суханрониҳо
Муҳаббату садоқати беинтиҳоямро
ба халқи бузургворам иброз медорам
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 16 ноябри соли 2013
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли ҷорӣ доир гардид, бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат ба ормонҳои чандинасраи мардуми тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ воқеан ба неруи бузург ва тақдирсози имрӯзу фардои Ватан табдил ёфтааст.
Дар ин рӯз мардуми хирадманду дурандеш ва соҳибмаърифати мо ба хотири пешрафти Тоҷикистони азиз, барои ҳаёти саодатмандонаи худ ва ободиву сарсабзии кишвари маҳбубамон бо амри дил ва ниятҳои неку созанда раъйи худро ифода карданд.
Ман бо камоли эҳтиром ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва муҳаббату садоқати беинтиҳои фарзандиамро ба халқи бузургворам ва ҳамаи ҳамватанони азизам, ки дар кишварҳои гуногуни олам кору зиндагӣ доранд, ба хотири ин, ки бовар карда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро барои ҳафт соли оянда ба дӯши ман вогузор намуданд, сипосу миннатдории самимии худро иброз медорам.
Ман масъулияти бузурги худро дар назди Ватан ва манфиатҳои давлату миллат, имрӯзу фардои он, ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, амният ва саодати халқи азизам бо тамоми ҳастӣ дарк менамоям ва барои ба ҷо овардани боварии кулли шаҳрвандони Тоҷикистон неруву тавон, донишу таҷриба ва гузашта аз ин, ҳастии худро дареғ намедорам.
Бори аввал дар кадом шароит ба мақоми роҳбари давлат интихоб шудани худро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накардаам.
Дар айёме, ки Тоҷикистон нав ба истиқлолият расида буд, бо сабабҳои маълум ба сангинтарин ва даҳшатноктарин имтиҳони таърих рӯ ба рӯ гардид. Он рӯзҳо дар назди Тоҷикистон ва халқи он масъалаи тақдирсози "ё ҳаёт ё мамот!" қарор дошт. Кишвар дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ месӯхт.
Аз соли 1991 то соли 1997, яъне то замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми фикру зикр ва тамоми саъю талоши роҳбарияти давлат танҳо ба он равона гардида буд, ки халқи худро аз гуруснагӣ, қашшоқиву бенавоӣ ва ҳалокату парокандагӣ наҷот дода, ба ҷанги нанговари шаҳрвандӣ хотима бахшем.
Дар баробари ин, миллати тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ва порашавӣ раҳо созем, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор намоем, беш аз як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, манзилҳои истиқомативу муассисаҳои харобгаштаро аз нав обод карда, ҳазорон ҳазор кӯдакони ятиму бепарастор ва занону модарони бесаробонмондаро таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор диҳем. Ва шукри беҳад Худовандро, ки мо ба рӯҳи шикастнопазири халқи азизамон такя карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ҳаёти дубора бахшидем ва шоҳроҳи пешрафту ободӣ ва ояндаи некро ба рӯи он боз намудем. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ мисли симурғи афсонавӣ аз байни хокистари сӯзони ҷанги шаҳрвандӣ қомат барафрохт ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардид.
Мо тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба се самти асосӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ равона кардем. Дастовардҳое, ки то имрӯз мо дар ин самтҳо ноил шудем, ба ҳама маълуманд. Дар саросари кишвар, аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе то деҳаҳои дурдасти Суғду Хатлон, водиҳои Вахшу Зарафшон, Рашту Ҳисор ва то домани кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон рушди иқтисодиву иҷтимоиро мардум ҳар рӯз бо чашми сар мебинанд ва шукрона мекунанд, ки ба шарофати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ раванди ободкорӣ ва созандагии Ватани азизамон рӯз аз рӯз вусъат мегирад.
Чанд мисоле, ки аз дастовардҳои ҳафт соли гузаштаи кишвар меоварам, намунаи мухтасари дигаргуниҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ мебошанд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006-ум то ба 42,1 миллиард сомонӣ дар соли 2013 расонида шуд. Суръати миёнаи афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 7 фоизро ташкил дода, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеӣ панҷуним баробар афзоиш ёфтанд, ки ин ҳама нишонаҳои возеҳи рушди устувори иқтисоди кишвар мебошанд. Ин дар ҳоле ки дар ин давра ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифта, таъсири манфии он ба иқтисодиёти мо низ расид ва тавре ки мушоҳида мегардад, оқибатҳои он то ҳанӯз идома доранд.
Дар натиҷаи сохтмони мактабҳои нав 250 ҳазор ҷойи нишасти талабагон муҳайё гардида, садҳо муассисаҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид карда шуданд. Маблағгузории давлатии соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар маҷмӯъ 7,2 баробар афзуд. Дастовардҳои зикргардида натиҷаи фаъолияти муназзаму ҳамоҳангшудаи Ҳукумати мамлакат, дигар шохаҳои ҳокимият, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва, албатта, самараи заҳмати садоқатмандонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки ман аз ҳамаи онҳо сипосгузорам. Вале ҳамаи ин пешравиҳо ҳанӯз боиси қаноатмандӣ ва хотирҷамъии мо шуда наметавонанд, зеро то ба ҳол дар зиндагии ҷомеаи мо мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва мо тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро барои рафъи мушкилоти ҳаёти халқамон ва ҳалли масъалаҳои ҳалталаб сафарбар месозем.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ман бо итминони қавӣ изҳор медорам, ки ҳафтсолаи навбатӣ барои даҳсолаҳо заминаи боэътимод гузошта, Тоҷикистонро боз ҳам пешрафтаву обод ва пояҳои давлати соҳибистиқлоли моро устувор мегардонад. Аз ин лиҳоз, барои мо бисёр муҳим аст, ки иқтисоди кишварро дар асоси беҳтарин дастовардҳои замони муосир рушди тоза бахшем ва шароите муҳайё созем, ки ҳар як шаҳрванд тавонад зиндагии шоиставу арзанда дошта бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф мо таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллатро асоси фаъолияти худ қарор медиҳем ва аз иқтидори зеҳнӣ ва неруи ояндасози ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон васеъ истифода менамоем.
Ҳамаи иқдомҳое, ки то ҳол дар самти ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ гардидаанд, пеш аз ҳама, ба иҷтимоиёт нигаронида шудаанд. Дар мамлакат таъсиси ҷойҳои нави корӣ сол аз сол вусъат гирифта, ба бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимиву тандурустӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, масъалаҳои дастрасии сокинони кишвар ба оби тозаи нӯшиданӣ ва неруи барқ ҳалли худро ёфта истодаанд.
Барои расидан ба ин ҳадаф татбиқи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2015 идома медиҳем. Ҳамчунин таҳияи Стратегияи миллии рушдро то соли 2030 оғоз бахшида, ҳамгироии барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро таъмин месозем.
Сатҳи камбизоатӣ, агар соли 1998 - ум 83 фоизро ташкил дода бошад, соли 2015 то 30 фоиз ва соли 2020 то 20 фоиз кам карда хоҳад шуд. Иқтисоди миллиамон дар соли 2020 беш аз 80 фоиз афзуда, пешрафти босуботи кишвар таъмин хоҳад гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ якуним - ду баробар меафзояд. Вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад.
Бо мақсади татбиқи дурнамои дарозмуддати идоракунии устувори молияи давлатӣ мо механизми нави ташаккули захираҳои молиявиро, ки ҷиҳати рушди иқтисодиёт, инчунин дар оянда пешгирӣ намудани таъсири манфии ҳолатҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар равона мегардад, таъмин месозем. Вобаста ба ин, барномаҳои стратегии давлатӣ таҳкурсии асосии сиёсати буҷетро ташкил намуда, низоми мушаххаси арзёбии хароҷоти самараноки буҷети давлатӣ аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба роҳ монда мешавад. Ин амал имкон хоҳад дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра то се баробар зиёд гардад. Умуман дар ҳафт соли оянда даромади воқеии аҳолӣ то чор баробар меафзояд.
Рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика ҳамчун рукни муҳимтарини иқтисоди кишвар бемайлон идома ёфта, яке аз монеаҳои ҷиддитарини рушди иқтисоди миллӣ - камбуди неруи барқ бартараф карда хоҳад шуд. Бо ин мақсад даҳҳо лоиҳаи афзалиятноки гидроэнергетикӣ амалӣ карда мешаванд.
Масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ба ҳисоб меравад ва мо, хушбахтона, ин барномаи тақдирсозро муваффақона амалӣ кардем.
Имрӯз Роҳи бузурги Абрешим чун омили пойдории дӯстиву ҳамгироӣ ва рушди иқтисоду тиҷорат Тоҷикистонро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон - чи дар Шарқу Ғарб ва чи дар Шимолу Ҷануб васл менамояд.
Мо дар оянда низ ҳамаи захираву имкониятҳоямонро ба хотири рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ ва пеш аз ҳама, барои бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингарди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳамчун шоҳрагҳои таъминкунандаи рушди кишвар сафарбар хоҳем кард. Ба сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии фурудгоҳҳо ва роҳҳои оҳану мошингарди муосир таваҷҷуҳи бештар дода, ба ин восита ба рушди устувори кишвар ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ такони ҷиддӣ хоҳем бахшид.
Ҳадафи асосии мо дар саноат тадриҷан афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва тақвият бахшидан ба қобилияти рақобати маҳсулот, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот ва таъмини бозор бо маҳсулоти ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин самт ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти иқтидорҳои бузурги саноатӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, рушди саноати сабук, масолеҳи сохтмон ва коркарди саноатии ашёи хоми маҳаллӣ таваҷҷуҳи мунтазам дода, бо ҳамин роҳ имкониятҳои содиротии мамлакатро тавсеа хоҳем бахшид.
Барои таъмини ин ҳадаф то соли 2020 бунёди зиёда аз 200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи беш аз чор миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ҳамчун самти стратегии рушди миллӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома пайдо карда, самаранокии захираҳои обу замин ва умуман маданияти истифодаи замин баланд бардошта мешавад.
Соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ минбаъд низ бахши калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, маблағгузорӣ ба рушди онҳо сол аз сол бештар мегардад ва ислоҳот дар ин самт идома дода мешавад.
Стратегияи "Рӯ овардан ба ҷавонон" дар солҳои оянда низ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор хоҳад дошт. Зеро ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳаёти ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат ва умеду орзуи мардуми кишвар - ғамхорӣ нисбат ба ояндаи ободу осудаи ҷомеа ва пешрафти минбаъдаи давлат мебошад. Дар робита ба ин, тарбияи кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос ва ба талаботи замони пешрафта ҷавобгӯй ҳам дар мамлакат ва ҳам дар кишварҳои хориҷӣ вусъат пайдо карда, ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои босалоҳияту забондон, дорои донишу малакаи муосир ва сатҳи баланди касбӣ, инчунин доир ба рушди инсон эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Ташаккули инсони ҳамаҷониба инкишофёфта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умумибашарӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар ин ҷода боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошад.
Дастгирии давлатии оилаҳои камбизоат бо роҳи фароҳам овардани замина барои рушди онҳо идома пайдо карда, кӯдакон ва наврасони ятиму бепарастор, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд таҳти назорат ва парастории бевоситаи давлат қарор мегиранд.
Ҳукумати мамлакат дар муҳлати наздиктарин барномаи давлатии "Рушди деҳот"-ро таҳия ва қабул карда, ба татбиқи он оғоз менамояд, ки дар заминаи он инфрасохтори шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти роҳдорӣ, обрасонӣ ва фарҳангу варзиш таҷдиду азнавсозӣ карда мешаванд.
Ба масъалаи ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, тавлидоти маҳсулоти қобили рақобат ва ба содирот нигаронидашуда, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна ва махсусан соҳибкории истеҳсолӣ дар оянда низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо хоҳад буд. Дар ин самт тавассути афзоиш додани ҳаҷми фонди дастгирии соҳибкорӣ пешрафти соҳибкории истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятнок таъмин мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус, ҷавонмардони ҳимматбаланд ва шахсони саховатпеша, ки солҳои охир дар раванди ободониву созандагии Ватан фаъолона ширкат карда, бо бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ барои даҳҳо ҳазор нафар сокинони мамлакат ҷойҳои кории нав муҳайё мекунанд, бори дигар изҳори сипос менамоям.
Дар самти демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем ва ин роҳро собитқадамона идома хоҳем дод, ҳарчанд ки бунёди ҷомеаи демократӣ раванди дурударози таърихӣ мебошад ва мо ҳоло дар оғози ин роҳ қарор дорем.
Бо қаноатмандӣ метавонем зикр намоем, ки имрӯз низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар ташаккул ёфта, ҳоло созмонҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ озодона фаъолият доранд. Мо низом ва арзишҳои демократӣ, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти давлат, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии виҷдон ва суханро дар доираи Конститутсия ва қонунҳо бо ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ва бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ҳамаҷониба такмил медиҳем.
Тибқи меъёрҳои конститутсионӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, фаъолияти озодонаи шахс ва созмонҳои ҷамъиятӣ, мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва волоияти қонун тақвият дода шуда, ҳокимияти судӣ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Дар солҳои оянда низ мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар навбати аввал коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ чун самти муҳимтарини фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи сохтору мақомоти марбутаи давлатӣ пурзӯр гардонида мешавад.
Дӯстони азиз!
Ман ҳанӯз 15-уми марти соли 2013 ҳангоми мулоқот бо кормандони хадамоти дипломатии кишвар афзалиятҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро барои солҳои оянда муфассал баён дошта будам. Ҳоло бори дигар таъкид карданӣ ҳастам, ки самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бидуни тағйир боқӣ монда, сиёсати хориҷии мо ҳамчун сиёсати маъруфи "дарҳои кушода" ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон равона мегардад ва барои ташаккули ҷойгоҳи муносиби кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Мо бо тамоми кишварҳои ба мо хайрхоҳ робитаҳои дӯстонаву ҳамкориро идома бахшида, дар навбати аввал муносибатҳоямонро бо ҳамсояҳои наздики худ дар асоси усулҳои эътирофгардида ва пазируфташудаи эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамҷаворӣ тавсеа ва тақвият мебахшем.
Ҷаҳони муосир пайваста дар ҳоли рушду тараққиёт ва пешравӣ қарор дошта, мо бо тамоми неру кӯшиш мекунем, ки аз ин таҳаввулоти бузург қафо намонем ва ҳамқадами замон бошем.
Мо ҷаҳду талоши худро минбаъд низ ба он равона месозем, ки Тоҷикистон чун давлати куҳанбунёд ва соҳиби тамаддуни пурифтихор мақому манзалати шоистаи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад, то ҳар як фарзанди он дар кадом гӯшаи сайёраамон набошад, аз тоҷик ва тоҷикистонӣ буданаш ифтихор карда, худро чун шаҳрванди ин кишвари сарбаланд муаррифӣ намояд.
Мо ба мақсадҳои наҷибу бузургамон ҳатман ноил хоҳем гашт, агар ҳамаамон ҳаммарому муттаҳид бошем, ба Ватани азизамон содиқона хизмат кунем, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро таҳкими бештар бахшем, ширкати фаъолонаи онҳоро дар идоракунии давлат таъмин гардонем, арзишҳои волои фарҳангӣ ва маънавии халқамон, таърихи қадимаи он ва суннату ойинҳои неки миллиамонро ҳарчи бештар аз худ намоем ва муҳимтар аз ҳама, манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манофеи дигар афзал шуморем.
Иҷрои ин вазифаҳо, яъне хизмати содиқона ба халқ рисолати Президент ва Ҳукумати мамлакат, парламенти кишвар ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ мебошад. Зеро мардуми Тоҷикистон аз мову шумо зиндагии сазовору шоистаро умед доранд ва итминон доранд, ки Тоҷикистони азизи мо бо фаъолияти созандаву ободгарона ва заҳмати содиқонаву софдилонаи мову шумо обод мешавад, пеш меравад, рушд мекунад ва нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ торафт таҳким меёбад.
Бори дигар таъкид месозам, ки масъулияти иҷрои ин ниятҳои нек ба дӯши ҳар яки мост.
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!
Ман ба неруи созандаву бунёдкоронаи ҳар як фарди мамлакат ва фардои пешрафтаву ободи Тоҷикистони азизамон эътимоди комил дорам. Ҳамчунин итминон дорам, ки вазифаҳои дар наздамон қарордоштаро бо сари баланд иҷро намуда, барои ободиву сарсабзии минбаъдаи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон тамоми неруи худро истифода мебарем.
Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон, дӯст доштани Ватан, обу хоки он, заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди бонангу номуси Ватан зарур мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиданд, ки аз лаҳзаҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданам то ба имрӯз бо садоқати фарзандӣ ҳар рӯзи ҳаётамро ба хотири саодат ва некӯаҳволии халқи азизам, барои ободониву сарсабзии Ватанам ва дар арсаи ҷаҳон боло рафтани эътибору обрӯи Тоҷикистон бахшидаам.
Ман имрӯз бори дигар бо амри дилу виҷдони худ ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кӯҳҳои пурганҷ ва осмонбӯси он, ба водиҳои зарнисору боғу бӯстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падарону модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз ҳашт миллион шаҳрванди кишвар савганд ёд мекунам, ки тамоми ҳаётамро, орзуву андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам.
То ҷон дар бадан дорам, барои ба ҷо овардани бовариву эътимоди халқи азизам ва муҳайё намудани шароити зиндагии шоиставу сазовор ба ҳар хонадони кишвар заҳмат мекашам ва дар ин роҳ агар лозим шавад, ҷони худро фидо хоҳам кард.
Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи сулҳу суботи пойдори Ватанам, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.
Имрӯз ман шукрона мекунам, ки эътимоду ихлоси халқи азизамро аз даст надодаам ва барои ин ихлосу бовариву эътиқоди бузург дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам. Ва аз даргоҳи Худованди бузург талаб мекунам, ки Тоҷикистони азизи моро аз офатҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад, ба ҳар як хонадони мардуми шарифи кишвар сулҳу оромӣ, хушбахтиву толеи нек ва файзу баракат ато фармояд.
Мо имрӯз бори дигар садоқату вафодории худро ба сарзамини азизамон, халқи бузургворамон ва имрӯзу фардои боз ҳам осудаву ободи Ватанамон сидқан изҳор дошта, бо садои баланд мегӯем:
Асрҳои аср пирӯзу поянда ва бегазанду ҷовидон бод Тоҷикистон ва халқи фарҳангсолори тоҷик!
Бигзор, хуршеди бахту саодат ва озодиву истиқлол ба сари Тоҷикистон то абад нурафшон бошад!
Ҳамеша иқболат нек, роҳат сафед ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.13 №: 151 Мутолиа карданд: 3852