logo

энергетика

Лоиҳаи ҳамкории "Помир Энерҷӣ"

Натиҷаи таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ доир ба амалисозии барномаҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид панҷ лоиҳа беҳтарин ва самарабахш ҳисоб ёфт.
Дар радифи лоиҳаҳои муваффақи ҷаҳонӣ номбар шудани лоиҳаи хусусии энергетикии Помир боиси ифтихор аст. Доир ба таҷрибаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ Абдулло Амонбеков, менеҷер оид ба робита бо ҷомеаи ширкати "Помир Энерҷӣ", чунин ибрози назар намуд:
Дар даврони Шӯравӣ қисми зиёди қувваи барқи вилоят тавассути дастгоҳҳои дизелӣ истеҳсол шуда, аз набудани сарчашмаи боэътимоди барқистеҳсолкунӣ таъминоти муштариён дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Инро ба назар гирифта, солҳои 90-уми асри гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ кӯшиши худро барои беҳбуд бахшидани вазъи соҳаи энергетика равона намуданд ва дар соли 2002 нахустин лоиҳаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таҳия гардид. Мувофиқи он байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Помир Энерҷӣ" Аҳдномаи имтиёз ба муҳлати 25 сол бо маблағгузории аввалия 25,8 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
Сарчашмаи маблағгузории аввала аз 45 фоизи арзишҳои хусусӣ ва 55 фоизи маблағҳои заёмии аз тарафи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Ассотсиатсияи байналхалқии рушд пешниҳодшуда иборат буд.
Дар чаҳорчӯби Аҳдномаи имтиёз  Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ истеҳсол, интиқол ва тақсимоти қувваи барқро тавассути ширкати махсуси хусусӣ бар дӯш гирифт, воситаҳои асосӣ чун моликияти давлат боқӣ монданд. Мушкилот дар аввал хеле зиёд буданд. Дар шароити иқлими сарди кӯҳистон шабакаҳои зарароварро батамом дигаргун кардан лозим буд. Хушбахтона, ширкат тавонист бо ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва дастгирии Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Бонки ҷаҳонӣ ва Агентии Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) нақшаро бо сифати баланд ба анҷом расонад. Ин нахустин қадами устуворе буд дар роҳи таъмин намудани пешрафти соҳаи энергетика дар Кӯҳистони Бадахшон. Дар солҳои минбаъда ба шарофати ташкили хуби кор дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои худӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои зиёди таъмиру бунёдкорӣ анҷом ёфтанд.
Яке аз бахшҳои муҳими лоиҳа таҳия ва пешниҳоди механизми муассири ҳифзи иҷтимоӣ буд, ки ба шарофати он хизматрасонӣ ба аҳолии камбизоат  аз рӯи тарифҳои паст ба роҳ монда шуд. Дар ҳалли ин масъала Ҳукумати Швейтсария бо пешниҳод намудани маблағи грантӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА барои муқаррар кардани ёрии пулӣ саҳми арзанда гузошт.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат тайи солҳои мавҷудияташ тавонист як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳимро оид ба хизматрасонӣ ба аҳолии вилоят, аз ҷумла ҷалб намудани сармояи хориҷӣ барои амалӣ намудани барномаҳои насбсозии ҳисобкунакҳои электронӣ ва идома додани расонидани ёрии пулӣ барои оилаҳои ниёзманд, таъмиру навсозии шабакаҳои барқӣ, ба таври мусбат ҳал намояд.
Умуман, "Помир Энерҷӣ" ҳамчун намунаи нодири ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ муваффақ шуд, ки дар амал бартарияти чунин усули ҳамкории судмандро собит созад ва онро барои ҷорӣ намудан дар дигар самтҳои истеҳсолоти кишвар тавсия диҳад. Ҳамкории судманди давлат ва бахши хусусиро дар мисоли "Помир Энерҷӣ" метавон дар ҳавопаймоӣ, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, маориф, хизмати коммуналӣ, марказҳои гармидиҳӣ муваффақона истифода бурд.
Дастовардҳои "Помир Энерҷӣ"-ро дар бахши ҷалби сармояи хориҷӣ барои беҳбудии минбаъдаи сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар байни ширкату корхонаҳои кишвар муҳим ва беназир арзёбӣ намудан мумкин аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки то кунун ба воситаҳои асосии давлатии ба "Помир Энерҷӣ" бо Аҳдномаи имтиёз додашуда аллакай қариб 42 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, ширкат ният дорад дар давоми солҳои 2013-2027 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба ин мақсад боз 15 миллион доллари ИМА равона намояд.
"Помир Энерҷӣ" дар шароити душвори иқтисодию молиявӣ тавонист самарабахшии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар амал исбот намояд ва худ чун як намунаи нодири чунин ҳамкории судманд дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Алҳол зарурати ба шабакаи барқи марказӣ пайвастани хати интиқоли барқи ноҳияҳои вилоят ба миён омадааст. Соли равон дар ҳудуди вилоят нахустин маротиба дар масофаи 14 км хати нави интиқоли барқи баландшиддати 110 кВт дар самти Ишкошим ва Шуғнон сохта шуд ва барои беҳтар намудани таъминоти муштариён бо қувваи барқ сохтмони чунин хатҳои баландшиддати барқиро дар самти ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва инчунин Мурғоб идома додан зарур аст.                                                                              

Раҳмони ГУЛЗОР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.13    №: 164    Мутолиа карданд: 5742
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед