фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Н. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидов Нуриддин Саидович вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2013, № 76
САИДОВ Нуриддин Саидович - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
САИДОВ Нуриддин Саидович 25 ноябри соли 1956 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои фалсафа, профессор мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ҳамчун ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январ то ноябри соли 2008 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва сипас то соли 2012 дар мансаби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз январи соли 2012 то ба имрӯз вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо ордени "Шараф", дараҷаи I сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.13 №: 156 Мутолиа карданд: 2952