logo

илм

Корҳои илмӣ бояд дар амал татбиқ шаванд

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши 61-уми солонаи илмӣ-амалӣ бо иштироки олимону мутахассисон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиш ба масъалаҳои  илми тиб ва дар амал татбиқ намудани он бахшида шуд.
Ҳамоишро ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбонов ифтитоҳ бахшида гуфт: " Донишгоҳ дар омода намудани кадрҳои ҷавони илми тиб диққати зиёд медиҳад. Барои иҷрои корҳои илмӣ дар донишгоҳ шароит фароҳам аст, вале на ҳамаи корҳои илмӣ дар амал татбиқ мешаванд, ки ин сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ дорад.
Дар назди шуъбаи илм ва инноватсия Маркази захираҳои тибби исботшуда кушода шудааст, ки духтурон метавонанд ба қоидаҳои истифодабарии пойгоҳ шинос шуда, дастури лозимӣ бигиранд. Дар ин росто чунин  конфронсҳои илмию амалӣ низ нақши босазо мегузоранд". Имсол ба конфронси солонаи илмӣ-амалӣ 368 кори илмӣ ворид гардид, ки 67-тои он асари олимони  кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус мебошанд. Иштироккунандагон дар 5 сексия оид ба фанҳои назариявӣ, муолиҷавӣ, педиатрия, гинекология, ҷарроҳӣ ва дандонпизишкӣ беш аз 137  маърӯзаи илмиро шунида ва  баррасӣ намуданд.
Дар доираи ин ҳамоиш ширкатҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ маводи доруворӣ ва таҷҳизоти нави тиббиро ба намоиш гузоштанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.13    №: 159    Мутолиа карданд: 5160
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед