logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қурбонов А. К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қурбонов Абдусалом Каримович вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2013, № 86

 ҚУРБОНОВ Абдусалом Каримович - вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚУРБОНОВ Абдусалом Каримович 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст.
Солҳои 1984 - 1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 38-и ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 1995 - 2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2006 то ҳол дар вазифаи директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени "Шараф", дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.13    №: 157    Мутолиа карданд: 2898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед