муҳоҷират
"Нелегал 2013" ба анҷом расид
Амалиёти фаврӣ-профилактии "Нелегал 2013", ки дар вилояти Хатлон дар ду марҳала гузаронда шуд, анҷом ёфт.
Амалиёт бо ташаббуси раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳои вилоятӣ амалӣ гашт. Зимни он 277 хонаи истиқоматӣ, ки дар онҳо 360 нафар шаҳрванди хориҷӣ зиндагӣ мекард, мавриди санҷиш қарор гирифт. Ҳамчунин 36 иншооте, ки 461 нафар шаҳрванди хориҷиро бо кор таъмин кардаанд, мавриди тафтиш қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи ин тадбир нисбат ба 6 нафар шаҳрванди хориҷӣ (як афғону 5 чиноӣ) барои риоя накардани қоидаҳои будубош бо моддаи 499, қисми 1, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шуда, ба суд ирсол гашт. 8 нафар шаҳрванди Покистон бо айби ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ 8 ҳазору 760 сомонӣ ҷарима пардохтанд.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.13 №: 194 Мутолиа карданд: 26407