logo

маориф

Донишгоҳ сазовори нишони сифати аврупо гардид

Мӯмин Шарипов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма гуфт, ки дар ин муассисаи таълимӣ аз соли таҳсили 2005-2006 инҷониб ҷараёни таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Аз ин таҷриба алҳол дар дигар донишгоҳҳои кишвар истифода мебаранд.
Донишгоҳ дорои комплекси ягонаи таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва гимназияи тамоили иқтисодӣ мебошад.
Ба 6681 донишҷӯ 206 устод таълим медиҳад, ки беш аз 40 дар сади онҳо дорои дараҷаю унвони илмианд.
Як маркази компютерӣ ва 15 синфхонаи компютерӣ дар ихтиёри донишҷӯёну устодон қарор дорад.
Китобхонаи донишгоҳ дорои 3 толори хониш ва 200 ҷойи нишаст ва беш аз даҳ ҳазор китобҳои дарсӣ, методӣ ва бадеӣ аст. Ба тайёр кардани олимони соҳа дар муассиса диққати ҷиддӣ дода мешавад. Шӯъбаи аспирантура фаъолияти хуб дорад. Дар он 54 нафар аспирант ва 26 нафар унвонҷӯ аз рӯи 9 ихтисос ба корҳои илмӣ –тадқиқотӣ машғул аст. Дар муддати 3 соли охир 49 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Ректор аз сатҳи таълим, ҳамкорӣ бо дигар донишгоҳҳои кишвар ва хориҷ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд ва иброз дошт, ки имсол ин муассисаи таълимӣ сазовори нишони сифати Аврупо гардид.
Дар ҷавоби пурсиши хабарнигорон М. Шарипов посух гуфт, ки низоми кредитии таҳсилот барои боло бурдани сатҳи таълим мусоидат мекунад ва ҳам бояд ба фазои ягонаи таҳсилот тамоми донишгоҳҳои кишвар ворид шаванд.

А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед