маориф
Идомаи таҳсил ё…
Дар макотиби олӣ бештар писарон таҳсил мекунанд
Имрӯз дар ҷомеа ба назар мерасад, ки хонаводаҳо барои соҳибкасб кардани духтарон то ҷойе талош мекунанд. Вазорати маориф ва илми кишвар ҳангоми пайгирии ин мавзӯъ давоми як моҳ натавонист омори дақиқи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба хабарнигори мо пешниҳод кунад. Маҳмудхон Шоев, сухангӯйи вазорати мазкур, дар суҳбат ба мо гуфт, ки "то ба ҳол идораҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар теъдоди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дохилшудагон ба мактабҳои таҳсилоти олии касбиро пешниҳод накардаанд".
Рӯзнома тасмим гирифт, ки дар ин бора мустақиман аз раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар маълумот дастрас кунад. Дар раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ 44 567 хонанда мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм кардааст, аз ин теъдод, 19 264 нафар духтарон мебошанд. Теъдоди хатмкунандагоне, ки ба мактабҳои олии касбии кишвар дохил шудаанд, 12 901 буда, 4 971 нафар ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва коллеҷҳо ва 456 нафар ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд. Афзун бар ин 6 268 нафар пешаи омӯзгориро интихоб кардаанд ва 768 нафар аз имтиёзи квотаи президентӣ бархурдор шуда, донишҷӯ гардидаанд. Дар вилояти Хатлон солҳои охир тамоюли дохил шудани хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёд шудааст.
Теъдоди умумии дохилшудагон 19 445 нафарро ташкил медиҳад, ки 5 457 нафар духтарон ҳастанд, яъне беш аз 60 %-ро писарон ташкил мекунанд. Ба гуфтаи масъулин раванди ҷалби духтарон ба идомаи таҳсил баъди хатми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба солҳои гузашта, мусбат аст. Боқимонда ё 25 122 нафар, дар хона мондаанд. Дар миқёси вилоят дохилшавӣ ба макотиби олии хориҷи кишвар дар соли 2009 - 325, 2010- 351, 2011 - 602, 2012 - 910 нафар будааст.
Ҷавонони Суғд бештар донишҷӯ мегарданд
Сайфулло Раҳматов, муовини сардори раёсати маорифи вилоят, гуфт, ки соли ҷорӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро 31 904 нафар хатм карданд.
"Аз ин шумора, 10 808 нафар ё 33,8 % ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 2 993 нафар ба коллеҷу дигар муассисаҳои таълимии касбӣ дохил шудаанд. Тибқи квотаи президентӣ 315 нафар аз пайи идомаи таҳсил рафта, 1 117 бо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаро гирифтаанд. Инчунин 4 857 нафар дар хоҷагиҳои деҳқонии худашон ба кор машғуланд ва маълум нест, ки чӣ теъдод ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд",-илова кард Сайфулло Раҳматов.
Шумораи дохилшудагон аз ҳисоби хатмкунандагони имсолаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта 32 % боло шудааст. Аз 31 904 хатмкунандаи ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуда, 10 808 нафарро духтарон ташкил кардаанд.
Рашт: андаки духтарон таҳсил мекунанд. Чаро?
Дар ин минтақаи шарқи кишвар хонаводаҳо барои таҳсили духтарон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеаҳо эҷод мекунанд. Вазорати маориф ва илм дар мавриди то синфи 11 -ум таҳсил накардан ё аз таълим дур мондани духтарон дар ин минтақа борҳо изҳори нигаронӣ карда буд. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ теъдоди ками духтарон аз ин минтақа ба мактабҳои олии касбӣ дохил мегарданд.
Давлатмаҳмад Алиев, сардори раёсати маорифи Рашт, гуфт, ки соли ҷорӣ ҳамагӣ 438 хатмкунандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд, ки 32 нафари онҳо духтарон мебошанд.
"Дар маҷмӯъ 1 338 нафар хатм кардаанд, ки 565 нафари онҳо духтаронанд. Аксарияти хатмкунандагон ба Донишгоҳи омӯзгории Рашт дохил шуданд, 213 нафар ба коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, боқимонда аз теъдоди дохилшудагон аз рӯйи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон таҳсилро идома додаанд. Боқимонда, ба истилоҳ хонашин шудаанд",- зикр кард Давлатмаҳмад Алиев.
Бархе аз волидон дар ин минтақа бар асари анъанаҳои хурофотӣ барои духтарон таҳсил то синфи 11-ум ва дар мактабҳои таҳсилоти олии касбиро чандон зарур намедонанд. Дилафрӯз, сокини Рашт, мегӯяд, падараш аз Русия иҷоза надодааст, то ба донишгоҳ дохил шуда, орзуяш-табиб шуданро амалӣ гардонад.
"Ба зӯрӣ то синфи 11-ум таҳсил кардам, аммо падар ва бародаронам барои идомаи таҳсил ба мактаби таҳсилоти олии касбӣ маро дастгирӣ накарданд. Чӣ кор кунам, аз онҳо вобастагии иқтисодӣ дорам ва ҳар чӣ гӯянд, итоат мекунам",- мегӯяд ҳамсуҳбати ҷавони мо.
Фирӯза Хоҷаева - номзади илмҳои педагогӣ ва устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мегӯяд, "ислом ва мазҳаби ҳанафӣ омӯхтани илмро барои занон дар баробари мардон фарз медонад". Банда дар Рашт таваллуд шуда ва дар ин муҳит ба воя расидаам. Занони мо дар банди хурофот мондаанд ва мустақиман аз ислом андак огоҳӣ доранд. Қолабҳои шахшудаи хурофотиро ба "суннат" табдил додаанд ва шикастани онҳо барои ҷавонон, бахусус духтарони деҳот кори сода нест".
Камрангии нақши модарон дар таҳсили фарзандон
Амина Табарова, ходими фарҳангӣ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, ки ҷавонон барои соҳибкасб шудан чандон талош намекунанд. Ҳоло танҳо фаъолиятҳои тиҷоратиро муҳим медонанд.
"Нисбат ба панҷ сол пеш, худшиносии ҷавонон боло рафта ва онҳо талош мекунанд, ки ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шаванд. Мо дар ҷавонӣ барои расидан ба орзуямон талош мекардем, хуб омодагӣ медидем ва дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳам дарс ҷиддӣ буд. Ҳарчанд ки дар хонавода ба касби интихобкардаам, ҳунарпешаи театр шудан модарам розӣ набуд, аммо тавре савод омӯхта, ҳунарпеша гардидам, ки баъдан ҳама ифтихор мекарданд. Ҷавонон ҳам бояд аз овони наврасӣ дар ин ҷода талош карданро омӯзанд.
Тавре ки дар боло ишора кардем, дар фарогирии хатмкунандагон ба таҳсил баъди зинаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ вилояти Суғд дар ҷойи аввал ва Хатлон дар ҷойи дувум меистанд. Аз рӯйи ин оморҳо, аксарият писарон баъди хатми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии касбиву коллеҷҳо мераванд.
Мутаассифона, оид ба ин масъала ва сарнавишти хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ пайдо карда натавонистем. Зеро намояндаи раёсати идораи маорифи вилоят барои суҳбат бо мо ҳозир нашуд.
Хулоса, набояд баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сарнавишти ҷавонон бетарафӣ зоҳир кард. Ҷавонон ояндаи миллат буда, симои ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва дар рушди кишвар нақши муҳим доранд. Ҷавонони таҳсилкардаву таълимдида аз содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ худро канор гирифта дар шебу фарози зиндагӣ тобовар мешаванд. Иллати дасткӯтоҳии аксарияти ҷавонон дар ҳаёт аз таълим ва омӯзиши касб дур мондани онҳост.
Ҳ. САНГОВА,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.13 №: 161 Мутолиа карданд: 5819