президент
Таъйиноти кадрӣ
13 декабр, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъйин гардид.
Ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъйин карда шуд.
Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин карда шуд. Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз таъйин гардид.
Маҳмадсаид Пиров муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимӣ муовини вазири молия, Искандар Раҷабов муовини вазири корҳои дохилӣ ва Ҷӯрахон Зоиров сардори академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шуданд. Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шуданд.
Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъйиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.13 №: 163 Мутолиа карданд: 25326