logo

номаҳо

"Барҳам хӯрдан" ба нафъи кишвар нест

Дар ҳар як шумораи рӯзномаву ҳафтаворҳои чи давлатӣ ва чи хусусӣ дар гӯшаи "Барҳам мехӯранд"-и саҳифаи эълонҳо мехонам: "Соҳибкори инфиродӣ ….., ки бо шаҳодатномаи …… соҳибкорӣ дошт, фаъолияташро қатъ менамояд". Ва низ: "ҶДМ …. воқеъ дар шаҳри …. барҳам мехӯрад. Ҳамаи арзу шикоятҳо дар давоми як моҳ қабул карда мешавад". Беш аз як сол аст, ки ба ин гӯша таваҷҷуҳи махсус дорам. Дар шумораи рӯзномае агар боре шумораи "барҳамхӯрандагон"-ро камтар дарёбам, шод мегардам. Аммо, фикр мекунам, он диққати ҳеҷ касро ба худ ҷалб наменамояд ва бар сари ин "фоҷиаи хурд" намеандешанд. Оре, он доғи рӯз низ ҳаст. Бо "барҳам хӯрдан" чи қадар шаҳрвандони кишвар бе ҷойи кор мемонанд, фаъолияти соҳибкорӣ қатъ ва ба давлат супурдани андозҳо коҳиш меёбад. Чаро сабаби инро масъулон боре расман таҳлил намекунанд ва пеши роҳи онро намегиранд? Ба андешаи ман гурӯҳе, нафароне ҳоли онҳоро ба тафтишҳои бемавқеву нодаркор ва талаби "доля"-ҳои вазнин ба танг овардаанд. Агар не, барои чӣ соҳибкор бо чӣ ранҷҳову даводавҳо "ҷамъият"  таъсис медиҳаду онро боз қатъ мекунад?
Пешниҳод мекунам, ки ин масъала аз ҷониби Ҳукумати кишвар пурра ва дуруст омӯхта ва мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шавад. Охир бо ин ҳол мо ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ноил гашта наметавонем.

Н. Аббосиён,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.13    №: 149    Мутолиа карданд: 5441