logo

президент

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

20 ноябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони нави Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, роҳбарони аввали Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз нав ба вазифаҳои худ таъин кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, роҳбари нави ин вазоратро ба ҳайати шахсии он муаррифӣ намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз вазифаи вазири мудофиаи кишвар озод карда шуд.
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва фармондеҳи ин қӯшунҳо генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо аз вазифа озод карда шуда, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Шералӣ Хайруллоев иброз дошт, ки минбаъд ҳам чун солҳои гузашта ба халқу Ватан ва Сарвари давлат содиқона ва софдилона хизмат хоҳад кард.
Шералӣ Мирзо дар навбати худ савганди садоқати худро бори дигар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои таъмини омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлати Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳад кард.
Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Хайруллоев барои хизматҳои шоёни бисёрсола, ки бо садоқату матонати ибратбахш анҷом додааст, арзи сипосу қадрдонӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки шогирди арзандаи ӯ Шералӣ Мирзо анъанаҳои ибратбахши роҳбарии ин вазоратро натанҳо пос медорад, балки ривоҷу равнақ бахшида, сайқал медиҳад.
Аз Вазорати мудофиа Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилӣ ташриф овард.
Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Рамазон Раҳимов барои боварию эътимод ва аз нав ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ таъин шуданаш ба Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карда, таъкид дошт, ки барои сазовор будан ба боварии Сарвари давлат ва пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳамзамон ба муомилаи шоиста бо мардум ҳидоят намуд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ   Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф овард.
Саймумин Ятимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин карда шуд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов барои боварию эътимод ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхории пайваста ба мақомоти амнияти миллии кишвар изҳори қадрдонӣ намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи касбии худро ба ҳифзи музаффариятҳои давлати ҷавони Тоҷикистон ва ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар равона месозад.
Ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳамчунин муовини аввали раиси ин кумита, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва фармондеҳи ин қӯшунҳо Раҷабалӣ Раҳмоналӣ муаррифӣ карда шуд.
Зимни боздид аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсии ин сохтори бонуфузи низомӣ фармондеҳи нави он полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода муаррифӣ карда шуд.
Бобоҷон Ҷамолзода дастпарвари Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорои таҳсилоти олӣ ва академии ҳарбӣ буда, дар вазифаҳои гуногуни ин сохторҳо содиқона хизмат кардааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фармондеҳи собиқи Гвардияи миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои хизматҳои шоён дар ин сохтори низомӣ арзи қадрдонӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар таҳкими қудрату тавоноии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ саҳми арзанда мегузорад.
Ба фармондеҳи нави Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва ҳамаи ҳайати шахсии ин сохтори қудратӣ барору комёбӣ таманно карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.13    №: 153    Мутолиа карданд: 25192
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед