logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимов Қ. Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қосимов Қосим Роҳбарович вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2013, № 40

ҚОСИМОВ Қосим Роҳбарович - вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚОСИМОВ Қосим Роҳбарович 3 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро аз рӯи ихтисоси агроном - олим хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба ҳайси агрономи колхози "40-солагии Октябр"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои котиби дуюми комитети комсомолии ин ноҳия, мудири шуъбаи ташкилии кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод, раиси Шӯрои ташкилоти вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 2008 аввал дар вазифаи вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.
Солҳои 1994 - 1999 ба ҳайси вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1999 - 2005 раиси Кумитаи иқтисодиёту коммуникатсия ва аз соли 2005 - 2006 муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Барои фаъолияти меҳнатиаш бо орденҳои "Дӯстӣ", Исмоили Сомонӣ, дараҷаи II, медалҳои ҷашнии "10 - солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №: 152-153    Мутолиа карданд: 2810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед