logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин намудани Гулмаҳмадов Д. Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2013, № 55

ГУЛМАҲМАДОВ Давлатшо Қурбоналиевич - иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон
ГУЛМАҲМАДОВ Давлатшо Қурбоналиевич 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкентро бо ихтисоси муҳандис - заминсоз ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 пас аз хатми донишкада ба ҳайси сармуҳандис - заминсози ноҳияи Комсомолобод оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара, раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2001 - 2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан то соли 2008 ба сифати директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2008 то 2010 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.
Аз марти соли 2010 раиси шаҳри Турсунзода мебошад.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо ордени "Шараф", дараҷаи I ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.13    №: 156    Мутолиа карданд: 2853
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед