фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Директори Агентии омори
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанова Г. К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2013, № 88
ҲАСАНОВА Гулнора Кенҷаевна - директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна 13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба сифати бозраси калони Бонки манзилию иҷтимоии ҷумҳурӣ оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои иқтисодчии шуъбаи бонки мазкур, сардори шуъбаи молиявию кредитии Бонки тиҷоратии "Экспресс-банк", сипас дар солҳои 1995-1999 иқтисодчӣ, иқтисодчии пешбар, сардори шуъбаи Департаменти банақшагирии молиявӣ ва танзими кредитӣ, сардори шуъбаи кредитҳо ва амонатҳои асъории Идораи амалиёти Департаменти робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва амалиёти асъории Бонки "Тоҷикбонкбизнес" фаъолият намудааст.
Солҳои 1999 - 2005 ба ҳайси тафтишгар, сардори шуъбаи назорат, сармутахассиси назорати иҷрои барномаи давлатии ислоҳоти иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Солҳои 2005 - 2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" кор кардааст.
Аз соли 2010 то ҳол дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" кор мекунад.
Бо медали ҷашнии "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 3101