logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аслов С. М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аслов Сироҷидин Муҳридинович вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2013, № 84

АСЛОВ Сироҷидин Муҳридинович - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСЛОВ Сироҷидин Муҳридинович 17 феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникӣ ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиат, муовини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабҳои Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал фаъолият намудааст.
Солҳои 2004 - 2005 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Солҳои 2005 - 2011 дар вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2011 дар мансаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият дорад.
Бо ордени "Шараф", дараҷаи II сарфароз гардидааст. Бо забонҳои англисӣ, форсӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.13    №: 157    Мутолиа карданд: 2832
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед