фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 16 декабри соли 2013 соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъйин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 декабри соли 2013, № 89
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.12.13 №: 159 Мутолиа карданд: 2856