фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Асоев Х. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Асоев Хайрулло Асоевич вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2013, № 85
АСОЕВ Хайрулло Асоевич - вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОЕВ Хайрулло Асоевич 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз вазифаи устои Раёсати сохтмони "Роғунгэсстрой" оғоз намуда, баъд то соли 1984 дар вазифаҳои саркор, саркори калон, сардори қитъаи раёсати мазкур кор кардааст.
Солҳои 1984 - 1990 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Файзобод, шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент ва котиби озоди кумитаи ҳизбии сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун фаъолият намудааст. Солҳои 1990 - 2004 дар вазифаҳои гуногуни муҳандисию техникӣ ва роҳбарии Раёсати сохтмони "Роғунгэсстрой" кор кардааст.
Солҳои 2004 - 2009 ба ҳайси сармуҳандиси Раёсати сохтмони "Монолит-3"-и Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Монолитстрой" ва сардори департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги Ҷамъияти саҳомии "Корпоратсия Сомон Душанбе" адои вазифа намудааст.
Аз соли 2009 муовини якуми директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Роғунгэсстрой" фаъолият менамояд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 2873