фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ятимов С. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ятимов Саймумин Сатторович раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 22
ЯТИМОВ Саймумин Сатторович - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ.
Фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
Солҳои 1996 - 2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007 - 2010 дар вазифаҳои Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои аврупоӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.
Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои «Спитамен», дараҷаи II, «Зарринтоҷ», дараҷаи II ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 3527