logo

ҳукумат

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАШТ

30 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раёсат ва аъзои Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сазовор дониста шуданашон ба вазифаҳои баланди давлатӣ ва бо оғози фаъолияти Ҳукумати кишвар дар ҳайати нав табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боварию эътимоди мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ба Сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати кишвар зоҳир мешавад, изҳори сарфарозӣ карда, таъкид дошт, ки барои амалӣ намудани орзую ормонҳои аҳолии ҷумҳурӣ, таъмини рушди босуботу бонизом ва босуръати иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шабу рӯз бояд ҷаҳду талош намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ, дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.
Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон "бовариву эътимоди мардуми кишвар"- ро "дастоварди фаъолияти сиёсии давлату Ҳукумат" номида, таъкид дошт: "Ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем".
Сипас масъалаи кадрӣ баррасӣ шуд. Бахтия Муҳаммадиева бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Гулнора Ҳасанова аз вазифаи раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" озод гардида, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашт.
Абдувалӣ Комилов аз вазифаи директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Ба вазифаи раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" Ҷамшед Норинов таъин гашт.
Ҳомидҷон Ҳасанов аз вазифаи муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Гурез Зарипов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Рустами Эмомалӣ аз вазифаи муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Мурод Ҷумъаев аз вазифаи сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ба вазифаи сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷовидин Мирзоев таъин шуд.
Азизулло Исматов аз вазифаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба вазифаи директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин  шуд.
Ҳамчунин Раҳматулло Каримов аз вазифаи муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Ашӯралӣ Мирзоев муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоили рӯзмарраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014 - 2016 ва Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014 - 2016 тасдиқ гардиданд.
Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014 - 2016 120 лоиҳаро бо маблағи умумии 15,8 миллиард доллари амрикоӣ дар бар мегирад. 39 лоиҳаи он бо маблағи 1,3 миллиард доллар амалкунанда буда, барои 81 лоиҳаи дигар бояд 14,4 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб шавад. Барои 3 соли пешбинишуда маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1,8 миллиард доллари амрикоӣ муайян шудааст.
Бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар вазифадор шуд, ки доир ба таҳияи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 чораҳо амалӣ намояд.
Лоиҳаи як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи суғуртаи тиббӣ", "Дар бораи амният" ва "Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ" пешниҳод шуданд.
Нақшаи чорабиниҳо доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014 - 2019, ки аз 195 банд иборат аст, тасдиқ гардид.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 35 га замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 378 оилаи ниёзманд аз шаҳри Қайроққум ҷудо шуд.
Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тезондани корҳо доир ба лоиҳакашӣ ва сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, хати барқии минтақавии КАСА - 1000, ба кор даровардани маркази барқугармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.13    №: 157    Мутолиа карданд: 5045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед