раванди таълим монеъ мешавад. Пӯшида нест, ки солҳои пеш ҳатто хонандагон барои қатъ нашудани таълим дар рӯзҳои сармо аз хонаҳояшон ба мактаб ҳезум меоварданд. Мактаб ва соҳа ба ин ниёз дошт. Аммо солҳои охир чунин ниёзи мактаб аз байн рафт.

ХАТЛОН: МУШКИЛОТИ
ГУЗАШТА САБАҚИ
ИМСОЛ

 Дар раёсати маорифи вилояти Хатлон аз хабарнигори "Ҷумҳурият" мушкилоти соли гузашта дар фасли зимистон ба вуҷуд омадаро пинҳон накарданд. Соли ҷорӣ мудирони шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз камбудиҳои дар мавсими сармои солҳои 2012-2013 ҷойдошта, хулосаи даркорӣ бароварда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дар ҳамкорӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи падару модарон, раисони маҳаллаҳо, сарпарастон, шахсони эҳсонкору саховатпеша, ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид ба таҳсил, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, таъмири бомҳо, шишабандии тирезаҳои мактаб, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ангишт чораҳои мушаххас андешидаанд.
Хоналӣ Қурбонзода, сардори раёсати маорифи вилоят, гуфт, ки "дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 306 мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият дошта, талаботи онҳо барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 захира намудани 10 054 тонна ангишт, 31 113 метри кубӣ ҳезум ба нақша гирифта шудааст. Алҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят  мувофиқи нақшаи пешбинишуда 10 134 тонна ангишт (102,2 фоиз), 31 869 метри кубӣ ҳезум(102,4 фоиз) захира шудааст".

СУҒД: ҒАМИ
ЗИМИСТОНРО ДАР
ТОБИСТОН ХӮРДЕМ

Дар вилояти Суғд маорифчиён ба қавле ғами зимистонро дар тобистон хӯрда, омодагӣ дидаанд. Сайфулло Раҳматов, муовини сардори раёсати маорифи вилоят, дар суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" гуфт, ки нисбат ба соли гузашта  тадбирҳои омодагӣ ба фасли зимистон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷоннок буда,  иҷрои нақша 111 фоиз мебошад:
"Бо назардошти мушкилиҳои пешомада дар солҳои гузашта, имсол дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят маблағ барои харидории ангишт ва ҳезум дар фасли тобистон ҷудо шуд, ки ба нафъи кор анҷом ёфт, зеро нархи маводи сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум нисбат ба фаслҳои тирамоҳ ва зимистон дар тобистон  бамартиб арзон аст.
Тибқи  нақша захираи 7 483 тонна ангишт ва 5  221 метри кубӣ ҳезум пешбинӣ шуда буд. Дар асл то  25 октябри соли ҷорӣ нақшаи захираи ангишт 111 фоиз ва ҳезум 105 фоиз иҷро гардид. Танҳо дар ноҳияи Мастчоҳ нақша ҳамагӣ то моҳи октябр 91,9 фоиз иҷро шудааст, ки сабаб пахтакор будани ин ноҳия мебошад. Тирамоҳ чун ҳосили пахта ҷамъоварӣ шавад, буҷаи ноҳия аз ин ҳисоб таъмин мегардад ва барои иҷрои пурраи нақша имконот фароҳам меояд".
Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ба шакли идораи сарикасӣ гузаштаанд. Мақомоти иҷроия аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ мустақиман ба суратҳисоби мактабҳо барои захираи маводи сӯхт ба зимистон маблағ мегузаронад. Дар вилоят 912 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 463 945 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Бино ба иттилои  раёсати маорифи вилоят, биноҳои мактабҳо замонавӣ ва ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Солҳои пеш чанд мактаб дар вагон ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, ҳоло ин мактабҳо ба биноҳои навсохт кӯчонда шуданд.

МАОРИФИ РАШТ:
БА ЗИМИСТОН ОМОДАЕМ
Дар водии Рашт низ, иҷрои нақшаи  ба зимма доштаро барзиёд дар моҳи август, яъне дар фасли тобистон таъмин кардаанд.
"Тибқи нақша мебоист 876 тонна ангишт харидорӣ мешуд. Аммо бо назардошти пешбиниҳои обу ҳавосанҷҳо, ки эҳтимол зимистони имсола сард ояд, мо 880 тонна ангишти хушсифат  ва 895 метри кубӣ ҳезум захира кардем. Барои захираи маводи сӯхт ба зимистон аз ҳисоби маблағҳои буҷавии мақомоти ноҳияи Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Ҷиргатол  653 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд".

ВАЗЪИ ТИРЕЗАҲОИ
ШИКАСТАИ МАКТАБҲО
Масъалаи шишабандии тирезаҳо дар мактабҳо ба дастгирии молӣ ниёз дошт. Маъмулан дар мактабҳои деҳот ба ин масъала чандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ намедоданд ва бо "клёнка" кардани тирезаҳо, масъаларо ҳал мекарданд. Аммо имсол ба шишабандии тирезаҳои мактабҳо диққати асосӣ додаанд. Дар раёсати маорифи вилояти Хатлон ба "Ҷумҳурият" гуфтанд, ки ин мушкилот ҳал шудааст. Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, ки тибқи нақша бояд 4 494 метри квадратӣ шишабандӣ мегардид, аммо 4 973 метри квадратӣ шишабандӣ шудааст. Дар раёсати маорифи Рашт аз 68 метри квадратӣ шишабадии мактабҳо иттилоъ доданд.

ЛИМИТИ БАРҚ ВА
ДАРСҲОИ КОМПЮТЕРӢ
Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон дар бархе аз минтақаҳо лимити барқ ҷорӣ мешавад. Табиист, ки ин маҳдудият ба раванди таълим бетаъсир нест. Мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ ва раёсатҳои маориф бо назардошти ин ҳолати мавҷуда барои гузарондани дарсҳои компютерӣ ва печкаҳои бухорӣ миқдори муайяни маводи дизелӣ, бензин ва солярка, Рашт -1 тоннаву 180 литр-100 фоизи нақша, Суғд - 7 тоннаву 733 литр -100 фоиз иҷро шудааст.
Сайфулло Раҳматов, муовини сардори раёсати маорифи вилоят мегӯяд, ки 410 муассисаҳои таълимӣ бо хати озоди барқ дар тамоми рӯзҳои фасли зимистон таъмин аст, аз ин рӯ танҳо барои мактабҳои деҳот ва ноҳияҳои гирду атроф наздик ба 8 тонна маводи дизелӣ захира кардаанд. Аммо дар Хатлон -121 тоннаву 6 литр, яъне 92 фоизи нақшаро захира кардаанд.  Ҳол он, ки тибқи нақша дар муассисаҳои маорифи Хатлон захираи 131 тоннаву 6 литр сӯзишвории дизелӣ пешбинӣ шудааст.

ХАТЛОН: КАМБУДИЮ
НОРАСОИҲО МАВҶУД АСТ
 Аммо вазъ дар ин масъала дар вилояти Хатлон дигар аст. Тавре ки аз раёсати маорифи вилоят ба мо иттилоъ доданд,  "бо вуҷуди ин ҳанӯз дар самти мунтазаму самаранок гузарондани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баъзе камбудию норасоиҳо дида мешавад:
Аз 292 адад системаҳои гармидиҳии буғии мавҷуда 29 - тоаш  дар  ҳолати корӣ буда, 263 ададаш бо  сабаби кӯҳнаю фарсуда гаштани қисмҳои эҳтиётӣ солҳои дароз аз фаъолият бозмондаанд, ки барои таъмир ва барқарор кардани онҳо маблағи калон лозим мебошад.
Нақшаи сӯзишвории дизелӣ бо сабабҳои дар чормоҳаи чорум ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Кӯлоб, Фархор ва Шӯрообод иҷро нагардидааст.
Бо вуҷуди ин раёсати маорифи вилоят аз имконоти мавҷуда истифода карда, чораю тадбирҳои мушаххас меандешад, ки муассисаҳои таълимии вилоятро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014  сари вақт омода сохта, иҷрои талаботҳои қарори Ҳукумати ҷумҳуриро таъмин созад.

МАОРИФИ ВМКБ
ДАСТНОРАС АСТ

Талошҳои дар пайгирии ин мавзӯъ бо раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бенатиҷа монд, зеро онҳо ҳозир нашуданд, ки дар бораи омодагиҳо ба фасли зимистон ба "Ҷумҳурият" иттилоъ диҳанд.
Нашрия танҳо бо оморҳо такя карданӣ нест, ҳатман аз мактабҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар фасли сармо дидан намуда, то куҷо иҷро шудан ва амалӣ гаштани қарори Ҳукуматро таҳқиқ ва гузоришҳоро пешниҳод менамояд.

Ҳ.САНГОВА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.13    №: 147    Мутолиа карданд: 6176
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед