президент
Таъиноти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
3 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурилло Орипов аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои вазири корҳои дохилӣ озод карда шуданд.
Ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков, ки то ин вақт сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе буд, таъин шуд. Икром Умаров муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
Бо мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Саид Ҷӯрахонов сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Шералӣ Сабзов сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт таъин шуданд.
Ҳамчунин дар мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Файзулло Нозимов сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафиев сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Муҳаммадшо Искандаров сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ва Тоҳирҷон Норматов намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Маркази минтақавии иттилоотӣ - ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ таъин гаштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳо онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфта ҳидоят намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба поксозии сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.12.13 №: 158 Мутолиа карданд: 25503