logo

илм

Курронзамин дар куҷо буд?

Куррону Мунҷон ду ноҳияи кӯҳистонии калоне буданд, воқеъ дар ҷануби Бадахшон, ки баъдтар ба воситаи ҷангу зӯроварӣ ба кишвари Бадахшон ҳамроҳ карда шуданд. Дар адабиёти хаттӣ бори аввал бо номҳои Куррону Мунҷон мо дар сафарномаи роҳиби буддоии чинӣ Сюан Сзан вомехӯрем. Ӯ баъди зиёрати Ҳинд дар соли 644 ба Бадахшон баргашта, шаҳру навоҳии онро зиёрат кард. Ин саёҳати ӯро олимони зиёде, аз ҷумла А. М. Манделштам ва Генри Юл дар таҳқиқотҳои худ пайгирӣ намудаанд. Аввалӣ навиштааст, ки Сюан Сзан аз Симотало (Яфтал) ба сӯи шарқ ба масофаи 200 ли (як ли баробар аз 533 то 577 метр) ҳаракат намуда, ба кишвари Бодочуанна (Бадахшон) расид. Давродаври маркази он 6-7 лиро ташкил медод… Баъд аз тай намудани 200 ли ӯ то ба Инботсзян (Юмгон) ва аз онҷо - баъди тайи 300 ли ба Тсюйланна (Куррон) расид. Баъд ӯ рӯ ба сӯи шимолу шарқ оварда, баъди 500 ли ба Дамоситеди (Вахон) дар водии танги дарёи Фочу(Мастуҷ) расид" (Мандельштам. Материалы к историко-географическому обзору Памира и Припамирских областей: //Труды Т.LIII АН Тадж. ССР Института истории, археологии и этнографии/ Сталинабад, 1957.- С.111).
Якумин шуда Генри Юл Тсюйланнаро ба Куррон монанд кард ва қайд намуд, ки ин вилоят дар асри VII дорои он қадар нуфузе дар минтақа будааст, ки аз номи худ ба дарбори императори Чин сафорат фиристода буд (Генри Юль. Очерки географии и истории верховьев Аму-Дарьи//Перевод с англиского О. А. Федченко. СПб, 1873. С. 34). Ҳамин тавр, Куррон дар асри VII вилояти ободу бонуфузе будааст дар наздикиҳои шаҳри Бадахшону мавзеи Юмгон. Ҳангоми ҳуҷумҳои аъроб ба ин минтақа дар асрҳои VII-VIII Куррону Мунҷон ҳар кадом ноҳияи мустақил будаанд. Аз ин сабаб номи ҳар кадоми онҳо дар рӯйхати вилоятҳои андозсупоранда дар алоҳидагӣ омадааст. Ибни Хурдодбеҳ дар "Китобу-л-масолик вал-мамолик"-и худ чунин овардааст: "Он чӣ ки аз хироҷи Хуросон ва ноҳияҳои атрофи он ба гардани Абу-л-Аббос Абдуллоҳ ибни Тоҳир дар солҳои 211/826-27 ва 212/827-28 бор карда шуда буд, [ба ин қарор аст]: аз Рай- даҳ миллион [дирҳам]… аз шаҳру ноҳияҳои Тухористон аз Тирмиз - 47 ҳазору 100 дирҳам, аз Бинақон - 3 ҳазору 500 дирҳам, аз Куррон - 4 ҳазор дирҳам, аз Шиқиион - 40 ҳазор дирҳам, аз Вахон - 20 ҳазор дирҳам, аз Мундҷон - 2 ҳазор дирҳам, аз Ахарун - 32 ҳазор дирҳам" (Ибни Хурдодбеҳ. Ал - Масолиқ вал - мамолик. Бейрут: Дар иҳёа-т-туроса-л-арабӣ, 1988. - С. 42-43).
Аз миқдори хироҷи месупоридагии шаҳру ноҳияҳои дар боло овардашуда баръало намудор аст, ки ҳам дар Куррон ва ҳам дар Мунҷон аҳолӣ кам будааст - Куррон ҳамагӣ 4 ҳазор дирҳам ва Мунҷон - 2 ҳазор дирҳам, дар ҳоле, ки Шуғнон - 40 ҳазор ва Вахон - 20 ҳазор дирҳам андоз месупоридаанд.
Дар мавриди муайян кардани мавзеи ҷойгиршавии худи шаҳри Бадахшон дар асрҳои IX-X ҳамаи олимону сайёҳон дар чунин ақидаанд, ки он шаҳр дар наздикиҳои шаҳраки Баҳораки Афғонистони кунунӣ, дар ғарби рӯди Кӯкча, дар он водие, ки ҳамаи шохобҳои рӯди Кӯкча бо ҳам мепайванданд ва он мавзеъ ҳоло "Дашти Буҳорак" ё "Дашти Фарох" ном дорад, воқеъ будааст (Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Душанбе: "Дониш", 2006. - С. 178-180).
Бадахшон, ки Куррону Мунҷон ба он ҳамроҳ карда шуда буданд, дар асри XVII ба давлати калоне дар Афғонистони кунунӣ табдил ёфта буд. Чунончи, ба навиштаи муаллифони "Таърихи Бадахшон" Мири Бадахшон Ёрибекхон пеш аз вафоташ ба 8 нафар писарони худ сарзамини Бадахшонро ин тавр тақсим карда дода будааст: 1. -Ҷурм, 2. - Садда ва Пасокӯҳ, 3 - 4 - Зардев, Саргулом, Шева, 5 - Кишм, Фархор, Варсаҷ, Танги Дарун, 6 - Арғунчхоҳ, 7- Куррону Мунҷон, 8- Боғи Ҷурм (Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. Муаллифони пешгуфтор, баргардони матн, қисме аз тавзеҳот, мураттибони феҳристҳои номҳои хос ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ Ғолиб Ғоибов ва Маҳмудҷон Холов. Душанбе: "Дониш", 2007. - С. 28. Номҳои писарони Ёрибекхон дар матни "Таърихи Бадахшон". В. 7 оварда шудаанд).
Дар асри XIX Куррону Мунҷон мустақил шуда, дар ҳайати Бадахшон қарор надоштанд (Ҳамон ҷо. - С. 30). Аммо баъдтар пас аз ишғоли Бадахшон аз ҷониби қувваҳои ҳукуматии Афғонистон вилояти Бадахшон дар ҳайати Афғонистон ташкил карда шуд, ки мавзеъҳои зиёди Бадахшон аз он берун монданд. Куррону Мунҷон бошад, ба ҳайати вилояти Бадахшони навташкил шомил буданд (Ҳамон ҷо. - С. 32).
Муаллифони "Таърихи Бадахшон" дар хусуси мавзеи  ҷойгиршавии Куррону Мунҷон ва вазъи сиёсию иҷтимоии онҳо дар замони ҳукмронии мир Баҳодуршоҳ чунин менависанд: "Куррону Мунҷонро, ки аз тавобеоти Сари Оби ҳазорачии Юмгон аст, тохту тороҷ намуда, ҳамаро фурӯхтанд ва бар хазина биафзуд" (Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. В. 67 б. Аз ин хабар маълум мешавад, ки мардумони Куррону Мунҷон доимо мавриди қатлу ғорат қарор дошта будаанд.
Акнун ба хотири пурагии таҳқиқот маълумотҳоро дар бораи Куррону Мунҷон аз тавзеҳоти устодон А.Н. Болдырев ва С. Е.Григорьев ба матни "Таърихи Бадахшон" меорем.
"Куррон - ноҳияи кӯҳистониест дар водии дарёи Куррон ва шохобҳои он. Дарёи Куррон яке аз сарчашмаҳои дарёи Кӯкча мебошад. Аҳолии онро асосан тоҷикони суннимазҳаб ташкил дода, дар сарҳади Мунҷон ду деҳаи тоҷикони шиамазҳаб низ мавҷуд буданд. Дар охири асри XIX дар Куррон 7 деҳа мавҷуд буд, ки аҳолии онҳо на зиёда аз 1 ҳазор нафарро ташкил медод. Онҳо асосан ба зироаткорӣ, чорводорӣ ва косибӣ машғул буданд. Аз водии Куррон пайроҳаҳое мегузаранд, ки онро ба водии Панҷшер мепайванданд.
Мунҷон - ноҳияест дар ҷануби Бадахшон (дар ҳамсоягии Куррон -Ғ. Ғ.) Он дар водии дарёи Мунҷон - яке аз шохобҳои шарқии дарёи Кӯкча ҷойгир шудааст. Дар Мунҷон 14 деҳа мавҷуд буда, калонтарини онҳо Шорон (Шаҳрон) ба ҳисоб мерафт, ки он 80 хоҷагӣ дошт.  Аҳолии он, яъне мунҷониҳо пайрави мазҳаби исмоилия буда, бо забони мунҷонӣ ҳарф мезаданд ва шуғли асосияшон зироаткорию чорводорӣ буд. Дар водии Мунҷон ағбаҳое ҳастанд, ки онро бо вилоятҳои Нуристон (Кофиристон) ва Панҷшер мепайванданд." (Ҳамон ҷо. С. 179).
Ба сабаби он ки аҳолии ду деҳаи Куррон ва тамоми аҳолии Мунҷон мазҳаби исмоилия доштанд, ин ду ноҳия то ҳамроҳ карда шудан ба ҳайати давлати Афғонистон, чи аз ҷониби ӯзбекҳо ва чи аз тарафи Бадахшон мавриди қатлу ғорат қарор мегирифтанд. Географи дигари асри Х араб Ибни Ҳавқал дар "Сурату-л-арз"-и худ Вахон ва Курронро "дору-л-куфр", яъне аҳолии ин ду ноҳияро кофир эълон намудааст (Ибни Ҳавқал. Сурату-л-арз. Бейрут: Дар мактабату-л-ҳаёт 1998.- С. 374).
Ҳамаи маълумотҳои дар боло овардашуда бе чуну чаро ба он далолат мекунанд, ки Куррон ноҳияи кӯҳистоние будааст воқеъ дар ҷануби вилояти Бадахшони Афғонистони кунунӣ. Ин ноҳия дар ҳавзаи дарёи  Куррон-шохоби дарёи Кӯкча ҷой дошт ва дорад. Куррон дар ҳамсоягии ноҳияи Мунҷон қарор дорад ва сарчашмаҳо низ аксар вақт онҳоро паси ҳам ёд мекунанд. Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки Куррон дар ҷануби вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ гардида, он ба шаҳри дар Дарвоз ёфтгардида, ки он баръакс дар шимоли Бадахшони Афғонистони кунунӣ воқеъ гаштааст, ягон муносибате надорад. Пас табиист суоле пайдо мешавад он шаҳре,  ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо намуданд, кадом шаҳр аст?
Ҳанӯз А. М. Манделштам маълумоти сарчашмаҳои мавҷударо оиди макони ҷойгиршавии шаҳр ва вилояти таърихии Кумед омӯхта ба хулосае омада буд, ки он дар минтақаи байни Хутталону Шуғнон дар ҳудудҳои Қаротегину Дарвозу Ванҷ воқеъ гашта буд (Мандельштам А.М. Материалы к историко…- С. 109).
Роҳиби буддоии чинӣ Сюан Сзан дар нимаи дуюми асри VII дар бораи Кумед (Сзюймито) чунин навишта буд, ки Кэдоло (Хутталон) дар шарқи вилояти Хоша (Вахш) воқеъ гашта, масоҳати он ба сӯи шарқ то Тсунлин (Кӯҳҳои ниёздор) ва Тсзюймито идома ёфтааст Тсзюймито дар миёнаи Тсунлин воқеъ гаштааст. Дар ҷанубу ғарб бошад, сарҳади он то дарёи Фочу, дар ҷануб то вилояти Шитсини (Шуғнон) мерасад (Ҳамон асар. - С. 102).
Дар "Таншу" бошад, дар хусуси Гуйми (Кумед) асри VIII чунин омадааст: "Вилояти Гуйми дар кӯҳҳо ҷой дошта, дар шимолу шарқи Тухоло (Тухоро, Тахористон) воқеъ гашта, дар ҷануб то "Дарёи сиёҳ" мерасад. Подшоҳи он аз қабилаи туркии се - янто мебошад. Подшоҳи [он] Налоян (Нарайяна) аз подшоҳи "даши"-ҳо (арабҳо), ки ба гардани ӯ супоридани хироҷро бор карда буд, бисёр шикоят мекард. Писари Осмон (лақаби императорҳои Хитой) ӯро бо насиҳатҳои маслиҳатомез ором сохт" (Бичурин Н. Я. Собрание сведений о народах обитавших в Средней Азии в древние времена М.;- Л.,1950, т.III - с.354). 
Аз ин ду пора матни дар боло оварда шуда аниқ маълум мегардад, ки вилояти Кумед ва шаҳри марказии он дар кӯҳистон воқеъ гашта, дар ҷануб ин вилоят бо Шуғнон, дар ғарб бо Хутталон ҳамсарҳад будааст. Ба андешаи мо харобаҳои шаҳри дар Дарвоз ёфт шуда, ки 32 га-ро ташкил медиҳанд, шаҳри марказии Кумед мебошанд, на шаҳри Куррон. Кумед дар асрҳои VI-VIII вилояти нисбатан тараққикарда буд, то дараҷае, ки тибқи маълумоти солномаи чинии Таншу шоҳони Кумед чанд маротиба ба дарбори императорҳои Хитой аз пеши худ сафорат фиристода будаанд. Чунончи, дар сафорати соли 642 фиристодашуда гуфта мешавад, ки подшоҳи Кумед турк аст аз қабилаи сеянто. Сафорати дуюм аз номи подшоҳ Налоян дар соли 719 фиристода шуда буд. Сафорати сеюм, ки дар байни солҳои 742-745 анҷом пазируфт, аз номи подшоҳи Кумед Исилан Сигин фиристода шуда буд. Сипас, А. М. Манделштам менависад, ки номи Исилан Сигин, бешубҳа, туркӣ аст. Ба ақидаи мо - Исилан ин Арслон (Шер) ном, аммо "сигин" - дараҷаи ҳарбии туркӣ мебошад. Дар хусуси Налоян, ба ақидаи хитойшиноси машҳур Э. Шаванн ин ном дар асл Нараяна мебошад, ки он калимаи туркӣ нест. Аз рӯи ақидаи А. М. Манделштам ба хулосае омадан мумкин аст, ки туркҳо дар асри VIII Кумедро истилоъ кардаанд (Мандельштам А. М. Материалы и историко… С.135).
Ба сабаби дурӣ аз марказҳои водиҳо Кумед дар сарчашмаҳои хаттӣ камтар ёд гардидааст. Чунинчи ал-Яъқубӣ як маротиба аз Кумед дар шакли "Кумод" ёд мекунад: "Дар ҷониби чапи шахси ба сӯи шарқ раванда шаҳрҳои зерин мавҷуданд, шаҳрест, ки онро Мунк гӯянд ва он ҳаддест бо кишвари туркҳо то мавзее, ки онро Рошт, Кумод ва Помир гӯянд" (Ал-Яъқубӣ Аҳмад ибн Аби Яъқуб. Китобу-л-булдон. Бейрут: Дар иҳёи-т-туроса-л-арабӣ, 1988. - С.57). Чи тавре мебинем, ал-Яқубӣ Кумедро дар байни Помиру Рошт, яъне дар Дарвоз ҷой медиҳад, ки ин дар ҳақиқат ҳамин тавр мебошад.
Аз миёни ҷуғрофиёни араб Ибни Руста низ аз Кумед дар шакли "ал-Кумиз" ёд намудааст: "Ба Ҷайҳун дарёҳои зиёде мерезанд. Аз ҷумлаи онҳо дарёи азимест бо номи Вахшоб, ки аз қисми болои кишвари туркҳои харлухӣ пеш меояд, дар кишвари Фомир меравад, сипас ба кишвари Рошт меравад. Пас аз он дар кишвари ал-Кумиз меравад. Сипас он аз байни ду кӯҳ дар сарҳади байни Вошҷирд ва рустоқе аз замини Хуттал - Тамлиёт мегузарад. Ва дар ин мавзеъ пуле аст маъруф ба-Қантарату-л-ҳиҷора" (Пули сангин), ки ба воситаи он аз Вошҷирд ба Хуттал убур мекунанд" (Ибни Руста Аҳмад ибни Умар. Китоба-л-аълоқа-н-нафиса. Бейрут: Дар иҳёи - т - туроса-л-арабӣ, бидуни таърихи табъ. - С. 91).
Ҳамин тавр, таҳқиқотҳо ва сарчашмаҳо бешубҳа ба он далолат мекунанд, ки шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо кардаанд, на Карон, балки шаҳри Кумед ва маркази вилояти таърихии Кумед мебошад.

Ғолиб ҒОИБОВ,
муаррих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.13    №: 161    Мутолиа карданд: 6239
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед