фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи вазири рушди
иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шариф Раҳимзода
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2013, № 74
Шариф РАҲИМЗОДА - вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шариф РАҲИМЗОДА 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба сифати ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 1993 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, сардори идораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Бонки иҷтимоию манзилии ИРСС дар Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи Бонки иқтисодии хориҷии ИРСС дар Тоҷикистон, ноиби президенти Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ кор кардааст.
Солҳои 1993 - 2001 дар мансабҳои муовин ва муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2001 - 2006 ба ҳайси Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Франсия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои Аврупоӣ, ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) кор кардааст.
Солҳои 2006 - 2012 дар вазифаҳои раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва медали ҷашнии "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.13 №: 156 Мутолиа карданд: 2648