logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қодири Қосим

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қодири Қосим раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2013, № 16


ҚОДИРИ ҚОСИМ
- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қодири ҚОСИМ 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси агроном хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати агрономи совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои сарагроном, директори совхози "Россия"-и ноҳияи Ванҷ, инспектори Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ, котиби дуюми комитети комсомолии ВМКБ, муовини раиси кумитаи агросаноатии ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2006 дар вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи ноябри соли 2006 дар вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.
Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени "Дӯстии халқҳо" ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №: 152-153    Мутолиа карданд: 2766
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед